Ботулизм. Ин ибора аз асри 18 инҷониб барои инсоният маълум аст ва занони оқилу ҳушманде, ки аз оқибатҳои фоҷиабори он маълумот дорад, вақти тайёр кардани консерва ва лаҳзаи пеш аз истеъмоли он аз эҳтиёт кор мегиранд. Ботулизм як навъи бемории хатарзоест, ки оқибати он ба марги одамон оварда мерасонад. Тибқи гузориши солонаи Барномаи ҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол дар ҷаҳон то 1000 нафар одамон аз асари ин беморӣ ба ҳалокат мерасанд. Ба гуфтаи олимони тиб 3 килограмми ин заҳр метавонад тамоми инсонияти кураи Заминро маҳв созад. Ботулизм бемории гузаранда нест, аз он танҳо нафарони истеъмолкунандаи маҳсулоти заҳролудшуда сироят мешавад. Ҳамчунин тифлоне, ки шири модари заҳролудшударо истеъмол мекунанд, низ сироят меёбанд. Бояд гуфт, ки ҳанӯз роҳҳои мубориза ва пешгирӣ аз ботулизм пурра омӯхта нашудааст ва то кунун ба олимони соҳаи тиб муяссар нашудааст, ки ваксинаи бартарафкунандаи ин микробро ихтироъ намоянд. Нишонаҳои сироятшавӣ аз ботулизм ба бемории дарунравӣ шабоҳат дошта, дар шахси заҳролудшуда иллатҳои сустии мушакҳо, беҳолӣ, хушкшавии оби даҳон, ҳарорати баланд, чарх задани сар мушоҳида мешаванд. Табибон ҳушдор медиҳанд, ки аз шиддати ин беморӣ дар сироятшудаҳо ҳолатҳои фалаҷи бадан ва каҷшавии чашмҳо низ рух доданаш мумкин аст. Аз ин рӯ, ҳангоми эҳсос кардани аломатҳои ботулизм бояд оҷилан ба духтур муроҷиат кард.
Чӣ бояд кард, то аз ботулизм сироят наёбем?
Аслан, маҳсулоти аз ботулизм заҳролудшударо аз рангу намуди маводи ғизоии консервашуда фаҳмидан мумкин аст. Пеш аз ҳама дар вақти омода кардани ин маҳсулот эҳтиёткор буда, барои консерва кардани меваю сабзавоти тобистона бояд маҳсулоти тару тозаро интихоб кард.
Пеш аз бастабандии маҳсулот зарфҳои шишагинро дар ҳарорати зиёда аз 100 градус биҷӯшонед. Баъди пур кардани зарфҳо бо маҳсулот даҳони онро маҳкам намуда, маҳсулотро муддати 30 дақиқа дар ҷойи ҳарораташ муътадил нигоҳ бояд дошт.
Табибон ҳушдор медиҳанд, ки дар ҳолати варам кардани сарпӯши зарфҳои косервонидашуда, истеъмоли маҳсулоти он манъ аст, зеро дам кардани сарпӯши бастабандиҳо яке аз нишонаҳои корношояму заҳролуд шудани онҳо аст.
Албатта, дар шароити хона консерва кардани маводи ғизоӣ хеле мушкил аст. Чунки агар фавқуллода, микроби ботулизм дар таркиби меваю сабзавотҳо пайдо шуда бошад, пурра безарар кардани он дар вақти омода кардани консерва ғайриимкон аст. Манзури мо ин нест, ки аз тайёр кардани консерва худдорӣ намоед. Аммо риоя кардани қоидаҳои тайёркунии ин намуди маҳсулотҳо гарави саломатии шумову аҳли хонаводаатон мебошад. Аз ин рӯ, кадбонуҳоро мебояд, ки оид ба қоидаҳои дурусти тайёр кардани маҳсулоти зимистонӣ маълумоти зиёд дошта, зимни бастабандии маҳсулот барои захираи зимистон қоидаҳои санитариро ҷиддӣ риоя намоянд.
Қутбия