Тайроҳа
Тоҷиннисо Ҳайдар Давлатзода, сарпарастори КАТС –и ноҳияи Бохтар, на танҳо ба ҳайси корманди ифтихории тиб, балки чун ҳамшираи дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолу пешоҳанги бонувон дар сар то сари вилояти Хатлон муаррифӣ шудааст. Ба пиндори ӯ, ҳамшираи шафқат танҳо бо муомилаи неку ҳунари волои суханварӣ ва истеъдоди бедор сохтани эҳсоси хушбинӣ дар замири нафарони маризу мустаманд обрӯву эътибор пайдо мекунад. Вай баъди хатми мактаб ба коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа дохил шуд. Аз соли 1987 нахуст ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар беморхонаи Қарияи Болои собиқ вилояти Қӯрғонтеппа кор кард, баъди издивоҷ фаъолияти касбии худро дар шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик идома дод. Корҳои хизматии ҳамсари муҳандисаш сабаб шуданду соли 1990 пайроҳаи тақдир оилаи онҳоро дубора ба зодгоҳаш, ба ноҳияи Бохтар овард. Тоҷиннисоро дар корҷойи нахустинаш, ки маъмани орзуҳояш буд, бо хушнудӣ пазируфтанд ва ин навбат ба ҳайси ҳамшираи навбатдори шуъбаи наҷотбахшии ин беморхона ба фаъолият пардохт. Ҳамин тавр, 22 соли фаъолияти минбаъдаи ӯ дар ин муассисаи муқаддас сипарӣ гардид. Соли 2012 тавассути озмун ба вазифаи сарпарастори маркази КАТС-и ноҳияи Бохтар таъйин гардид. Дар баробари фаъолияти пурсамараш дар ину дигар вазифаҳои ҷамъиятӣ, имсол шуъбаи ғоибонаи факултаи кимиё ва биологияи ДДҚ ба номи Носири Хусравро хатм хоҳад кард.
Ҳамшира, ҳама заҳмати шифо аз они ту…
-Давоми солҳои ин вазифаро ба уҳда доштанам, ба хубӣ дарк кардам, ки кори ҳамширагӣ дар пешрафти фаъолиятҳои соҳаи тандурустӣ нақши меҳварӣ дорад. Ҳамшираи тиббиро дасти рости духтур мешуморанд, зеро 90 дарсади дастовардҳои соҳа маҳз ба фаъолияти содиқонаи онҳо рабт мегирад. Дар маркази КАТС-и ноҳия 61 табиби таҳсилоти олидор ва 341 нафар ҳамшираҳо ба сокинон хизмати тиббӣ мерасонанд,- мегӯяд ҳамшираи соҳибтаҷриба.
Маҳз саъю талоши содиқонаи ҳамшираҳои тиббӣ буд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Бохтар 90 дарсади ҳолатҳои таваллуди хонагӣ аз байн рафтааст.
Саҳми муносиби ҳамшираҳои шафқат, ки теъдодашон дар муассисаҳои тандурустии ноҳия ба 717 нафар мерасад, дар рушду пешрафтҳои ҳама самтҳои соҳа баръало мушоҳида мегардад. Фаъолзанони бохтарӣ дар радифи ҳамшираҳои соҳибному хушсалиқаи ноҳия аз Зулфия Холова ёдовар гардиданд, ки дар маркази назорати давлатӣ - санитарии ноҳия фаъолият дорад.
Дурнисо
Аз лаҳзаҳои аввали ҳузурамон дар маркази мазкур итминон пайдо намудем, ки серкорию масъулияти дӯшбори Зулфия намегузоранд, ки лаҳзае фориғ аз ташвишу тараддудҳои идорӣ бошад. Аммо ӯ орому ботамкин дар як вақт ҳуҷҷатгузории кадом барномаеро ба тартиб медароварду ҳамзамон ба зангҳои ҳамвораи телефонӣ ва муроҷиатҳои оҷилии ҳамкорону дигар корафтодагон ҷавоб медод. Ҳамкоронаш ӯро дурри ноёб меноманд, ки бесабаб набудааст. Баъди дақиқаҳои тӯлонии интизориҳои мо Зулфия корҳои идориашро як сӯ гузошта, ба суҳбат оғоз кард: «Барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои ҳаррӯзаи таҳлилгарони назорати санитарӣ, ҳашт соати корӣ басанда нест. Новобаста ба ҳаҷми барзиёди масъулиятҳо ин касб ба шуғли дӯстдоштаниам табдил ёфтааст, ки ягон лаҳза хастагию навмедиро эҳсос намекунам.
Зодмандони Зулфия Холова, ки аз табибони номдори деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар маҳсуб меёфтанд, дар тарбияву ташаккули зеҳнӣ, таълими илмҳои гуногун ва интихоби пешаи пурифтихори аҷдодии духти заковатманди хеш нақши муассир доштанд. Таҳсилоти миёнаи умумиро дар ҳавову ҳаваси хилъати сафеду орзуҳои ояндасозӣ ба итмом расонда, ҳамон сол ба коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа дохил шуд.
-То кунун ба ҳамон эҳсосоти наҷибе кору зиндагӣ дорам, ки бори нахусти пӯшидани либоси духтурӣ қалбу вуҷуди маро фаро гирифта буд, - ҳароратангез иброз дошт Зулфия.
Соли 1993 даргоҳи мазкурро ба итмом расонда, фаъолияти хешро ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар шуъбаи таваллуди беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Заргар оғоз намуд. Баъдан аз соли 2001 то 2005 дар шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи марказии ноҳия масруфи хидмат буд. Аз он пас дар маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии ноҳия фаъолият дорад.
-Гарчанде дар соли ҷорӣ вазъи бемориҳои гузаранда муътадил арзёбӣ мегардад, хавфи сироятёбии сокинон аз оби ошомиданӣ аз байн нарафтааст. Зеро, то кунун қишри аъзами ҷомеа дар мавриди риояи қоидаҳои санитарию экологӣ донишу маълумоти кофӣ надоранд. Агар дар солҳои рафта афзоиши баъзе бемориҳо ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ рабт дода мешуд, ҳамакнун сабаби хуруҷи бемориҳо дар минтақа риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ аз ҷониби аҳолӣ арзёбӣ мегардад,- мегӯяд ӯ дар такя ба таҷрибаи касбиаш.
Бояду шояд
Ба андешаи Зулфия Холова барои пешгирӣ аз хатарҳои хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар мадди аввал чорабиниҳои воқифгардониро миёни сокинон тақвият бояд бахшид. Бахши санитарӣ – эпидемиологии минтақа, ба хусус, ноҳияи Бохтар, ки нуфуси аҳолиаш аз 227 ҳазору 600 нафар гузаштааст, ба теъдоди бештари кадрҳои ихтисосманди ташхисгар, беҳдоштии санитарӣ эҳтиёҷ дорад. Гарчанде идораву ташхисгоҳҳои муассисаҳои мазкур бо дастгоҳҳои муосир таъмин мегарданд, боз ҳам ба афзори соҳавии ҷавобгӯ ба талаботи замон ниёз доранд.
Ӯ ба соати дасташ нигариста, ширин табассум кард ба далели анҷом ёфтани суҳбат. Зулфия баъди фарҷоми як рӯзи пур аз ташвишҳои идорӣ хушнуду болидарӯҳ сӯи манзилаш мешитофт, зеро ӯро дар хона иҷрои вазифаҳои дигар интизор буданду боз як шому шаби зиндагӣ дар ҳалқаи ҳамсару ҷигарбандони нозанинаш, ки ба хотири онҳо рӯз то бегоҳ заҳмати мардона мекашад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Бохтар