- Бе сабаб набуд, ки солҳои пеш бо замми беҳдошти иқтисодӣ- иҷтимоии ҷомеа ташкили варзиши пагоҳирӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ ҳатмӣ буду ҳатто нафарони варзишгурез танбеҳ мегирифтанд. Илова бар ин ҳар сари вақт ташхиси тиббии оммавӣ гузаронда, касалҳо ба беморхонаҳои марбут роҳнамоӣ мешуданд. Агар бемор беэътиноӣ мекард, мутахассис худ ба суроғаш рафта ӯро зери табобат мегирифт. Фикр мекунам, ки бо мурури рушди тибби оилавӣ оид ба вазъи солимии ҷомеа ва ташхиси саривақтии сокинон муваффақ мешавем, - бо итминон мегӯяд Муҳаббат Азимова.
„Хавфи ниҳонӣ“ ё хатари бемории ишемиявии дил
Дар баробари камҳаракатӣ инчунин вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ, истеъмоли нодурусти ғизо, фарбеҳшавӣ ва дигар омилҳои ҷисмонию рӯҳӣ боиси пайдо шудани амрози қалб мегарданд.
„Синекордия“ оғози амрози қалб ба ҳисоб рафта, дар сурати сари вақт табобат нашудан ба сактаи дил оварда мерасонад. Хатари дигар дар фаъолияти муътадили қалб ин фишори баланди раги шараён аст. Мутаассифона, баъзе беморон вақте ба мо муроҷиат мекунанд, ки аллакай аз фишори пайвастаи хун сактаи дилу дигар осебҳои ҷиддӣ гирифтаанд. Дар ин сурат маҷбурем, ки нахуст оризаҳои беморӣ баъдан дилро табобат намоем.
Чӣ гуна дилро эҳтиёт кард?
Ба гуфти Муҳаббат Азимова навъҳои бемории амрози қалб бешуморанд. Танҳо иллати модарзодии дил худ ба даҳҳо гурӯҳ ҷудо мешавад. Дар муассисаи давлатии „Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил“ номураттабии кори дил, фишори шараён, бемории ишемиявии дил ва ғайраҳоро табобат мекунем. Бемориҳои тарбоди дил ва нуқсонҳои модарзодии дилро бошад баъди амали ҷарроҳон ба табобат фаро мегирем.
„Стенокардия“, яъне тангшавии рагҳои дил яке аз намудҳои иллатҳои қалбист, ки чаҳор дараҷа дорад. Агар бемор дар марҳилаҳои аввали он ба табобат фаро гирифта шавад, ба сактаи дил, яъне маҳкам шудани рагҳои хунгарди як тарафи дил гирифтор намешавад. Нишонаҳои ин беморӣ дарди фишордиҳандаи дил, сӯзиши қафаси сина, нафастангӣ, дилзанӣ ҳангоми ҳаракат мебошад. Дар чунин ҳолатҳо бояд сари вақт ба мутахассис муроҷиат кард.
- Тарзи ҳаёти солим, роҳ надодан ба фарбеҳии бадан, парҳезкорӣ аз ғизоҳои бирёниву серравған, маҳсулоти тунду тез ва тарки одатҳои шаробнӯшию тамокукашӣ роҳи асосии пешгирӣ аз сактаи дил арзёбӣ мегардад, - иброз дошт дар идомаи суҳбат Муҳаббат Азимова.
- Ҳамзамон, мо бояд пиндору гуфтору рафтори худро назорату идора карда тавонем, то боиси хашму асабоният ва пайдо шудани дигар эҳсосоти носолими худ нагардем. Дар лаҳзаҳои асабонияту шунидани хабарҳои нохуш бояд амалҳои серҳаракатро анҷом дод, то бад - ин васила нагузорем, ки андренолин дар хун ҷамъ шавад. Зеро, ин ҳолат ба баланд шудани фишори хун ва осебпазир гардидани узвҳои дилу асаб, яъне сактаи ин узвҳо оварда мерасонад. Ҳамчунин, бояд пайваста ба варзиши бадан машғул шуд, то моддаҳои нолозим дар таркиби хун ҷамъ нашаванд.
Дилу дилшиносони тоҷик
Дар мавриди сатҳи омодагии касбии табибони тоҷик баҳри ба табобат фаро гирифтани беморон мусоҳиби мо чунин тазаккур дод: „Бо итминони комил гуфта метавонам, ки имрӯз дараҷаи донишу малакаи табибони дилшиноси тоҷик ба ҳамтоёни эронӣ, олмонию амрикоӣ ва дигар кишварҳои дар ин ришта пешрафта баробар аст. Зеро давоми даҳ соли охир бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва маъмурияти МД „Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил“ даҳҳо мутахассисони тоҷик барои такмили ихтисос ба Чину Ҳиндустон, Австралия, Белгия, Олмону Амрикову Эрон фиристода шуданд. Акнун духтурони мо ҳама намудҳои ҷарроҳии қалб, ба хусус амалиёти „ангиографӣ“-ро дар Тоҷикистон мегузаронанд. Ин ҷарроҳӣ бидуни буриши бадан амалӣ мешавад.
Ба гуфтаи ин табиби дилшинос ҳанӯз 5 сол қабл барои гузарондани чунин амалиётҳои ҷарроҳӣ беморонро ба Олмону Исроилу Ҳиндустон равон мекарданд, ки маблағи ҳангуфт сарф мешуду на ҳама имкони пардохти онро дошт. Ҳоло ин гуна ҷарроҳиҳо бо сарфи кам дар кишварамон гузаронда мешаванд.
Ҷамолиддин Сайфиддин