Барои барқарор намудани ҷоғи Вилли, Гарольд Гиллис аз усули "walking-stalk skin flap" истифода намуд. Гартолд аз пӯсти сина ва пушти Вилли лахте гирифта ба ҷоғаш часпонд. Ҳамин гуна аз ҳисоби бофтаҳои донории худаш манаҳаш барқарор шуда, аз сироятёбӣ эмин монд. Бояд қайд намуд, ки он замон одамон дар бораи антибиотикҳо ва доруҳои таскинбахши дард ягон тасаввурот надоштанд. То соли 1920 Вилли Викарий пурра аз захмҳо шифо ёфт, аммо то охири умр аз нашъамандӣ азият мекашид.
Инсоният давоми ҳазорсолаҳо кӯшиш менамояд, ки ба дараҷаи баланди илми тиб бирасад. Орзуи дилкашу рӯйи хушрӯй доштан ва аз ҳама зеботар будан, хоси ҳар як зан аст. Агар пештар ҷарроҳии пластикӣ танҳо ба ситораҳои синамо дастрас буд, айни замон одамони оддӣ низ аз он зиёд истифода менамоянд. Онҳо бе ягон андеша, барои тағйири зоҳир ва нисбатан ҷавонтар шудан зери ҷарроҳӣ меоянд. Бо ёрии ҷарроҳии пластикӣ метавон нуқсҳои ҷисмонӣ, модарзодӣ, захмҳои пас аз садама ва нуқсҳои пӯстро бартараф намуд. Дар ин сурат ҷарроҳӣ манфиатнок ба шумор меравад. Ба воситаи ҷарроҳии пластикӣ метавон то дер боз ҷавонии зоҳириро нигоҳ дошт. Вале хатари ҷарроҳии пластикӣ дар он аст, ки мудохилаи ҷарроҳ ҳама вақт хатарро эҷод менамояд. Бунёни ҳар як нафар гуногун буда, натиҷаи ҷарроҳиро наметавон пешгӯӣ кард. Ягон табиб ба фарҷоми неки ҷарроҳӣ комилан замонат дода наметавонад. Аксуламалҳои ҳассосӣ ба таҷҳизоти тиббӣ имконпазир мебошад. Бояд гуфт, ки пас аз чанд сол таъсири ҷарроҳӣ гум шуда, амалиёти дубораи пластикӣ лозим мешавад.
Мадина