Соли 1988 Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ санаи 31 майро Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни тамоку эълон доштааст. Ҳар сол ин ташкилот дар якҷоягӣ бо шарикони худ дар тамоми дунё ин рӯзро ҷашн гирифта, ба мардум дар бораи зарари он ба саломатии инсон, роҳҳои наҷот ёфтан аз тамокукашӣ, ёрӣ расонидан ба наслҳои оянда тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ, хифзи муҳити зист, иҷтимоиёту иқтисоди оила ва паст кардани сатҳи истеҳсолашро дар кишварҳои олам бори дигар ёдрас мекунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ назди худ мақсад гузошта буд, ки то расидан ба асри 21 масъалаи тамокукашӣ ба пуррагӣ решакан мегардад, мутаассифона, аз садаи нав солҳо сипарӣ гашту ҳанӯз ин мушкилот боқист.
Дар дуди сигор мавҷуд будани 30 намуд аз моддаҳои заҳрноктаринро олимон дар асоси тадқиқот собит сохтаанд, аз ҷумла никотин, чандин намуди кислотаҳо, аммиак ва ғайра. Маҳсулоти тамоку аз барги хушки тамоку истеҳсол мегардад, ки дар таркибаш сафедаҳо, карбогидратҳо, намакҳои минералӣ, ферментҳо дорад, вале аз ҳама моддаҳои барои саломатии инсон хатарноктарин никотин ва изопреноидҳо мебошанд.
Дар асоси тадқиқотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар олам ҳар сол беш аз 6 млн. кас аз «вабои тамоку» мефавтанд ва 600 ҳазор нафар аз заҳролудшавии дуди тамоку мемиранд. Ба гуфтаи коршиносон афзоиши рақамҳо боиси нигаронӣ буда, шояд то солҳои 2030 ин шумора ба 8млн. нафар расад.
Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол ба воситаи барпо намудани вохӯрию нишастҳо барои кам кардани шумораи истифодабарандагони тамоку аз роҳбарияти кишварҳои тамоми дунё даъват ба амал меорад, то роҳҳои тарғибу ташвиқи намудҳои тамоку пеш гирифта шаванд, андоз аз даромади фурӯши он боло равад, то тиҷорати он коста гардад ва миёни ҷавонону наврасон дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.
Дар ҳамбастагӣ ба ин мавзӯъ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» бо иштироки рӯзноманигорон мизи мудаввар доир гардид, ки дар он роҳбари намояндагии ТУТ Игор Поканевич, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров суханронӣ карданд. Аз ҷумла, Игор Поканевич чунин қайд кард:
- Бастабандӣ намудани тамоку бояд хеле оддӣ бошад, то он диққатҷалбкунандаю тарғибкунанда набошад. Албатта, ин бар зарари фурӯшандагони тамоку аст. Агар қуттиҳои сигор ҳар қадар пурҷилою серороиш бандубаст гарданд, мо ба ҳадафи худ, яъне дур кардани мардум аз маҳсулоти заҳрнок, ки ҳар сол боиси марги садҳо ҳазорон мешавад, нахоҳем расид.
Наврӯз Ҷафаров қайд кард, ки азбаски дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли тамоку пас аз шӯравӣ аз фаъолият боз монда бошад ҳам, вале маҳсулоти хом, яъне барги тамоку дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ парвариш меёбад ва бо ҳар роҳу восита бархе аз шаҳрвандон ба тайёр кардани нос машғуланд ва мутаассифона то ҳанӯз аз болои истеҳсолкунандагони он назорат нест. Дар манотиқи кӯҳистони кишвар аз хокистари арча ва дар шаҳрҳо бошад, аз хокистари саргини мурғ ё оҳак нос омода мекунанд. Пажӯҳишҳо собит кардаанд, ки моддаҳои кимиёвии мавҷуд дар таркиби нос 10 маротиба бештар аз меъёр мебошад.
Даст кашидан аз истеъмоли тамоку хеле мушкил аст. Мусаллам аст, ки никотин заҳри мутодкунанда буда, қасди тарки он мушкил хоҳад буд. Аммо, биёед, дар якҷоягӣ бар зидди ин заҳри қотил мубориза барем, бо иродаи мустаҳкам, ба хотири солимии ҳам худу ҳам ҷомеа!
Қутбияи Неъматулло