Дар асри шонздаҳ табиби дарбори шоҳи фаронса Людовики понздаҳ Амбруаз Паре бори аввал таваллуди кӯдакро тавассути ҷарроҳии кесаревао зани ҳомилаи зиндаро гузаронид. Аммо оқибати ин амалиёт ғолибан бо марг анҷом меёфт. Иштибоҳи Паре ва пайравонаш дар он буд, ки табибон баъди ҷарроҳӣ чоки бачадонро намедӯхтанд. Ҷарроҳӣ танҳо барои наҷот додани кӯдак истифода шуда, аз имкони раҳо додани мода аз чанголи марг табибон бехабар буданд. Танҳо дар асри 19 пешниҳод шуд, ки бачадонро ҳангоми ҷарроҳӣ бурида берун кунанд. Дар натиҷа фавт то 20-25 дар сад коҳиш хӯрд. Пас аз панҷ сол бачадонро бо усули кӯкзании сеқабата медӯхтанд. Ҳамин гуна марҳалаи нави таваллуд тавассути ҷароҳии кесарево оғоз ёфт. Онро на танҳо дар занони фавтида балки бо мақсади наҷот додани ҷони худи зан низ истифода мекарданд. Бо оғози замони антибиотикҳо миёнаҳои қарни 20-ум раванди ҷарроҳӣ беҳтар шуда, ҳодисаҳои фавт дар ҷараёни амалиёт хеле кам рух медод. Ҷарроҳии кесарево замоне сурат мегирад, ки ҳангоми таваллуди табиӣ мушкилӣ пеш ояд. Одатан ин ҷарроҳӣ ба шакли амудӣ сурат мегирад.
Пас аз ҷарроҳӣ мушоҳидаи шабонарӯзии ҳолати зан ба роҳ монда мешавад. Дар болои шикам қутии яхро ҷо дода моддаҳои карахткунанда мегузаронанд. Дар баъзе ҳолатҳо корбурди антибиотикҳоро низ тавсия мекунанд. Феълан табибон ба хулосае омадаанд, ки дар ҳоли қатъ гардидани хунравӣ сӯзандору задан дар шарён шарт нест. Табибон барои барқарор шудани саломатии модар риояи фосилаи байни тавалудро тавассути чарроҳии кесарево тавсия медиҳанд.
Аввалин таваллуд тавассути усули кесарево дар зани зинда соли 1610 аз ҷониби ҷарроҳ Траутманн аз Виттенберг гузаронида шуд, ки пас аз чор ҳафтаи амалиёти ҷарроҳӣ модар ба ҳалокат расид. Аммо марги модар ба амалиёти кесарево заррае рабт надошт. Дар қаламрави Россия таваллуд тавассути кесареворо соли 1976 ҷарроҳ И. Эразмус анҷом дод. Дар соли 2000 мексикоизан Инес Рамирес Перес танҳо ин амалиёти хатарнокро гузаронид.
Таҳияи Мадина