Кэрол иқрор омадааст, ки хислати ҳарисӣ ба ғизо дар ӯ бар асари як ҳодисаи хонаводагӣ сар мезанад. Иттифоқо як тан аз хешовандони наздикаш қасди таҷовуз ба номусаш мекунад. Дар бистсолагиаш вазни Кэрол Йегерро ҳатто пойҳояш намебардоштанд. Духтари ҷавон то ҳадде вазн афзуда буд, ки ёрои мустақилона аз болину бистар боло шуда, анҷом додани ҳаракати одитаринро надошт. Ба парастории ӯ кормандони соҳаи тиб машғул буданд. Тадриҷан табибон ба хулосае омаданд, ки пайомади фарбеҳӣ барои Керол бад хоҳад буд. Бо гузашти ҳар рӯз Керол фарбеҳтар мешуд. Бо истифода аз барномаи парҳезии Ричард Симмонс ба Йегер муяссар шуд, ки худро ройгон муолиҷа намояд. Аммо табобат ба Керол нафъе набахшид. Чун дар қайди болину бистар афтод, ташхиси табибон дар бадану бунёни Керол маризиҳои тоза ба тоза ва нав ба навро муайян мекард.
Дар як сол амрикоизанро аз ҳашт то даҳ бор ба беморхона бистарӣ намуда, ҳангоми интиқолаш кормандони хадамоти сӯхторнишонӣ аз техникаи махсус истифода менамуданд. Соли 1993 вазни Керол ба 540 кг баробар шуда, ба маризии варамкунӣ дучор гардид. Дар беморхонаи «Hurley Medical Center» ба Кэрол Йегер муяссар шуд, ки тавассути риояи қатъии реҷаи парҳез 235 килограмм вазнашро коҳиш диҳад. Аммо баъд аз се моҳи аз беморхона муррахасӣ шудан, фарбеҳшавияш хуруҷ карда, вазнаш ба 727 кг расиду ҳамчун гаронвазнтарин зани дунё шинохта шуд. Керол Йегер соли 1994 дар синни 34 солагиаш аз олам чашм пӯшид. Ӯ дар қабристони шаҳри Флинт мадфун мебошад.
Марди фарбеҳтарини рӯи дунё Ҷон Миннох мебошад. Ӯ соли 1941 дар ҷазираи Бейнбриҷи иёлоти Вашингтон таваллуд шудааст. Бо вуҷуди фарбеҳ будан ӯ ҳамчун одами солим умр ба сар бурдааст. Дар ҷавонӣ аз шуғли ронандагӣ ризқ меёфт. Он замон ӯ бист сол дошту қадаш 185 см, вазнаш 180 кг буд. Шурӯъ аз 24-25 солагӣ вазни Ҷон тадриҷан рӯ ба афзоиш овард. Соли 1966 вазнаш ба 317,5 кг баробар шуд. Даҳ сол пас вазнаш ба 400 кг расид. Аз ҳаракат бозмонданаш сабаби коҳиш ёфтани буҷааш гашт. Бад-ин иллат вазнаш ба 635 кг баробар шуд. Барои ӯро ба паҳлу гардонидан 14 ёрдамчӣ лозим меомад. Баъд аз муолиҷаи тиббӣ вазни Ҷон Миннох то 215 кг коҳиш хӯрд. Вақти табобат Ҷон то 5 кг дар як ҳафта вазн мепартофт. Аммо баъди аз беморхона баромадан боз вазн афзуда, дар як ҳафта то 90 кг фарбеҳ мешуд. Соли 1983 Ҷон аз дунё даргузашт. Ӯ соҳиби ду фарзанд буд.
Фарбеҳтарин одами сайёра, ки тавонист ба дараҷаи рекордӣ вазнашро коҳиш диҳад, Мануэль Урибе ҳисоб меёбад, ки дар 22 солагиаш вазнаш ба 130 кг баробар буд. Ӯ бидуни кӯмак ҳаракат карда наметавонист. Мануэл ба таҳлука афтода аз табибон имдод хост. Табибон ба ӯ тавсия доданд, ки барои аз вазни зиёдатӣ халос шудан амалиёти ҷарроҳӣ гузаронад. Аммо ин марди фарбеҳ аз ҷарроҳӣ даст кашида, парҳезро риоя намуд. Бо кӯмаки ҳамсараш тавонист дар 42 солагиаш 230 кг вазнашро кам кунад. Клаудиа тавонист тариқи машқҳои ҷисмонӣ ва рақс Мануэлро аз фарбеҳӣ раҳо созад. Феълан Мануэл дар талошу тараддуди он аст, ки боз ду баробари дигар вазнашро партояд.
Кӯдаки фарбеҳтарин Ҷессика Леонард аз Чикаго дониста шудааст. Соли 2007, дар шабакаҳои телевизионии машҳури Амрико Ҷесикаро намоиш доданд. Он айём кӯдак ҳафт сола буду вазнаш 222 кг буд. Шуғли дӯстдошааш хӯрдани ғизо ба шумор мерафт. Ба гуфти модараш Ҷессика баъди бархостан аз назди мизи хӯрокхӯрӣ боз ғизо талаб мекард. Асосан чизбургер, гамбургер, мурғу картошкаи бирён, питсаро дӯст медошт. Дар натиҷа вазни Ҷесика дар 3 солагияш ба 77 кг баробар гардида, дар чорсолагиаш ба 100 кг расид. Ин кӯдаки амрикоӣ ҳатто мустақилона рост истода наметавонист. Аммо бо нафастангии зиёд метавонист хазида ҳаракат намояд. Ҳамзамон Ҷесика дучори мушкил дар ҳарфзанӣ гардид. Аз вазни зиёд бадани ӯ тағйир ёфта, устухонҳои пояш каҷ гардида, буғумҳояш номатлуб ташаккул ёфтанд. Пас аз гузоришҳои зиёд оид ба кӯдаки фарбеҳтарини ҷаҳон ҷомеа ба таҳлука афтода, талаб намуданд, ки модари ӯро ба ҷавобгарӣ кашанд. Бо талабу тақозои ҷомеа Ҷесикаро табибон ба парҳези қатъӣ шинонданд, ки пас ним сол вазнаш ба 82 кг баробар гашт. Аммо пӯсти баданаш ҷо-ҷо халта зада буд, ки онро буридан лозим буд. Пас аз як қатор амалиёти ҷарроҳӣ духтурон тасмим гирифтаанд, ки Ҷесика Леонардро ба зиндагии муқаррарӣ баргардонанд. Кӯшиш идома дорад.
Мадина