02

Сентябр, 2025
Сешанбе

02

Сентябр, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БИБИИ 105 СОЛА

 

Роҳравон нафари солмандеро дарёб намудем, ки бо наберааш мерафт. Баъди салому алейк чун меҳмон буданамонро маълум кард, модар бо хушгӯиҳои тоҷикона „хуш омадед ба Яхчи мо „гуфт ва илова намуд, ки „меҳмонро атои Худо мегӯянд, ҳар меҳмон барака дорад, бачаҳом, биёед“.

Барои таноби роҳро кӯтоҳ кардан, бо бибии яхчӣ дар ҳар мавзӯъ суҳбат оростем. Бибӣ бо лаҳни зебо дар бораи зиндагии орому осоиши мардумони деҳа ҳикоят карда, шукронаи ободию озодӣ намуд. „Шумо хушбахтед, ки дар чунин давру мамлакати биҳиштосо зиндагӣ доред. Фарзандони сазовори ҳамин Ватану ҳамин миллат бошед“, - бо оҳанги насиҳат гуфт бибӣ.

Давраи бачагиашро ба ёд овард, ки ба солҳои аввали асри пешини замони амирӣ рост меомад. Деҳаи Яхч ҳамагӣ аз чанд хонавода иборат буд. Одамонаш на либоси гарм доштанду на шиками сер. Дар давраи омад-омади русу шӯравиҳо ҳам зиндагии сангин доштаанд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон вазъият боз ҳам душвортар шуд. Аксари мардонро ба ҷанг бурданду кори деҳқонию хона ба зиммаи занону духтарон ғалтид. Шукри ҳамин обу ҳавои тозаи кӯҳистон ва замини зархезаш, ки мардумро аз марг наҷот дод.

–Бачаҳо,-–ба мо рӯ овард бибии Ғанимат, - шумо дина дар маҷлиси Пешвои мо будед? Чӣ қадар инсони хуб, ғамхори халқ аст Эмомалӣ, Худо умраша зиёда кунад. Набераам Сорбонҷонро дар маҷлис дидед? Баромади нағз кард ӯ дар пеши Сарвари давлат. Охир, дар назди мардум магар гап задан осон аст? Баромадаш ба ҳама хуш омад. Офарин. Сорбонҷони мо олим мешавад. Илоҳӣ барака ёбад. Падараш воре доно шавад.

Бибӣ рамуз гирифт, ки дар бораи Сорбон чӣ мегуфта бошем. Дар ҳаққи Сорбон ҳама суханҳои хуб гуфтему таъкид намудем, ки ӯ ҳамкори мост. Аз ин иқрор бағоят хурсанд шуд вай.

Аз хушсуханию чеҳраи хандони бибӣ истифода карда яке аз ҳамроҳон суол дод, ки бибӣ чанд сол доред?

– Э, бачам, хеле калонам. Аз сад зиёд, – гуфт ӯ.

–Ҳеҷ ба садсола монанд нестед-ку, бибӣ?

– Охир, аз ҳавои тоза нафас гирифтааму хӯроки тоза хӯрдаам. Ҳамаи одамони кӯҳистон ҳамин хеланд. Баъд, ба ростӣ ҳам, шукронаи авлоданам, ки ҳамаашон дарозумр буданд.

–Бибӣ, чашмҳо чӣ хеланд, нағз мебинед?

–Шукрона, гила надорам. Нағз мебинам. Телевизор тамошо мекунам, ягон бор айнак мондагӣ нестам. То хонаи Муҳаббатшои ҷигарбандам Худоро шукр, бо пои худ мераваму меоям. Набераам Сорбонҷонро аз телевизор тамошо кардам, хеле хурсанд шудам.

–Фарзанду набераҳо бисёранд?

– Аз чор фарзандам, шукронаи Худованд, 105 набераю абера дорам. Чанд фарзандам пештар намепоиданд. Духтарам Азизгулро дар 25- солагӣ таваллуд кардам. Ӯ ҳоло 80 сола аст.

- Ба қавли бибӣ, агар духтари калониашонро дар синни 25 таваллуд карда бошанду вай 80 сола бошад, пас, бибӣ аз 105 зиёд умр доранд, - гуфт ҳамроҳи дар паҳлуямон буда.

–Бибӣ, рози дарозумриатон дар чӣ бошад?

–Табиатан мардуми кӯҳистон тансиҳату дарозумранд. Чунки ҳавои тоза дорем. Худораҳматӣ падари фарзандонам, ҳарчанд аз ҷанг захмӣ баргашт, дасту бозуи тавоно дошт. Ана, ҳамин санги хонара (ишора ба санги пеши хонаашон карда) ҳозир даҳ нафар ҷавонмард бардошта наметавонад, аммо ӯ худаш танҳо ҳуч мекард. Чаро? Чунки одамони имрӯза ҳама маҳсулоти дорузадаю гӯштҳои чандин солҳо дар яхдонҳо мондаро бо ҳазор хел дорую дармон мехӯранд. Дар вақташ хӯроки мардуми мо асосан табиӣ буд. Ширу равған, анвои ғизовории миллӣ мехӯрдем. Ба истеъмоли ширинию хӯрданиҳои намакӣ чандон майл надорам. Ҳозир ҳам шукр зиндагии мардум хуб аст.

Дар охири суҳбат нимшӯхию нимҷиддӣ ба мо рӯ оварда гуфт: „Агар хоҳед, бардаму боқувват бошед, ба кӯҳистон биёед. Зеро кӯҳистон манзили зисти мардуми сарбаланд, тансиҳату солим аст.

Шоҳҷони Абдурасул

 

:.  Тандурустӣ 29.12.2016 12:00 2315

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz