Шарифамоҳ Алиеваро ҳаваси ронандагӣ аз овони наврасӣ дар шараёнаш боло гирифта буд. Ормонашро гоҳе бо рондани мототсикли падар мешикаст. Ниҳоят ба падар аз тасмими ронанда шуданаш иқрор омад. Зодмандон розӣ шуданд, то Шарифамоҳ баъди дарёфти ҳуҷҷати ронандагӣ сари чанбари мошин нишинад.
– Соли 1974 ба омӯзишгоҳи касбӣ - техникии ноҳияи Восеъ дохил шудам. Касби ронандагиро аз худ кардам. Барои пайдо намудани ҷои кор ба муассисаи нақлиётии № 18 ноҳияи Фархор рафтам. Азбаски дар ин коргоҳ асосан мошинҳои боркаш хизмат мерасонданд, роҳбарияти вақт рондани ин гуна мошинҳоро бароям раво надиданд, саҳеҳтараш боварам накарданд. Баъдан, дар муассисаи техникаи хоҷагии қишлоқи ноҳия ба фаъолият пардохтам. Таъмин намудан бо қисмҳои эҳтиётии нақлиёте, ки барои пешбурди кори хоҷагиҳои кишоварзии ҳамон давра истифода мешуд, пурра бар зиммаи ман буд, – мегӯяд бонуи ронанда.
Бо барҳамхӯрии сохти шӯравӣ хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳам аз байн рафтанд. Ӯ низ чун дигар ронандаҳо бекор монд. Сарсону саргардониҳо бо чор фарзанд дошт. Бори рӯзгорро, ки аслан худаш мекашид, маҷбураш сохт, то роҳе барои пайдо кардани ризқу рӯзии кӯдаконаш ёбад. Муддате ба соҳибкории хурд шуғл варзид.
–Ман обрӯ аз пешаи ронандагӣ ёфтам ва наметавонистам тоҷири хуб бошам ё савдогару корчаллон. Зеро чанд соли соҳибкорӣ ин эҳсосот оромам намегузошт, вале ба хотири пешбурди зиндагӣ тоқат мекардам. Худро дар муҳити савдогарони гапдону корчаллон бегона ҳис менамудам. Соҳибкорӣ пешаи ман набуд. Бо ҷамъ кардани каме пасандоз соли 2003 мошини мусофиркаши «Тангем» харидам, то аз пайи амали хеш шавам, – мегӯяд Алиева.
«Истиқлол» хуш истиқболам намуд
Бо хоҳиши бонуи пизишке, ки боре мусофираш буд, ба маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба кор омад. Муомилаи нек, рафтору гуфтори самимиаш бо мусофирон он табибзанро водор намуд, то бо Шарифамоҳ дар муколама шавад.
–Ронандагони шуъбаи ёрии таъҷилии тиббӣ мардонанд, агар шумо даъвати маро рад накунед, хурсанд мешудам, – баъди суҳбат иброз дошт бонуи табиб.
Ӯ ҳатто рақами телефон ё ному насаб ва суроғаи духтурро напурсид. Шарифамоҳ Алиева аз суҳбат пай бурд, ки ӯ дар маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба ҳайси духтур фаъолият мекунад. Баъди гузашти рӯзҳо ба ҳуҷраи кории сардухтури муассисаи мазкур рафт. Тасмими Шарифамоҳ сардухтурро лаҳзае лол намуд ва ҷавоби рад дод. Ноумед нашуд, зеро шуғл дошту манбаи даромад ҳам. Бо ҳамон салобату виқори мардона бо сардухтур «худоҳофизӣ» намуд ва аз дар баромад. Берун аз бинои муассиса гардид, садои бонуе водораш сохт, то ба қафо нигарад. «Сардухтур шуморо даъват доранд», - гуфт ҳамшираи шафқат. «Дуюмбора вориди дафтари кории сардухтури вақт шудам. Маъзаратомез аз синну солам ва собиқаи кориам пурсон шуд ва баъдан навиштани аризаро аз ман хоҳиш кард. Инак, солест, ки миёни 65 ронандаи мард танҳо як зан мошини «Ёрии таъҷилӣ» - и м?аҷмааи тандурустии «Истиқлол» -ро меронам», - ифтихор аз пеша карда, мегӯяд Шарифамоҳ Алиева.
Ҳанӯз ҳам нерумандам
Аслан на ҳар кас метавонад дар зиндагӣ реҷаи худро дошта бошад ва агар бошад ҳам, бо гузашти вақт онро тағйир медиҳад ё мешиканаду дигар мекунад. Вале ӯ иқрор аст, ки реҷаи ҳаррӯзашро мекашад ва аз рӯи он амал менамояд. Дар маҷмааи тандурустии «Истиқлол» пас аз се шабонарӯз навбатдории ронандагӣ дорад. Ба гуфти ӯ дар як шабонарӯз баъзан то 15 даъват мешавад, ки то субҳ фурсат дар роҳ мегузарад. Аз се рӯзи «истироҳат» як рӯзашро барои дамгирӣ дар хона мебахшад, ду рӯзи дигар дар хатсайри №32 фаъолият мекунад.
– Шукр, соҳиби 4 писар ҳастам ва гоҳе онҳо аз ман хоҳиш мекунанд, то дигар ба ронандагӣ машғул нашаваму даврони пирӣ ронам. Ҳеҷ гоҳ розӣ шуда наметавонам, бовар кунед. Аз заҳмат обутоб ёфтаам, саломатиам хуб аст. Инро ҳатто пеш аз ба кор қабул шуданам, ташхиси тиббӣ собит намуд. Ман ҳанӯз монда нашудаам, қобилияту неруи кофӣ дорам, – мегӯяд ӯ.
Боре ҷаримаам накардаанд
«Тӯли беш аз 35 соли ронандагӣ боре ба садама дучор нашудаам ва кормандони бозрасии давлатӣ ҷарима барои қоидавайронкунӣ ҳам нанамудаанд. Шоҳиди ҳолам, ки бонувони ронанда бо вайрон намудани қоидаҳои ронандагӣ сари ҳар вақт ҷарима месупоранд. Вале аз эҳтироми кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ нисбат ба бонувони ронанда миннатдорам, ки гоҳе аз баъзе қонунвайронкунии онҳо чашм мепӯшанд. Шояд вазъи рӯҳии занро эҳсос мекарда бошанд», –иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Озмуни «Бонувони ронанда», ки се сол боз бо дастгирии Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ баргузор мегардад, Шарифамоҳ Алиеваро дар ҷодааш муваффақтару комёб кард. Дар оғоз чун ширкаткунандаи озмун худро танҳо дида буд ва имсол 10 бонуи ронанда ӯро ҳамроҳӣ намуд. Диплому ифтихорномаҳои зиёдеро аз ин озмун ба даст овардааст. Соли 2016 соҳиби унвони «Нақлиётчии фахрии Тоҷикистон» ҳам гардид. Ин зани собиқадор ба пешааш арҷ мегузорад. Ва ҳам рӯҳбаланд аст, ки бонувони ҳамқадамаш зиёд гаштаанду мехоҳанд чун ӯ паси чанбари мошин бошанд.
Бонувонро шарм мебояд
Аз роҳ бо мусофирбари худ мегузашт. Бонуеро дид, ки бо корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ даст ба гиребон аст. Дашному ҳақорат чун борону жола аз даҳонаш мерехт, ки таваҷҷуҳи ҳар роҳгузарро ба худ ҷалб месохт. Дидани ин манзара Шарифамоҳ Алиеваро низ дар шигифт монд. Пас, ӯ дарк намуд, ки бону ронанда аст ва даъвои худсафедкунӣ дорад. Мошинашро як тараф дошт ва аз он берун шуд. «Бонуи савораи аспи ҷаҳлро бо машаққате ба оромӣ даъват кардам. Нозири роҳ аз қоидавайронкуниаш занро огоҳ менамуд, вале ӯ ҳеҷ тоқати шунидану узрхоҳиро надошт. Занро бо суханҳои маслиҳатомезу насиҳатбор ором кардам. Ба ӯ фаҳмондам, ки зан дар ҳар сурат зан аст, хоҳ вай вазир бошад ё ронанда, ё рӯбанда. Зеби зан шарми ӯст. Бо пушти фармон нишастан набояд назокату нафосат ва одобу фурӯтании занона фаромӯш шавад», - гуфтам ба ӯ.
Фарҷом
Шарифамоҳ Алиеваро даъвати навбатӣ интизор аст. Бо як ҳаракат ба курсии мошинаш нишаст: чолокона ва хеле ҷасурона, ки ба паҳлавонсуратиаш зебанда буд. Боз садои бонги изтироби мошинаш атрофро пур мекунад. Ӯро бо ҳазорон умед хонаводаи маризе интизор аст…
Қутбияи Неъматулло