Ёри танҳо Худост гуфтаанд. Дар фурудгоҳ ҳамдеҳаашро дид, ки ӯ дар бораи шавҳари Маҳбуба ва макони зисташ хабар дошт. Гӯё мулоқот аз азал рақам зада буданд, мегӯяд ӯву чашмонаш пури об мешаванд. Ҳамдеҳааш ӯро ба хонаи зисти шавҳараш бурд, ки аз шаҳр дар масофаи хеле дур, дар деҳае воқеъ буд. Шавҳарро бистарии бемории музмин дарёфт. Хайриддин ҳам аз омадани Маҳбуба ҳайратзада чӣ гуфтанашро намедонист. Ҳамсарашро дидан замон ба накӯҳиш лаб кушуд: «Чаро омадӣ? Ман беморам, дардам гузаранда бувад, аз он эҳтимол ту низ сироят ёбӣ». Маълум шуд, ки ӯ аз маризии сил азият мекашид.
Ин буд, қисмати як тан муҳоҷире аз ҳазорон, ки бар асари ғаму ғурбати бар нақди сиҳатиаш ризқу рӯзӣ пайдо мекард. Бемории сил таърихи куҳан дошта, аввалин маротиба олими немис Роберт Кох соли 1882 микробактерияҳои онро кашф кардааст, ки то ба имрӯз ин чӯбчамикробҳо бо номи микробактерияи Кох муаррифӣ мешаванд. Табобати доругии ин беморӣ соли 1945 аввалин маротиба ба роҳ монда шуд, вале мутаассифона, сил бо истифода аз як намуди даво маҳв нагардид. Баъдан, солҳои 80-уми асри гузашта дигар намуди доруҳо кашф шуданд ва то имрӯз мубориза бо ин навъи микробактерияҳо идома дорад. Ба гуфтаи таҳлилгарон дар соли 2013 тақрибан 13 млн. кас дар ҷаҳон ба бемории сил мубтало гаштаанд, ки аз ин шумора тахминан 1,5 млн. нафар бар асари он фавтидаанд. Хуллас, коршиносони ришта исбот намудаанд, ки бемории сил асосан мушкили иҷтимоист ва бо мадади ҷомеа табобат мешавад.
Аз ин хотир, чанде пеш бо дастгирии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Бемории сил ва коҳиши доғгузорӣ дар ВАО» омӯзиши амалии серӯза барои рӯзноманигорон сурат гирифт. Дар ин омӯзиш роҷеъ ба масоили пешгирию табобати шаклҳои гуногуни бемории сил, тарзи таҳияи касбии матолиб оид ба масоили маризии мазкур ва шаклҳои он, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии инъикоси мавзӯъ, инчунин мусоидат ба коҳиши табъиз ва доғгузории гирифторони он дар матолиби ВАО-и Тоҷикистон ба иштирокчиён омӯзонда шуд.
Дар омӯзиши амалии доиргашта дар бораи бемории сил ва роҳҳои сироятёбии он Қадриддин Пиров, муовини сардори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил аз ҷумла чунин қайд кард:
- Дар ҷумҳурӣ айни замон 66 марказ ва 34 беморхона барои табобати беморони сил фаъолият дорад. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дигар кӯшиш дорем, то сатҳи асароти бемории сил дар миқёси кишвар коҳиш ёбад. Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ сол аз сол перомуни ин мушкил тамоюли ҷиддиро касб мекунад. Ин аст, ки аз соли 2006 дар ҷумҳуриамон низ барои ба қайд гирифтани гирифторони бемории сил ва табобати онҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Сабабҳои густариши ин беморӣ сатҳи пасти зиндагии аҳолӣ, асабонияти доимӣ, нарасидани мутахассисон, мушкилоти дастрасии мардум ба табибон, муҳоҷират ва билохира ВНМО мебошад. Вақте духтурон миёни мардум аз пайдоиши бемории сил ва ё пешгирии он маълумот намедиҳанду аҳолӣ дар бораи ин маризӣ огаҳӣ надоранд, тамғагузорӣ ё худ доғгузорӣ ба вуҷуд меояд. Доғгузорӣ низ омили дигари паҳншавии беморӣ гаштааст.
Дар омӯзиши амалии зикршуда ҳамчунин ду нафар шифоёфтагон аз бемории сил низ ширкат доштанд. Як тан аз онҳо дар муҳоҷират мубталои ин маризӣ гардида, назари дигар ин аст, ки замони донишҷӯияш ба сил гирифтор шудааст. Онҳо дар ҷараёни суҳбат бо рӯзноманигорон дар бораи чӣ гуна ва бо кадом усулҳо шифо ёфтани худ нақл карданд. Зафар қаҳрамони аввалаамон чунин мегӯяд:
- Соли дуюми донишҷӯиям, соли 2004 буд. Давраи имтиҳонот ҳар рӯзро дар китобхона мегузаронидам. Қаблан сулфаи дурудароз, ки беш аз 2-3 ҳафта давом кард, маро аз по афтонд. Шабҳо то 3-4 куртаро аз арақ тар мекардам, табам гоҳе боло мерафт, қафаси синаам месӯхт. Фикр мекардам, ки аз ҳавои сард бемор шудаам. Бо тавсияи як дӯстам ба дармонгоҳи №1-и шаҳри Душанбе омадам. Баъди ташхис духтурон аз бемории сил даракам доданд ва маро ба яке аз касалхонаҳои ҷумҳурӣ барои табобат фиристонданд. Дар аввал аз ин беморӣ ба даҳшат афтодам, зеро медидам, ки аз як оила то 5-6 нафар бар асари он мефавтиданд. Ба худ қавл додам, ки пурра аз пайи табобат мешавам ва дар истеъмоли доруҳо саҳлангорӣ намекунам. Ҳар як шиору овезаҳои беморхонаро мехондаму фикрона таҳлил мекардам. Дар муддати як моҳ шифо ёфтам ва баъдан ба хулосае омадам, ки он нафарони табобатнаёфта бо айби худашон сиҳат нашудаанд. Яъне, аз тавсияи духтурон сар печидаанд ва доруҳоро саривақт нахӯрдаанд. Ман имрӯз комилан сиҳатам ва дар байни мардум кору зиндагӣ дорам. Соҳиби оилаи солим ва кӯдакони бардам ҳастам.
Дар ин омӯзиши амалӣ инчунин Зумрад Максумова, директори Барномаи USAID оид ба мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон, Парвина Мухторова, директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Қурбонгул Зокирова, мутахассиси силшинос, ва Абдусамад Латифов, корманди созмони ҷамъиятии «Эътилофи боздошти сил дар Тоҷикистон» роҷеъ ба ин мавзӯъ фикру мулоҳизаҳои судманди худро ироа намуданд, ки дар ин замина ҳамчунин мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми ҳамоиши озмоишӣ ба иштирокчиён гувоҳномаҳо дода шуд.
Қутбияи Неъматулло