Баъди нишасти мазкур бо занҳо «нишаст»-и дигаре доштем. Сари мавзӯи синамаконӣ, ширдиҳии сунъӣ ва намудҳои гуногуни бемориҳои кӯдакона хеле суҳбатамон тафсид. Занҳо маълумоти зиёде дар ин хусус доштанд. Аз як нафаре, ки ҳамагӣ чанд моҳ пештар тифл ба дунё оварда буд, суол кардам, ки ба кӯдакаш шири сунъӣ медиҳад ё шири сина мемаконад. Дар ҷавоб гуфт: «Не, аз куҷо ман шир дорам, ки ба кӯдак шири сина диҳам? Тамоми нуқлу неъмати дунёро мехӯрам, вале ширам намерасад. Кӯдак дар чилла буд, ки ба шири сунъӣ гузарондам. Хайр, чӣ кор кунам, охир!? Кӯдакро калон кардан даркор, фарқаш чӣ бо шири сина ё бо шири сунъӣ. Баъзе намуди ширҳои сунъӣ қуввати аз шири табиӣ ҳам зӯртар дорад. Баъзеҳо мегӯянд, ки шояд шират инфексия дорад, ба кӯдак намефорад. Аз ин хотир тарсидам, ки ба кӯдак зарар накунад, баъд ба шири сунъӣ гузарондам».
Давоми суҳбат ба он модари ҷавон аз суханони Шералӣ Раҳматуллоев иқтибос овардам, ки дар нишаст гуфта буд:
- Таваллуди кӯдак барои ҳар хонавода боиси хурсандист, вале аз рӯзи аввали ҳаёт ғизодиҳӣ, инкишофи рӯҳию ҷисмонии кӯдак, ҳолати саломатӣ ва тарбияи ӯ бояд дар мадди назари волидон бошад. Ғизодиҳии дурусти кӯдак аз рӯзи аввали таваллуд ин синамаконист. Ягон модар бе шир нест. Организми занҳое, ки қобили таваллуд ҳастанд, ҳатман қобили бо шир таъмин кардани кӯдаки навзодашонро дорад. Ин барои бархе аз занҳо баҳонаест, ки гӯё шир надоранд ва бояд кӯдакро бо шири сунъӣ ба воя расонанд. Маълумотҳои собитшуда гувоҳи онанд, ки барои таъмини кӯдак то синни шашмоҳагӣ бо маводҳои гуногуни омехтаи ғизоӣ ва барои дастрасии ин маводҳо маблағҳои зиёде сарф мешаванд ва зарба ба буҷаи хонавода мебошад. Барои як кӯдакро аз таваллуд то синни шашмоҳогӣ ғизо додан на камтар аз 56 қуттӣ ғизои сунъӣ лозим аст, ки ҳар яке аз ин қуттиҳо 70 сомонӣ нарх доранд. Дар шаш моҳ ин 3920 сомониро ташкил медиҳад. Пас, андеша кунед, ки зарар ба буҷаи оила чӣ қадар аст? Аз ин лиҳоз, беҳтарин восита, ҳам барои кӯдак ва ҳам оила, инчунин барои солимии модар ширдиҳӣ мебошад.
Сари ин мавзӯъ суханонамро дугонаам гӯш карду гуфт:
- Бале, рост мегӯед. Ҳафтаи аввали таваллуд шир надоштам, баъдтар кам-кам шири сина пайдо шуд, ки аллакай дер шуда буд. Чунки кӯдак бо шири сунъӣ одат кард ва дигар хоҳиши сина макидан надошт. Гиря мекард. Ман ҳам роҳи осони корро ёфтаму синамакониро бас кардам. Баъдтар эҳсос кардам, ки ба буҷаи оила зарар овардам ва кӯдакам ҳам чандон солим нест. Ҳар рӯз дар дари касалхона ҳастам. Як рӯз шикамрав, рӯзи дигар таб… Хуллас, аз саломатиаш ҳама вақт нигаронам.
Воқеан, аз фоидаи синамаконӣ аксарияти бонувон шояд огоҳ нестанд, ки хубиро дар ғизодиҳии сунъӣ мебинанд. Аммо бартарии шири модар ба кӯдакро таҷрибаи ҳазорсолаҳо исбот кардааст:
- Шири модар барои истеъмол доимо тайёр аст;
- Шири модар турш намешавад;
- Шири модар ройгона аст;
- Барои кӯдак танҳо шири модар тавсия дода мешавад.
Қутбия