Зан- сипар аз бемориҳо
Ба қавли табибони шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов, ба касалиҳои сироятӣ бештар кӯдакони то 7 сола гирифтор мегарданд, ки дар баробари иммунитети паст доштанашон, қоидаҳои санитарӣ-гигиениро риоя намекунанд. Тибқи иттилои Акрам Шералиев, мудири шуъбаи мазкур, гарчанде вазъи бемориҳои сироятӣ дар вилоят нигароникунанда нест, вале Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемологӣ ва дигар соҳаҳои масъули шаҳру навоҳии вилоятро мебояд, ки фаъолияти хешро дар самти иттилоотнокии аҳолӣ бобати риояи қоидаҳои санитарӣ дар хонаву муҳити зист ҷоннок намоянд.
- Сабаби пайдоиши вирусҳои барангезандаи бемориҳои домана ва зардпарвин, ки аслан дар зимистону тирамоҳ хуруҷ мекунанд, истеъмоли оби ноҷӯшонида, меваҷоти ношуста ва риоя накардани тозагии дасту бадан ва дигар қоидаҳои санитарӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, тавсияи мутахассисон аст, ки чорабиниҳои тарғибу ташвиқотиро бобати тарзи ҳаёти солим ва риояи қоидаҳои санитарӣ бояд бештар миёни занону духтарон ба роҳ монд. Чунки тарбияи фарзанду омода намудани ғизо ва ҳам тамоми шуғли хонаводагиро модарон ба зимма доранд.
Дардҳои иҷтимоӣ ё дастони ношуста
Майсара Баротова, духтури сироятшиноси Маркази саломатии шуъбаи кӯдаконаи шаҳри Қӯрғонтеппа, иброз медорад, ки новобаста ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқу тарғиби корҳои санитарӣ тавассути ВАО-и маҳаллӣ баъзе бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа хусусияти мавсимӣ пайдо кардаанд.
– Дар байни кӯдакон бештар бемориҳои шадиди меъдаву рӯда, илтиҳоби хунин ва бемории обакон ба қайд гирифта мешавад. Аз як тараф, агар манбаҳои ангезандаи бемориҳои сироятӣ аз назди ҷӯю каналҳо бардошта шуда бошанд, аз сӯи дигар баъзе сокинон пасоби ҷомашӯӣ ва дигар партобҳои ифлоси худро ба ҷӯю каналҳое мепартоянд, ки аз поёноби он мардум истеъмол мекунанд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Солҳои пеш мутахассисон омилҳои пайдоиши доманаву сил ва ба ин монанд бемориҳои сироятиро ба вазъи иҷтимоии ҷомеа рабт медоданд. Аммо сироятшиносони вилояти Хатлон ин қабил бемориҳоро иллати дастони ношуста ном мебаранд. Яъне манбаи асосии хуруҷи вируси сироятиро ба риоя накардани қоидаҳои тозагию санитарӣ дар муҳити зист ва хонаву дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рабт медиҳанд.
- Дар самти тарбияву омода намудани мутахассисони сироятшинос бояд ба кадрҳои ҷинси зан аҳаммияти бештар диҳем, то марказҳои солимӣ дар иртиботи зич бо кадбонувону дигар сокинони хонашин дар пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳои сироятӣ муваффақ гарданд. Соли 2003 зарурати тайёр намудани мутахассисони сироятшинос аз ҳисоби бонувон пеш омад, чун ба ҳайси табиби амрози даруна аз вазъи солимии аҳолии шаҳр огоҳии бештар доштам, маро ба курси такмили ихтисос фиристоданд. Баъди ихтисоси сироятшиносиро гирифтан, фаъолияти касбиамро ба ҳайси духтури сироятшиноси Маркази саломатии шуъбаи кӯдаконаи шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намудам, - қайд мекунад М.Баротова.
Ба гуфти ӯ то замоне ҳаёти инсонӣ вуҷуд дорад, бемориҳои сироятӣ боқӣ хоҳад монд. Аз ин хусус, масъалаи пешгирӣ аз хуруҷи ин бемориҳо ва сироятшавии одамон бояд мавзӯи ҳамеша мавриди тавачҷуҳи сохторҳои вобаста бошад.
Айни ҳол вазъи бемориҳои сироятӣ аз қабили домана, зардпарвин ва бемориҳои шадиди меъдаву руда дар ноҳияҳои минтақа ҳам муътадил арзёбӣ мегардад. Тибқи иттилои масъулони шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ давоми як сол дар ноҳия ягон ҳолати ба бемориҳои домана ва зардпарвин гирифтор шудани сокинон ба қайд гирифта нашудааст. Ташхиси тиббӣ собит намуд, ки панҷ тан беморони дар шуъбаи сироятӣ бистарӣ шуда, гирифтори касалии домана нестанд.
Гепатити «С»- хавфи махуф
Дар шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов бошад 6 нафар гирифторони бемории домана муолиҷа меёбанд, ки сокинони ноҳияҳои гуногуни вилоятанд. Дар ин шуъба, ки беҳтарин мутахассисони сироятшинос фаъолият доранд, 80 кат барои табобати беморон муҳайё карда шудааст.
Ба гуфти Акрам Шералиев, мудири шуъбаи мазкур, дар баробари вирусҳои сироятии хусусияти мавсимидошта, паҳншавии бемории Гепатити Б-С низ боиси нигаронии духтурони сироятшинос шудааст. Ин беморон, ки ҳолатҳои сабук, миёнаи вазнин ва вазнинро гузаронидаанд, боиси сироятёбии одамони солим шуда метавонанд.
- Табибон асрори табобати бемории Гепатити Б-С-ро дар солҳои охир пайдо намудаан, имрӯз ин беморӣ табобатшаванда ба ҳисоб меравад. Риоя накардани қоидаҳои санитарӣ дар сартарошхонаву дармонгоҳҳои даҳонпизишкӣ ва лавозимоти ҷарроҳӣ боиси сироятшавии одамон ба ин беморӣ шуда метавонад. Аз ин лиҳоз, асбобҳои барои истифодаи умумро бояд дар ҳарорати 120 дараҷа гармӣ, дар ҷузвдонҳои махсус ва «автоклав»-ҳо тозаву безарар гардонид,- мегӯяд Акрам Шералиев.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН