Дастаи тадқиқотчиёни шветсарӣ аз мактабии олии техникии Сюрих, таҳти роҳбарии докторант Николас Корс (Nicholas Cohrs) нахустин дили комилан сунъии нармро коркард намуданд. Механизми кори он чунин аст: меъдачаҳои дили сунъӣ чун дили аслӣ хунро анлвонҷ медиҳанд. Фарқияти дили сунъӣ аз дили ҳақиқӣ аз он иборат аст, ки дар он меъдачаҳоро на деворчаҳо, балки камера аз ҳам ҷудо мекунад. Бо воситаи ин камера таъсири фишороварӣ ба вуҷуд меяд. Дили сунъӣ бо истифода аз усули 3D-чоп офарида шудааст, ки барои дар амал тадбиқ намудани сохти мураккаби дохилии дил имкон ва ҳамзамон устуворию нармии дилро нигоҳ медорад. Ин дил як объекти комил мебошад, бинобар ин ба парешон шудан дар мавриди чӣ тавр мувофиқат кардани механизмҳои дохилӣ ҳоҷат нест.
Дар санҷишҳо дили сунъӣ кори хуби худро нишон дода тавонист. Вале ин консепсия ҳоло барои имплантатсия пешбинӣ нашудааст. Маҳсулоте, ки аз он дилро офаридаанд, ҳамагӣ ба якчанд ҳазор зарба (таппиши дил) тобовар асту халос. Ин вобаста ба таппиши дили инсон тақрибан ним соат мебошад. Акнун тадқиқотчиён як чизи нисбатан комилтарро, ки муддати тулонӣ қодир аст кор бикунад, офариданианд.