–Ҳасан Бобомуродович, дар соли ҷорӣ аз тарафи марказ ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ қадом корҳо анҷом шуданд?
–Дар ин давра пеш аз ҳама нақшаи кории марказ, ки бандҳои асосии он иҷроиши барномаҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» ва «Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» - ро дар бар мегирад, таҳия гардида, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонида шуд.
Дар ин замина, пеш аз ҳама ҷиҳати баландбардории иттилоотнокии аҳолӣ аз сӯйистеъмоли маводи нашъадор ва оқибатҳои он, ки метавонад дар самти коҳиши талабот ба маводи нашъадор ва ҷинояткориҳои вобаста ба маводи мухаддир мусоидат намояд, мутахассисони марказ ва раёсатҳои минтақавии он дар баробари таҳияи маводи иттилоотӣ як қатор чорабиниҳо аз қабили вохӯриҳо, семинарҳои машваратӣ ва ғайра доир намуданд. Аз ҷумла, дар шашмоҳа миёни табақаҳои гуногуни аҳолӣ 90 вохӯрӣ, 1 семинари машваратӣ, ки дар маҷмӯъ шумораи иштирокчиён зиёда аз 4000 нафарро дар бар мегирифт, ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти гузаронидани ин чорабиниҳо ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ тақсим карда шуда, видеороликҳои тарғиботии зиддинашъамандӣ намоиш дода шуд.
Дар таърихи 23 – май дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе мутахассисони марказ дар чорабинии оммавӣ иштирок намуда, ҷиҳати баландбардории итилоотнокии аҳолӣ аз зарари маводи нашъадор ва инчунин бемориҳои ба он вобаста, аз зумраи бемориҳои ВНМО, сил, ҳепотитҳои В, С ва бемориҳои зуҳравӣ, варақа ва китобчаҳои иттилоотию машваратӣ ба монанди “Чӣ бояд кард? ” “Қоидаҳои асосии пешгирии нашъамандӣ дар байни занҳо” “Чӣ тавр кӯдакони худро аз нашъамандӣ ҳимоя намуд?”, “Роҳи дуруст ё тарки одат”, “Нашъамандӣ аз нигоҳи ислом” пешниҳод карда шуд. Дар ҷараёни чорабинӣ мутахассисон маслиҳатҳои худро вобаста ба бемориҳои дар боло зикргардида пешкаши шаҳрвандон карданд.
– Бо васоити ахбори омма ҳамкорӣ доред?
–Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар доираи банди 22 –и нақшаи кории марказ дар ин давра 7 маротиба баромадҳои телевизионӣ дар шабакаи аввал, «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо» доир карда шуд.
Дар баробари ин, дар маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» мусоҳибаи ихтисосӣ ба табъ расид, ки муҳтавои он зарари маводи нашъадор, тамоку ва носро дар бар дошт.
Рӯзҳои 28 - май ва 25-июни соли ҷорӣ мутахассисони мо дар “Радиои Тоҷикистон” оиди “Оқибатҳои нашъамандӣ” ба шунавандагон маълумот вобаста ба мавзӯъ пешниҳод карданд ва инчунин ба саволҳои шунавандагон ҷавобҳои мушаххас доданд.
Вобаста ба ин ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ ҳамкорӣ бо рӯҳониён ва аҳли дин чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
Бо назардошти он ки ҷалби ҳамаҷонибаи пешвоёни дини мубини ислом дар пешгирии нашъамандӣ дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон саҳмгузор буда метавонанд, мутахассисони марказ мунтазам корҳои тарғиботиро бо назардошти талаботи динӣ ба роҳ монда истодаанд. Дар ин давра аз тарафи мутахассисони марказ «Ҳисоботи солонаи миллӣ оид ба вазъи нашъамандӣ барои соли 2015 (иттилооти солҳои 2012, 2013, 2014)» таҳия гардида, барои чоп омода шуда истодааст. Пайваста ҷиҳати баландбардории иттилоотнокии аҳолӣ аз сӯйистеъмоли маводи нашъадор ва оқибатҳои он, дар баробари варақаҳои иттилоотӣ ва китобчаҳо, ки аз ҷониби марказ таҳия ва чоп гардида, миёни табақаҳои гуногуни аҳолӣ тақсим карда мешаванд, сомонаи интернетии марказ (WWW.mmmpn.tj) фаъолият намуда истодааст, ки дар он масъалаҳои марбут ба маводи нашъадор ҷой карда шудааст. Дар шашмоҳаи соли равон ба сомонаи интернетии мазкур зиёда аз 84570 муштарӣ ворид гардида, аз маълумоти он истифода намуданд.
Дар иртибот ба вазъи нашъамандӣ дар ин авохир ба хонандагони мо иттилоъ медодед...
–Ҳолати нашъамандӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2015, ки дар натиҷаи таҳлили ҳисоботи пешниҳодгардидаи пешакии муассисаҳои табобативу шифоҳӣ оид ба табобат ва бақайдгирии бемории нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ ба даст омадааст, нишон медиҳанд, ки шумораи умумии нашъамандон дар ҷумҳурӣ 7199 нафарро ташкил дода, 350 ҳолати он бори аввал ба қайд гирифтани бемории нашъамандӣ мебошад. Аз шумораи умумии бақайдгирифташудагон 97,3 % мардон, 2,7 % занон, 63,7 % истифодабарандагони намуди тазриқии маводи нашъадор, 81,3 % истеъмолкунандагони ҳероин, 10% истеъмолкунандагони афюн, 3,8 % истеъмолкунандагони бангдона ва 4,8% онро намуди бисёрнашъамандӣ ташкил медиҳанд.
Дар ин давра аз тарафи мутахассисони мо 12 муассисаи табобативу пешгирӣ таҳти мониторинг қарор дода шуд. Дар рафти мониторинг маълум гардид, ки дар муассисаҳои табобативу пешгирӣ захираи маводи дорувории нашъадор, психотропӣ, сахттаъсир, заҳрнок ва прекурсорҳо тибқи талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба роҳ монда нашудааст.
Вобаста ба риояи талаботи муомилот бо воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва заҳрнок тибқи дархост ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 248 дона дорухати шакли №17-03/у-01, 200 дона дорухати шакли №17-02/-01 ва 161 дона китоб барои бақайдгирии доруҳои нашъадор ва психотропӣ тақсим карда шуд. Дар рафти мониторинг мутахассисон дар байни кормандони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббии муассисаҳои дар боло зикргардида вохӯриҳо ва семинарҳо оиди гардиши қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахтаъсир, заҳрнок ва прекурсорҳо гузаронида ва ба иштироккунандагон маслиҳатҳои муфид дода шуд.
–Ташаккур.
–Саломат бошед.
Мусоҳиб Эмомалӣ Сайидамирзод