Норасоии йод дар бадани инсон афзудани ҳуҷайраҳои ғадуди сипаршаклро бармеангезад. Ин ҳуҷайраҳо йодро ҷаббида ҳормонҳои ғадуди сипаршаклро ба вуҷуд меоранд. Аз рӯи гуфти Нафиса Турдиалиева, табиби ғадудшиноси Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ, агар дар соли 2013 дар кишвар 138 ҳазору 69 нафар беморони гирифтори ҷоғар ба қайд гирифта шуда бошанд, дар соли 2015 ин рақам 38,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Гирифтории сокинон ба маризии мазкур бештар дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва навоҳиҳои Истиқлолу Ашти вилояти Суғд мушоҳида мешудааст.
Тоҷикистон, ки 93 дарсади масоҳаташро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз лиҳози норасоии йод минтақаи хос ба ҳисоб меравад. Зироату полезиҳо ва меваҷоту дигар маҳсулоти кишоварзии диёри мо дар таркиби худ ба қадри кофӣ йод надоранд. Аз ин лиҳоз, ягона воситаи таъмини ин модда дар организми сокинон йодноккунии намаки истеҳсоли маҳаллист, ки ҳамагон ба он дастрасӣ доранд.
Ба қавли Нафиса Турдиалиева сабаби афзоиши шумораи беморони ҷоғар дар кишвар коҳиш ёфтани сифати йодноккунии намаки ошӣ аст. - Ҳоло назорат аз болои сифатнокии намаки ошӣ ба роҳ монда шудааст, ки солҳои охир истеҳсолкунандагон ба йоднокии маҳсулоти хеш камтар аҳамият медиҳанд. Ё худ қоидаҳои санитарии нигоҳдории намаки истеъмолӣ дар анбору нуқтаҳои фурӯш риоя нашуда, он сифати йоднокии худро пеш аз муҳлат гум мекунад. Барои пешгирӣ аз иллати норасоии йод бояд бештар маҳсулоти баҳрӣ, аз ҷумла, моҳӣ, карами баҳрӣ ва донагиҳои серғизо истеъмол намуд. Дар сурати пайдо шудани аломатҳои ҷоғар беморон бояд сари вақт ба пизишкон муроҷиат намуда, ба табобат фаро гирифта шаванд».
Табобати касалии ҷоғар аз 6 моҳ то 2 сол давом ёфта, дар ин муддат беморон бояд реҷаи истеъмоли доруҳои фармударо риоя кунанд. Дар сурати риоя накардани реҷаи табобат норасоии йод дар вуҷуди инсон ба оризаҳои гуногун оварда мерасонад. Иллатҳои гуногун дар таркиби асаб ва рагҳои дил, дар занон вайроншавии марҳилаи ҳайз, бачапартоию тавлиди тифли беҷон, безурётӣ, дар музлимони ҷинси мард инкишофи носолими узвҳои таносул аз оқибатҳои мудҳиши ин беморист.
Аз ин лиҳоз табибон тавсия медиҳанд, ки занони қобили таваллуд ва модарони ҳомила ҳамеша зери назорати кормандони риштаи тандурустӣ қарор гиранд. Зеро бештари тифлони гирифтори бемориҳои ирсӣ аз модароне ба дунё меоянд, ки аз оризаҳои маризии ҷоғар ранҷ мекашанд. Тавре Нафиса Турдиалиева иброз медорад, дар марҳилаи ҳомиладорӣ ғадуди сипаршакли модар дар як вақт ба ду ҷисм- модару кӯдаки дар батнаш буда, хидмат мерасонад. Вақте ки кори ғадуди сипаршакл дучанд зиёд мешавад, ин ҳолат таъсири камйодиро ба ҷисми модару кӯдак афзуда, ба сар задани бемориҳои гуногун сабаб мешавад.
Аз рӯи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бемории камйодӣ аз касалиҳои нисбатан вазнин ва паҳншуда дар сайёраи мо маҳсуб ёфта, теъдоди умумии гирифторони он дар ҷаҳон наздики 1,5 миллиард нафарро ташкил медиҳад. Бар асари норасоии йод дар бунён имрӯз ҳудуди 11 миллион сокини сайёра аз бемории ноқисулақлӣ, 200 миллион нафар аз касалии асаб ранҷ мекашанд ва 750 миллион одам мубталои маризиҳои ғадуди сипаршакл шудаанд. Тибқи гуфтаи коршиносони ташкилоти мазкур ҳормонҳои ғадуди сипаршакл кори ҳама узвҳои бадани инсонро ба танзим медароранд. Барои фаъолияти муътадили ин ғадуд бунёни инсон дар як шабонарӯз ба 150-200 микрограмм йод ниёз дорад. Бо дарназардошти кам будани миқдори йод дар таркиби маҳсулоти минтақаҳои куҳистон ва мавзеъҳои аз баҳр дур, йоднок кардани намаки ошӣ роҳи ягонаи таъмини аҳолӣ бо он аст.
Бо мақсади пешгирии бемориҳои камйодӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 «Қонун дар бораи йодноккунии намак»-ро қабул кард, ки ин аз дастгирию ғамхориҳои давлат дар ҳифзи солимии мардум арзёбӣ мегардад. Дар ин давра назорат аз рӯи фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли намаки ошӣ тақвият ёфта, дар назди марказҳои саломатии шаҳру навоҳии кишвар басти табибони ғадудшинос таъсис дода шуд.
- Дар баробари андешидани тадбирҳои муҳим баҳри таъмини йодноккунии аҳолӣ тариқи намаки истеъмолӣ, инчунин ба масъалаи воқифгардонии аҳолӣ бобати пешгирӣ аз камйодӣ чораҳои мушаххас бояд андешид, - мегӯяд табиби ғадудшинос Нафиса Турдиалиева. Аз ин андеша бармеояд, ки баланд бардоштани донишҳои тиббии мардум тавассути суҳбату вохӯриҳо ва инъикоси ин мавзӯъ тавассути воситаҳои ахбори омма дар пешигирӣ аз афзоиши бемории ҷоғар мусоидат менамояд.
Хулоса, бо дарназардошти таъсири ин беморӣ ба генофонди миллат пешгирӣ аз бемориҳои камйодӣ аз муҳимтарин масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, дар баробари табибону нозирони сифатнокии маҳсулоти истеъмолӣ, худи мардум низ дар пешгирӣ аз ин гуна бемориҳо бояд саҳмгузор бошанд. Зеро пешгирӣ аз бемории норасоии йод аз табобати он осону арзонтар аст.
Ҷамолиддин Сайфиддин