Дар деҳот ва манотиқи куҳсор ин тағйирот бештар эҳсос мегардад. Рӯзона гарм мешавад. Ана ҳамин радду бадали ҳарорати шабонарӯзии ҳаво низ ба организм бетаъсир нест ва сабабгори беморӣ шуда метавонад, яъне агар эҳтиёт накунем, метавонем ба шамолхӯрии узвҳои нафас ва ғайра гирифтор шавем. Аз ҷониби дигар, барангезандагони бемориҳо дар ин мавсим зиёд мегарданд ва ин равандро солҳо олимону муҳаққиқона соҳа мушоҳида ва ба қайд гирифтаанд. Дар пояи ин омилҳо табибон ҳамасола ба аҳолӣ дастуру тавсияҳои судманд медиҳанд, то одамон қабл аз гирифторӣ ба бемориҳо организми худро обутоб диҳанд. Ин кафолати бемор нашудан ва ё сабук паси сар кардани баъзе бемориҳоро дода метавонад. Пас, агар хоҳед, ки шумо ва фаразандонатон бемор нашаванд, чӣ бояд кард?
-Имкон фароҳам оред, ки кӯдакон бештар ҳаракат кунанд. Ба варзиши пагоҳирӯзӣ машғул шаванд. Ҳамроҳи фарзандон ҳар субҳ каме машқи бадан кунед. Ин устувории организмро ба вирусҳо зиёд мекунад. Ба дабиситону кӯдакистон бо чеҳраи хандон бурдани кӯдакон ҳам таъсири хубе дорад ба организми фарзандонатон, зеро табъи хуш низ як усули таъмини рӯҳу равони солим аст.
-Усули дигар истифодаи фитотерапия аст. Дар давраи хурӯҷи эпидемия кӯдаконро бо витамини С таъмин бояд кард. Пурқувват кардани муқовимати организм ба бемориҳо имкони саломатии хуб доштани кӯдаконатонро бештар месозад. Ба онҳо лимончой диҳед. Истеъмоли асалро бо чой бештар кунед. Метавонед аз дорухонаҳо витаминҳои махсуси қувватдиҳандаи организмро дарёб намуда ҳамроҳ бо кӯдаконатон истеъмол намоед.
-Кудакон бояд дар ин мавсим ҳарчи бешар меваю сабзавот истеъмол намоянд. Донишмандони амрикоӣ ба хулосае омадаанд, ки муқовиматнокии организмро сабзавоти рангаш сабз: карам, нахӯди сабз ва амсоли онҳо зиёд мекунад. Сабазвот бояд ҳамеша тару тоза бошад, зеро дар ҳолати зиёд нигоҳ доштан таъсири витаминҳо кам мешавад. Кӯшиш намоед, ки фаразндонатон ҳамарӯза мева истеъмол намоянд.
-Усули дигари пурқувват кардани организм ва тобоварии он ба вирусҳо, ин эмгузаронӣ аст. Эмкунӣ ҳамасола мутобиқи нақша гузаронида мешавад ва шумо набояд аз ин маъракаи бисёр ҷиддӣ дар канор монед.
-Таҳти назорат гирифтани вазъи рӯҳию равонии кӯдакон хеле муҳим аст. Асабоният метавонад сабабгори бемор шудани онҳо гардад. Дар ҳолати ноҷӯрии рӯҳию равонӣ қарор доштани фарзандон, аз ҷумла худи волидон, муқовимати организм суст мегардад ва имкони гирифторӣ ба бемориҳоро зиёд мешавад. Аз ин лиҳоз, кӯшиш кардан лозим аст, ки ҳолати рӯҳию равонии шумо ҳамеша муътадил бошад.
-Хоби бароҳат низ як омили асосии солим будани инсон аст. Бехобӣ ва ё хоби нороҳат метавонад сохтори муқовиматии организмро коҳиш диҳад. Риояи реҷаи рӯз барои кӯдакон хеле муҳим аст, ба хусус барои кӯдаконе, ки ба кӯдакистонҳо мераванд. Волидон ҳатман бояд назорат кунанд, ки кӯдакон дар вақту соати муайян хоб кунанд ва истироҳат намоянд.
-Дар ҳолати гирифторӣ ба бемории зуком, ки маъмулан дар ин мавсим зиёд мешавад, ба худтабобаткунӣ машғул нашавед ва ҳатман ба духтур муроҷиат намоед. Ин намуди бемориро баъзан аксар ҷиддӣ қабул намекунанд ва бо ҳар роҳу усул ба табобат машғул мешаванд, ки ин хеле хатарнок аст. Ба хусус агар кӯдакон гирифтори ин беморӣ шуда бошанд, худсарона ҳар гуна маводи табобатиро истифода набаред. Ҳатман ташхиси табибон ва тавсияи онҳо муҳим аст.
-Дар интихоби либоси мавсимӣ низ ҷиддӣ бошед. Субҳгоҳон ҳангоми ба кӯдакистону дабистон рафтани кӯдакон либоси заруриро пӯшонед, то аз ҳавои нисбатан хунуки пагоҳирӯзӣ осеб набинанд. Ҳавои кушода ва осмони софи субҳи фасли тирамоҳ фиребанда аст. Ҳарчанд софу беғубор бошад ҳам, аммо хунук аст. Рӯзи офтобӣ гуфта либоси тунук напӯшед, ки бемор шуданатон аз эҳтимол дур нахоҳад буд.
Ҳамеша ҳифзи саломатии худу кӯдаконро як амали домии худ қарор диҳед! Варзиш ва ғизои солимро интихоб намоед. Ин кафили солимии шумо ва аҳли хонадонатон аст!
Р.Камол