Ҳарчанд ба ин рӯйхати сиёҳ шомил нагардидани кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, боиси хушҳолист, вале вазъи бемории сил дар ҷумҳурӣ чун дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ташвишовар боқӣ мемонад.
Дар тафаккури мардум чунин андеша ҷой гирифтааст, ки имрӯз муроҷиат ба духтурон комилан пулакӣ аст. Яъне, аз қадамҳои аввал ба беморхона маблағсарфкунӣ оғоз мешавад. Аксар бехабар аз онанд, ки табобати бемории сил комилан ройгон аст.
Новобаста аз он ки шароити иқтисодии бемор чӣ гуна аст, ӯ ҳуқуқ дорад бистарӣ шавад ва табобат гирад. Бештар вақт одамон дар ҳоле ки нишонаҳои ин бемориро эҳсос мекунанд, кӯшиш менамоянд онро ба зукоми оддӣ рабт дода, ба беморхона нараванд. Яъне, аввалан хоҳиш надоранд, сониян аз сарфи маблағ ҳарос доранд. Вале ҳамон «зукоми оддӣ» касро аз силу фалаҷшавӣ то ба бемориҳои шадиду марг оварда мерасонад. Пас мебояд ҳар яки мо ба саломатии худ эътибор бидиҳем ва масали машҳури мардумии “Пешгирӣ беҳ аз табобат”-ро фаромӯш накунем.
Як нафар бемори сил чанд нафарро сироят мекунад?
Сил, ки бемории сироятӣ аст, бо воситаи роҳҳои нафас: Ҳангоми сулфа, атса, туф кардани балғам ва ҳангоми суҳбатҳои тӯлонӣ аз масофаи наздик дар фазои маҳкам бо бемори хориҷкунандаи сил МБТ-мегузарад.
Як бемори сили хориҷкунандаи МБС дар як сол ҳангоми ба табобат фаро гирифта нашуданаш метавонад 10-15 нафарро сироят кунад. Силшиносон мегӯянд, ки аз одамони сироятёфта дар тӯли ҳаёташон метавонанд 5-10 фоизашон ба сил гирифтор шаванд, бахусус ҳангоми паст шудани масунияти баданашон (вазъи психологӣ, дигар бемориҳо).
Ба гуфти силшинос, номзади илмҳои тиб Мақсудҷон Охунов дар ҳоли сари вақт ба табобат фаро гирифта нашудани бемор он беморӣ ба шакли мутобиқгашта мубаддал мегардад. Табобати ШМС (шакли мутобиқгаштаи сил) аз 20 то 24 моҳ буда, табобат бетанаффус сурат мегирад, яъне натанҳо то беҳтар шудани аҳволи бемор, балки то пурра шифо ёфтани давраи табобат. Табобати ҳамаҷониба бо истифодаи якҷояи якчанд доруи зиддисилӣ, танҳо дар якҷоягӣ онҳо метавонанд барангезандаи силро нобуд созанд.
Хулоса, ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои бештар паҳншудаи бемории сил дохил намешавад, аммо дар ҷумҳурӣ шумораи гирифторони ин намуди беморӣ зиёданд.
Аз ин сабаб, бояд ҳар нафари ба бемории сил сироятёфта ҳатман ва ба зудӣ ба табибон муроҷиат намояд, то ки паҳнкунандаи ин намуди беморӣ ба атрофиёнаш нагардад ва ҳаёти худу наздиконашро зери хатар нагузорад.