Сари мавзӯи ҷаласа, ки «Пешгирии ҳар як сироят маънои дур шудан аз табобат бо антибиотикҳоро дорад! Дар мубориза бар зидди мутобиқшавӣ бо антибиотикҳо саҳмгузор бошем!» буд, коршинос изҳори ақида намуда, инчунин Игор Поканевич чунин қайд кард:
- Истифодаи нодурусти антибиотикҳо ба саломатии инсон хатарзо буда, бояд пеш аз истеъмоли он бо духтур маслиҳат намуд. Истеъмоли антибиотикҳо бе таъйиноти тиббӣ устувории зиддимикробии онҳоро метезонад. Инфексияҳое, ки аз микробҳои ба антибиотикҳо устуворбуда ба вуҷуд омадаанд, дорои хусусияти мураккаб буда, табобаташон душвор мебошад. Мубталои чунин сироят будан ба синну сол вобаста нест.
Бояд зикр кард, ки чанд соли охир коршиносон бо таҳлилҳояшон дар як қатор кишварҳо 50 дар сади инфексияҳои аз микроорганизмҳои бемориовари ба дорувории зиддимикробӣ устуворро амиқ намудаанд ва имрӯз ба антибиотикҳо хатар таҳдид мекунад. Дар натиҷаи нодуруст истеъмол кардани антибиотикҳо онҳо метавонанд камтаъсир гарданд. Ҳамзамон дар аксар мавридҳо зарурати истеъмоли антибиотикҳо вуҷуд надорад.