Ниҳоят, баъд аз омӯзиш коршиносони соҳа номи ин бемориро «аутизм» (дархудфурӯрафтагӣ) хонданд ва ба тадриҷ барои муолиҷаи он замина муҳайё сохтанд. Аутизм ин мушкилест, ки дар натиҷаи инкишофи нодурусти мағзи сар пайдо мешавад. Тибқи назария баъзе узвҳо ва эҳсосоти кӯдакони дархудфурӯрафта нисбат ба дигарон заифтар инкишоф меёбад ва баъзе ҳам баръакс хеле қавитар.
Аутизм ба 4 гурӯҳ тақсим мешавад. Гурӯҳи аввал нисбатан вазнинтар арзёбӣ мешавад ва гирифторони он пурра дар худ фурӯ рафтаанд. Вақте онҳоро садо мекунӣ, вокуниш зоҳир намесозанд. Мутахассисон солҳо бо онҳо машғул мешаванд, аммо натиҷаи чашмрасе ба даст намеояд. Ба ҳамин хотир, баъзе коршиносон мубталоёни ин гурӯҳро ба шизофрения (маҷзубият) нисбат медиҳанд.
Кӯдаки ба гурӯҳи дуюм тааллуқдоштаро баъзе чизҳо ба худ ҷалб мекунанд. Масалан, онҳо метавонанд конструкторро бисозанд, кубикҳоро ҷамъ оваранд ва ҳатто бо тӯб бозӣ кунанд. Агар аз солҳои аввал бо чунин кӯдакон мутахассисон машғул шаванд, натиҷаи мусбат ба бор меояд ва онҳо метавонанд аз гурӯҳи худ ба гурӯҳҳои се ва чор гузаранду ба зиндагии воқеӣ каме мутобиқ шаванд.
Чунин назария ҳам мавҷуд аст, ки новобаста ба азхудфурӯрафтагӣ аутистҳои гурӯҳҳои се ва чор дар марзи нобиғагӣ қарор доранд. Онҳо бо осонӣ метавонанд расмҳои наққоши машҳур – Рембрантро нусхабардорӣ кунанд, асбобҳои мусиқиро ба таври олӣ бинавозанд ва ё дар пайдо кардани рамзҳои мушкилтарини компютерӣ даст ёбанд. Новобаста ба ин, тибқи назарияи амрикоиҳо 50 дарсади аутистҳо аз олигофренҳо фарқе надоранд.
Дар Аврупо аутизмро бо марг баробар намедонанд. Гирифторони аутизм маълумоти олӣ мегиранд ва баробари дигарон кору зиндагӣ мекунанд. Ба хусус дар риштаи барномасозии компютерӣ онҳо муваффақанд, зеро метавонанд дар давоми як шабонарӯз «забон» - и мушкилтарин компютерро дар танҳоӣ аз худ кунанд, аз ин рӯ, «харидорон» - и зиёд доранд.
Дар Тоҷикистон низ то ибтидои қарни нав пиромуни ин беморӣ чизе намедонистанд ва ҳангоми муоина онро ба маризиҳои дигар нисбат медоданд ва дар натиҷа шахсони гирифтор то охири умр азоб мекашиданд ва пайвандони онҳо низ барои муолиҷа маблағи ҳангуфт сарф кардаву азизтарин фарзанд ва ё бародару хоҳари худро аз даст медоданд.
Новобаста ба он ки имрӯз ин касалӣ дар аксар кишварҳои дунё сабт шудаву барои табобати он мутахассисон талош меварзанд, роҳҳои пешгирӣ аз онро то ҳанӯз муайян накардаанд, зеро сабабҳои пайдо гардидани ин беморӣ то ҳол рӯшан нашудааст. Бархе олимони соҳа онро ирсӣ мегӯянду бархе ин фарзияро қабул надорад.
Мушкили дигар дар он нуҳуфтааст, ки вақти дар батн будан ё замони навзодӣ муайян кардани аутизм хеле мушкил аст. Нусхабардории мағзи сари чунин кӯдакон нишон медиҳад, ки онҳо аз кӯдакони солим ҳич фарқе надоранд.
Солҳои зиёд аутизм ҳамчун як намуди беморӣ пазируфта намешуд. Баъзан вақт онро шизофрения унвон мекарданд. Баъзе зодмандон ва пизишкони соҳа баъд аз гузаштани ду- се сол мефаҳманд, ки кӯдак дар худ фурӯрафта аст. Аммо ин кӯдак метавонад орому осуда бузург шавад ё баръакс серқаҳру пурғазаб нисбат ба атрофиён бошад.
Бо сипарӣ гардидани солҳо зодмандон мефаҳманд, ки кӯдаки онҳо аз садои ногаҳонии мусиқӣ метарсад, бо бачаҳои дигар бозӣ намекунад, намегузорад сарашро сила намоянд ва дар зери рахтхоб аз модар панаҳ мешавад.
Новобаста ба афзудани ин беморӣ баъзе кишварҳои дунё онро то ҳанӯз эътироф накардаанд ва аутизм дар қатори дигар касалиҳо дар ин мамлакатҳо табобат намешавад. Дар Тоҷикистон низ аутизм солҳои охир расман шинохта ва ба феҳристи бемориҳо сабт гардид. Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои зиёд бархе аз мутахассисони соҳа ба табобати он машғуланд ва теъдоди аутистҳо дар ҷумҳурӣ хеле зиёд аст.
Вақте мутахассисони соҳа дар шинохти ин беморӣ мушкил доранд, шумо ҳоли падару модарони чунин маризҳоро тасаввур мекунед? Вақте фарзандат солҳо азоб мекашаду намедонӣ барои шифо ёфтани ӯ чӣ кореро анҷом бидиҳӣ. Ба кӣ рӯ биоварӣ ва ба куҷо муроҷиат намоӣ. Ва ҳам тасаввури он сангин аст, ки ин кӯдак роҳрав шудаву ба кӯча мебарояд. Пӯшида нест, ки кӯдакҳо дар ин маврид бо ҳамсоли бемори худ чӣ гуна муносибат хоҳанд кард. Новобаста ба он ки кӯдакҳо поктарин ва дилсофтарин офаридаҳои Парвардигоранд, дар баъзе маврид онҳо метавонанд бераҳмтарин узви ҷомеа бошанд. Онҳо ҳамсоли маризи худро масхара мекунанду озор медиҳанд, аз пираҳанаш мекашанду ба замин мезананд ва аз ин кори худ лаззат мебаранду аз самими дил механданд. Дидани ин манзара дили модари зорро боз ҳам хунинтар мекунад ва ӯ қабл аз муҳлати таъйиннамудаи табиат хаставу пажмурда хоҳад шуд. Дили чунин модарон кам андар кам шодию нишотро мепазирад, зеро ҳар амалу ҳаракати фарзанди ба ҷон баробарашон аз мариз буданаш дарак медиҳад. Ва он ҳам маризие, ки тамоми умр давом хоҳад ёфт!
Илова бар ин, гирифторони аутизм ниёз бар муҳаббат ва таваҷҷуҳи бештари атрофиён, аз ҷумла падару модар ва бародару хоҳар доранд, зеро пазируфтани муҳит ва ҳаводиси табиат барои онҳо хеле сангин аст. Ба ибораи дигар, агар барои машғулияти як тифли солим дар рӯз се соат даркор бошад, барои кӯдаки дархудфурӯрафта 15 соат кам аст, чунки ба ғайр аз соатҳои дар хоб будан, дигар ҳама вақт ӯ ниёз ба падару модар дорад. Ба ҳамин хотир, модари чунин фарзанд бояд барои тарбияи ӯ ва роҳандозии зиндагии худ як барномаи вижа рӯи даст дошта бошад. Бе ёрии мутахассисони соҳа, дастгирии шавҳар ва фарзандону пайвандон ва заҳмати шабонарӯзӣ, дар тарбияи фарзанд муваффақ шудан хеле сахт аст.
Новобаста ба анҷом шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бархе аз коршиносон барои муаррифӣ кардани ин беморӣ ба ҷомеа, ба коргардонҳо ва мутахассисони синамо рӯ меоранд, то аз тариқи он, бо намоиш додани филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ мардумро огоҳ созанд, ки чунин мушкил дар ҷомеаи башар вуҷуд дорад ва бо рӯ задани осори он дар оила дасту дил гум накунанд ва барои табобати аутизм ва беҳтар кардани вазъи саломатии фарзанд ба пизишкон муроҷиат намоянд ва дар ҳамдастӣ бо дигар оилаҳо мушкили худро ҳаллу фасл созанд.
Дар ШМА аз ҳазор ҳар 85–ум кӯдак нишоне аз аутизм дорад. Ҳунармандони синамо ва шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳон – Селвестер Сталлоне ва Тони Брэкстон, Ҷон Травелта, Гари Коул, Боб Дилан, Дэвид Бирн ва боз даҳҳо нафари дигар фарзандони аутист доранд.
Тибқи иттилои ғайрирасмӣ донишманди шинохтаи дунё Алберт Эйнштейн, овозхони саршинос – Майкл Ҷексон, футболбози беҳтарини дунё Леонел Месси ва миллиардер Бил Гейтс шахсони дархудфурӯрафта ё аутист буданду ҳастанд.
Эмомалӣ Сайидамирзод