Бале, дар сурати пинҳон доштани нишонаҳои беморӣ ва роҳ додан ба усулҳои худтабобаткунӣ дар шароити хона, ки аксаран дар ин ҳолат ҳатто ба ҳалокат расидани бемор аз эҳтимол дур буда наметавонад, боиси сироятёбии хонавода ва атрофиёни бо шахси бемор дар тамосбуда шуданаш мумкин аст. Ба хотири наҷоти аҳли хонадон ва атрофиён аз ин беморӣ мебоист бо пайдо шудани нишонаҳои аввали беморӣ, яъне ҳарорати баланди бадан, арақкунии шабона, лоғарӣ, гум шудани иштиҳо ва хориҷ кардани балғам ҳангоми сулфаи бомудовамат дар яке аз нафарони аъзои оила ҳатман ба пизишк муроҷиат кунанд.
- Оё гирифторшавии ҳар нафар ба бемории сил эҳтимолият дорад?
- Инсон бо роҳи нафаскашӣ ва қатравӣ аз бемории сил сироят меёбад. Ҳар нафари гирифтори маризи сил, ки давраи аввали беморӣ, яъне ҳафтаҳои нахустини касалиро мегузаронад, метавонад атрофиёнашро сироят намояд. Чаро ки дар ин давраҳо бемор тариқи сулфа ва балғам (агар бемор аз респиратор истифода накунад, имкони сироят ёфтани атрофиёнаш зиёдтар аст) хориҷкунандаи микобактерияи Кох мебошад. Аз ин хотир, гирифторшавии ҳар нафари бо ин намуди беморӣ дар алоқабуда эҳтимолият дорад.
- Аксаран нишонаҳои бемориҳои роҳҳои нафас ба аломатҳои хоси маризи сил монанд мебошад, хусусан дар кӯдакон бештар ин ҳолат эҳсос мешавад. Яъне, ҳарорати баланди бадан, сулфа, бемадорӣ… чӣ гуна метавон ин нишонаҳоро зуд дар кӯдакон мушаххас кард?
- Дар калонсолон бо ташхиси флюорографӣ бемории сил ошкор мегардад ва дар хурдсолон бошад, бо роҳи гузаронидани ташхиси туберкулинӣ (проба Манту) зоҳир мегардад. Баъдан, муроҷиат ба духтури оилавӣ бо падид омадани аломатҳои беморӣ, ба мисоли арақкунӣ, ҳангоми сулфа хориҷ кардани хуну балғам ва ғайра. Воқеан, аксаран кӯдакон зуд-зуд ба бемориҳои роҳҳои нафас гирифтор мешаванд ва волидон дар ҳолати вазнин ба духтур муроҷиат мекунанд ё аломатҳои бемории силро табиб саривақт дар кӯдак мушаххас намекунад. Бештари кӯдакон гирифтори сили аввалиндараҷа мешаванд ва аслан тибқи омор 50 фисадашон гирифтори сили узвҳои ғайришушӣ мегарданд. Сили лимфағадудҳо сирояткунанда ё ба истилоҳ гузаранда нест, чунки онҳо хориҷкунандаи микобактерияҳо намебошанд. Онҳо ба атрофиён зараровар ҳам нестанд. Бояд гуфт, ки гирифторони сили устухон, сили лимфағадудҳои дохили қафаси сина, ғадудҳои канорӣ, сили шакли милиарӣ бо нишонаҳои хоси сили шуш, ки байни аҳолӣ маъмул аст, бештари вақт дучор намешавад. Аз ин хотир, табибони оилавӣ ба кӯдаки бемор мебоист аҳамияти хоса диҳад. Таърихи эпидемиологии беморро хуб омӯзад ва манбаи сироятёбии кӯдакро ҳар чӣ тезтар ошкор намояд, яъне бо беморони сил алоқамандӣ доштан ё надоштани кӯдакро муайян созад.
- Гузаронидани ташхиси туберкулинӣ (проба Манту) муҳим аст?
- Гузаронидани ташхиси туберкулинӣ аслан барои муайян кардани сироят аз бемории сил истифода мешавад. Агар қутри аксуламали ҷавобӣ 5мл зиёд бошад, эҳтимолияти беморӣ дар организм вуҷуд дорад. Тибқи нишондод бояд ҳамаи кӯдакон соле як маротиба аз ташхиси туберкулинӣ гузаронда шаванд. Барои нафароне, ки оилаашон бо гирифторони бемории сил дар тамос мебошанд, ҳар шаш моҳ чунин ташхис гузаронда мешавад. Ҳамчунин, ҳар волидон метавонад, ки бо хоҳиши худ фарзандонашонро аз ташхиси туберкулинӣ гузаронад. Мутаассифона, айни ҳол дар ҷумҳурии мо имкони ройгони аз ташхиси туберкулинӣ гузаронидани ҳамаи кӯдакон фароҳам нест. Зеро лоиҳаҳое, ки барои амалисозии барномаи ҳимояи аҳолӣ аз сил пешниҳод шудаанд, танҳо барои табобати беморони сил масраф мешаванд. Албатта, маблағи муайяне барои гузаронидани ташхиси туберкулинӣ ҳаст, вале он ҳам бошад, фақат барои оилаҳои гирифторони бемории сил масраф мешавад.
- Буданд ҳолатҳое, ки бемории сили ғайришушӣ сабаби фавти тифле шуда бошад?
- Бале, соли гузашта се ҳолати фавти кӯдакон аз бемории сили ғайришушӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин ду нафар гирифтори бемории сили пардаи майнаи сар буданд. Дар кӯдаки сеюмӣ эҳтимоли бемории сил доштан вуҷуд дошт, зеро ҳанӯз то муайян шудани натиҷаи ташхис ӯ фавтид. Аслан пизишкон дар кӯдак нуқсони модарзодии Дауна ва бемории дилро маълум карда буданд.
- Ба ҳайси мутахассиси силшиноси кӯдакон чӣ тавсия ба волидон медиҳед?
- Дар таҷрибаи корӣ бо волидоне вохӯрдам, ки бо шунидани натиҷаи ташхиси кӯдак аз тамғагузории ҳаққу ҳамсоя ва хешовандонашон табобати фарзандашонро ба таъхир гузоштанд. Аммо бо роҳи фаҳмондадиҳӣ аз оқибати беморӣ ва бовар кунондан аз куллан шифо ёфтани кӯдакашон онҳоро ба табобат ҷалб кардем ва ба дарди фарзандашон даво ёфт. Ҳамдигарфаҳмӣ миёни пизишку соҳибони бемор имкони ҳарчӣ тезтар шифо ёфтани маризро фароҳам меорад.
- Аз рӯи маълумотҳо норасоии силшиносони касбӣ имрӯз эҳсосшаванда аст, ин ҳолат барои саривақт ба табобат фаро гирифтан ё пешгирии ин маризӣ миёни аҳолӣ монеъ эҷод намекунад?
- Воқеан бояд иқрор шуд, ки вуҷуд доштани тамғагузорӣ миёни мардум яке аз сабабҳои норасоии мутахассисони силшинос дар тиби имрӯза гаштааст. Яъне, тарсидан аз сироятёбӣ аз бемории сил мебошад. Аксари силшиносон ба синни нафақа расидаанд ва мебоист аз донишу малака ва таҷрибаи корашон ба хотири беҳдошти солимии аҳолӣ истифода намуд. Вобаста ба ин гуфтаҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, то мутахассисони силшиносро дар ин ҷода омода намояд. Ҳоло 46 нафар мутахассисони ҷавон дар ин самт фаъолиятро оғоз кардаанд. Баъдан, дар урфият мақоле ҳаст, ки «Табиби ҳар кас худаш». Барои саривақт табобат ёфтану пешгирӣ кардан аз бемории сил бояд шахси бемор аз маслиҳатҳои табибон сар напечад ва ҳамеша бо эшон дар тамос бошад.
Қутбияи Неъматулло