Дар тиби халқӣ мева ва баргу гули он ҳамчун маводи шифобахш истифода мешавад. Махсусан, барои табобати бемориҳои рагу дил, асаб, диабети қанд, тарбод муфид ҳисобида шуда, холестирини хунро дар организми инсон паст мекунад. Агар нафаре, ки ба бемории дарунрав гирифтор гардад, аз меваи дӯлона, каме бо илова аз алафи заргулак (пижма) ва хуч чой дам карда нӯшад, тезтар шифо меёбад. Аз он ки дӯлона хусусияти паст кардани дардро дорад, онро метавон ҳангоми дарди сар, дарди миёну буғумҳо ва тахтапушт истифода кард. Фоидаи онро асосан гирифторони бемориҳои талхадон, ҷигар, роҳҳои пешобдон ва рӯдаву гӯрда бештар эҳсос мекунанд.
Ба гуфтаи мутахассисон, дар ҳар кишвари дунё барои табобати ҳар гуна бемориҳо бо таври гуногун аз дӯлона истифода менамоянд. Масалан, дар Ғарб барои беморони гирифтори санги пешобдон, дарунрав ва ангина дӯлонаро тавсия медиҳанд. Дар кишвари Белорус бошад, ба беморони меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ва астма истеъмоли дӯлонаро муфид медонанд. Табибони Сибир бошанд, аллакай барои рафъи бемориҳои занона аз дӯлона истифода бурданро ба корафтодагон тавсия медиҳанд.
Вале як нуктаро бояд ба назар гирифт, ки ҳама чиз меъёри худро дорад. Зеро баъзе нафароне ҳастанд, ки «фалон растанӣ ва ё гиёҳ ин қадар хусусиятҳои шифобахшии зиёд доштааст», гуфта, ба қавле бебаркаш аз он истифода мекунанд. Масалан, дӯлона агар дорои хусусиятҳои зиёди шифоӣ дошта бошад ҳам, вале барои беморони гирифтори фишори паст зараровар ҳаст. Яъне, зиёд истеъмол намудани он фишорро паст мекунад. Ба кӯдакон низ истеъмоли зиёди дӯлона зарар дошта, ба дарди шикам ва дилбеҳузурӣ гирифтор мекунад.
Дӯлонаро чӣ гуна метавон захира кард?
Баргу гули дӯлонаро дар мавсимаш метавон ҷамъоварӣ кард. Меваашро бошад, ҳоло айни муддаост, ки захира намоед. Чунки моҳи октябр давраи пурра пухта расидани дӯлона аст. Пас, чӣ гуна онро захира кард? Дар ҳавое, ки боронӣ нест, ҳосили дӯлонаро ҷамъоварӣ намоед ва бо оби тоза шӯед. Дар рӯи фонер ва ё картон дар ҷойи шамолрас тунук кунед. Баъди хушк шуданаш онро дар халтачаҳои латтагин ва ё коғазин андохта, метавонед муддати 2 сол истифода намоед.