Паси дар мардуми зиёде ҷамъ омада, ҳама навбат мепоиданд, то аз муоинаи Ҳабибахон Охунова гузаранд. Ҳатто тифлакон низ буданд, ки ғаш кардаву гиря доштанд. Ҳангоми ворид шудан ба ҳуҷраи кориаш фикрам тамоман тағйир хӯрд. Бо табассуми малеҳу мафтунаш истиқболам гирифт. Ҳуҷраи кориаш хеле бо завқ оро ёфта буд. Назди тирезааш гулкорӣ шудаву ҳама ҷо покизаву ороста метофт. Ба машом накҳати махсусе мерасид, ки бӯйи баҳорро медод. Эҳсос кардам, ки ӯ зани тозаву озода ва меҳрубону мушфиқ аст. Ӯ зиндагиномаи хешро қисса кард. Аз оилаи бофарҳанг, аз модари олуфтаву пероста ва ҳалиму ранҷкашидааш, аз бародарону хоҳарони бо илму маърифат ва фарзандони номвару наберагони дӯстрӯяш.
Реҳлати падар
Ҳабибахон Охунова 7-уми феврали соли 1961 дар шаҳри Ваҳдат дар хонаводаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ӯ ҳанӯз шаш моҳ дошт, ки падараш тарки дунё кард. Акнун ҳамаи мушкилиҳо бар дӯши модар бор шуд. Агарчи модар худ таҳсилдида набуд, вале бо вуҷуди сахтии рӯзгор шаш фарзандро тарбия дода калон намуд. Ба ҳама мушкилоти рӯзгор таҳаммул менамуд, то фарзандонро соҳибилму соҳибтахассус намояд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Аз миёни фарзандон се нафар касби табибиро пазируфт, ки якеаш Ҳабибахон мебошад.
Баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шомил шуда, онро соли 1985 бо ихтисоси табиби атфол хатм кард. Ба шаҳри Ваҳдат рафта, дар маркази тиббии зодгоҳаш курси ординатураро гузашт. Пас аз хатми курси ординатура ба коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ҳамчун омӯзгор-табиб пазируфта шуд. Соли 1986 қисмат Ҳабибахонро бо Раҳматҷон Муҳсинов ба ҳам овард. Онҳо бо розигии волидайн оила сохтанд. Раҳматҷон, ки худ ҷавони бо фарҳангу хушодоб буд, ҳам дар оила ва ҳам дар кори давлат ба Ҳабибахон ёрии хешро дареғ намедошт ва барои расидан ба мақсадҳояш мусоидат менамуд.
- Азбаски табиби оилавӣ будам, баъзан дар нисфи шаб таъҷилан ба хонаи бемор рафтан пеш меомад. Дар ин ҳолатҳо шавҳарам бо мошинашон маро ба хонаи бемор мебурданд ва то муоинаи бемор интизор меистоданд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Онҳо бо ҳамдигар панҷ фарзандро бузург кардаву ба воя расондаанд. Фарзанди нахустин Озодабону Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намуда, ҳамчун дандонпизишк дар маркази стомотологии №4 шаҳри Душанбе фаъолият менамояд. Нигора факултаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва Шаҳзода факултаи дизайнерии Донишгоҳи технологиро хатм кардаанд. Феълан онҳо ба тарбияи фарзанд машғуланд. Акмалҷон бошад, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносовро бо ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ хатм карда, дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия дар шуъбаи магистратура тамдиди таҳсил дорад. Дар баробари ин, дар шуъбаи матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият мебарад. Фарзанди хурдӣ Отабек дар курси 3-юми факултаи стомотологии Донишгоҳи тиббии шаҳри Краснодар машғули таҳсил аст.
«Духтур Охунова»
Ҳабибахон Охунова барои такмил додани пешааш соли 1999 роҳ ҷониби Душанберо гирифт ва дар маркази саломатии №1 шаҳри Душанбе аввал ҳамчун табиби оилавӣ, баъдан минтақавӣ корро шурӯъ намуд. Кӯшишу заҳматҳо ва кори Ҳабибахонро дида, роҳбари марказ баъд аз чор сол ӯро мудири шуъбаи 8-уми оилавӣ таъйин мекунад. Аз соли 2011 инҷониб ба ҳайси муовини директор оид ба хизматрасонӣ ба модару кӯдак таъйин шуда, дар ин мақом ифои вазифа менамояд. «Духтур Охунова лозим», «духтур Охунова куҷо бошанд?», «назди духтур Охунова омадам»… Ӯро ҳамаи корафтодагон бо чунин ном нидо мекунанд.
- Аз даврони мактабхонӣ мехостам табиби атфол бошам ва имрӯз Худоро шукр мегӯям, ки ба орзуям расидам. Бо кӯдакон суҳбат кардан як маҳорати махсусро металабад. Агар гӯям, ҳанӯз дар батни модар будани тифлон онҳоро калон мекунем, хато намешавад. Зеро модарони ҳомиларо ҳар сари чанд вақт аз муоина мегузаронем ва дар кадом ҳолат қарор доштани тифлро мушоҳида менамоям. Баъзе модарон мегӯянд, ки чун кӯдаки навзодро назди Шумо меорем, ӯ гӯш ба суҳбати Шумо аз гиря мемонад. Воқеан, навзодон низ ҳарф зада метавонанд, танҳо забонашонро фаҳмидан лозим. Ман хушнудам аз он ки дар фаҳмидани забони тифлон балад ҳастам,- мегӯяд Ҳабибахон Охунова.
Ҳабибахон Охунова дар кори хеш масъулиятшинос буда, аз мушкилӣ ҳарос надорад. Зеро ӯ дар ҳаёт сахтиҳои зиёдеро озмудааст. Бо меҳнати ҳалоли худ ба сар бурдааст. Замони донишҷӯӣ дар баробари таҳсил дар донишгоҳ ҳамчунин боғдорӣ мекарду рӯзҳои истироҳатӣ дар саҳро ба ғундоштани «тиллои сафед» машғул мешуд. Имрӯзҳо низ ба саранҷоми тамоми корҳои хонаводагӣ дасташ мерасад. Ин бонуи кордону хушрафтору хушгуфтор соҳиби ҳафт набера буда, аз пешаи пазируфтааш ифтихор дорад. Ба табибони ҷавон бештар кор кардан ва аз машварати устодон баҳра бардоштанро тавсия медиҳад.
Шаҳдрезаи Раҳмон