Донишҷӯи курси аввали бахши момодоягӣ Маҳфуза Рустамова миёни 38 нафар иштироккунандагони озмун бо навиштани иншои пурмуҳтаво дар мавзуи «Зинда бош, Тоҷикистони озоди ман» ва додани посухҳои дақиқу мукаммал ба дарёфти баландтарин хол шарафёб гардид.
Ҳамчунин дар бахши забони русии озмуни мазкур донишҷӯйи соли аввали шуъбаи ҳамшираи шафқат Сарвиноз Ваҳҳобова бо навиштани нақли хаттӣ миёни 43 нафар иштироккунанда ба дарёфти ҷойи савум ва Ифтихорномаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардид.
Ҳамон тавре директори Коллеҷи тиббии ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров Рустамҷон Саидикромов ба «БонувониТоҷикистон» иброз дошт, дар чаҳор шуъбаи муассисаи мазкур дар баробари фанҳои ихтисосӣ аҳамияти хосае ба забономӯзии донишҷӯён дода мешавад, зеро бе донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳаматарафа азхуд кардани барномаҳои таълимӣ ғайиримкон аст.
– Бахусус, барои онҳое, ки оянда пизишкёр ё дорушинос шуданианд, омӯхтани забони давлатӣ басо муҳим аст,– таъкид дошт Рустамҷон Саидикромов. – Зеро илова бар муоширати озод бо корафтодагон, тамоми коргузорӣ ва дорухатҳо бо ин забон навишта мешаванд. Донистани забони русӣ чун забони муоширати байни халқҳои сокини Тоҷикистон ва сарчашмаи донишҳои иловагӣ аҳамияти бузург дорад.