Солҳои ахир бемории саратон дар қатори дигар навъҳои маризӣ, аз қабили касалии қанд ва фишорбаландӣ хеле васеъ доман паҳн кардааст. Коршиносон аз таҷрибаҳои андӯхтаашон ба хулосае омадаанд, ки бемории саратон роҳҳои пешгирикунанда дорад. Яъне чӣ тавр? Хеле осон ба воситаи истеъмоли маводҳои хӯрока ва меваю сабзавот метавон аз гирифторшавӣ аз ин маризӣ наҷот ёфт.
1. Чойи кабуд. Чойи кабудро муддати 10 дақиқа дам карда, сипас дар давоми як соат нӯшед. Дар як рӯз нӯшидани 2-3 пиёла чойи кабуд кофист;
2. Равғани зайтун. Ҳар рӯз хӯрдани як қошуқча равғани зайтун инсонро аз гирифторшавӣ ба бемории саратон эмин медорад;
3. Зардчӯба. Дар хӯрок ҳар рӯз омехта намудани зардчӯба аз фоида холӣ нест;
4. Олу, олуболу, зардолу, шафтолу ва қулфинайро дар ҳама фасли сол бояд истеъмол кард. Фарқ надорад, ки шумо меваи навпухтаи онҳоро мехӯред ё шарбату нӯшоба, ё мураббои аз ин меваҳо омодашударо;
5. Карамро бештар дар шакли дампухта хӯред;
6. Хӯрдани ҳамаи навъи пиёз. Бахусус сирпиёз. Роҳҳои зиёди омода кардани ғизоҳо аз пиёз миёни мардуми мо маъруф аст. Масалан пиёзсӯзак ё худ пиёзбирён. Агар ҳамин пиёзсӯзакро бо равғани зайтун тайёр кунед, беҳтар мешавад;
7. Қорч ё занбурӯғ ҳам мегӯянд;
8. Шоколод. Аз ҳама навъи беҳтаринаш дорои 70 % какао мебошад. Агар ширӣ набошад, хеле хуб аст;
9. Помидор. Помидори дар равғани зайтун пухта муфид мебошад.
Олимони тиб роҳҳои дигари пешгирӣ аз бемории саратонро низ дар риоя кардани қоидаҳое медонанд, ки дар аксар ҳолатҳо аз ҷониби одамон сарфи назар мешаванд. Масалан, кашидани тамоку, майнӯшӣ, дур шудан аз корҳои ҷисмонӣ ва ғайра.
1. Аз тамоку даст кашед!
Тамокукашӣ эҳтимолияти зиёди ба бемории саратон гирифтор шудани ин узвҳои баданро ба миён меорад; ҷигар, меъда, ғадуди зери меъда, гурда, роҳҳои пешобдон ва ғайра.
2. Аз офтоби сӯзони фасли тобистон худро нигоҳ доред! Олимон дар қатори тадқиқоти кардаашон зарар ёфтани пӯсти инсонро аз нурҳои ултрабунафш исбот кардаанд. Аз ин хотир, тавсия медиҳанд, дар ҳавои тафсон аз айнакҳои сиёҳ, кулоҳ, малҳамҳои аз нурҳои офтоб муҳофизаткунанда барои пӯсти дасту рӯй, пӯшидани либосҳое, ки пӯсти баданро аз офтоб эмин медоранд, истифода кунем.
3. Риояи таносуби вазн. Фарбеҳӣ низ эҳтимоли ба саратон гирифтор шуданро дорад. Махсусан барои бонувон фарбеҳӣ хатарнок буда, ба гуфтаи коршиносон миёни 40 дарсади занҳои фарбеҳ эҳтимоли гирифтор шуданашон ба шаклҳои гуногуни бемории саратон, аз қабили саратони ғадуди сина, мавҷуд мебошад.
Тани сиҳат бехи давлат, мегӯянд. Тандурустӣ зиндагиро ребу ранги тоза мебахшад.
Қутбия