Зимни суханронии худ дар мавриди вазъи кунунии маъюбон, сардори раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев қайд намуд, ки то санаи 1 январи соли 2015 дар ҷумҳурӣ 153 248 нафар маъюб ба қайд гирифта шуданд, ки 25 ҳазори онҳоро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Қайд гардид, ки имрӯз ба хотири солимгардонии кӯдакону наврасони маъюб ба тарзи дуруст 8 нафар мутахассиси ҷавон дар Ҷумҳурии мардумии Чин бозомӯзиро гузаштанд. Ҳоло баъди бозгашт мутахассисон бомуваффақият амалиётҳои ҷарроҳиии қалбро дар кӯдакон мегузаронанд. Ҳамчунин, 250 нафар кӯдакону наврасони гирифтори ноқисиҳои узвҳои ҳаракату такягоҳ ҷарроҳиҳои гуногунро паси сар намуда, мутахассисон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Олмон ҳамасола дар кишвар амалиёти тиббии тармими лаби боло ва кому ҷоғро иҷро мекунанд. Давраҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисосро гурӯҳи калони мутахассисони тоҷик ҳамчунин дар кишвари Ҳиндустон гузаштанд. Ҳамасола дар муассисаҳои тавонбахшии ҷумҳурӣ беш аз 3000 нафар кӯдакону наврасон саломати худро барқарор мекунанд. Ба хотири пешгирӣ аз ба хонаҳои кӯдакон супоридани кӯдакони маъюб дар 9 маркази тиббию машваратӣ ва 2 маркази дахолати саривақтӣ, 21 ҳуҷраи машваратӣ малакаву нигоҳубини дурусти тифлакони маъюб ба волидони онҳо омӯзонида мешавад.
Роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Игор Поканевич чунин мегӯяд: “Имрӯз, бо вуҷуди хуб ба роҳ мондани дастгирии кӯдакону наврасони маъюб мо бар он мекӯшем, ки дарёфтиу табобати саривақтии онҳоро низ хуб ба роҳ монем. Сари вақт ба қайд гирифтани кӯдакони имконияти маҳдуддошта ҳам барои барқарорсозии барвақтии саломатии онҳо ва ҳам барои ба модарон омӯзонидани малакаи нигоҳубинашон мусоидат мекунад”.