Ҷалолиддин Раҳимов -- муовини раиси Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон, гуфт, ки маълумотномаи тиббӣ баробар аз арӯсшавандаву домод талаб карда мешавад. Мутобиқи маълумоти дақиқ дар Узбакистон ин таҷриба алакай ба роҳ монда шудааст ва аммо вақте ариза ба идораи САҲШ пешниҳод мешавад, баъд ба ҷавонон роҳхати гушатан аз муоинаи пизишкӣ дода мешавад.
Воқеан, гоҳе мешавад, ки арӯсшаванда дучори беморие ҳаст ва наметавонад ба зудӣ фарзанддор гардад. Домодшаванда хабар надорад вадар пояи ин омил миёни оилаҳои ҷавон ихтилофу нофаҳмиҳои зиёде рух доданашон мумкин аст. Дар чунин ҳолат маълумотномаи тиббӣ вазъиятро ошкор мекунад ва қабл аз никоҳ аз пошидани хонавода ҷилавгирӣ мешавад. Дар пайи ташхис , инчунин маълум мешавад, ки оё ҷавонҳо аз нигоҳи талаботи ҷисмонӣ ва физиологӣ ба ҳамдигар мутобиқ ҳастан ё не? Айни ҳол ин масъала миёни мардум ҷоибдорони зиёде дорад, аммо мухолифини ин тадбир ҳам кам нестанд.
Дар ин раванд аз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дархост шудааст, ки масъалаи муоина намудани арӯсу домодашванда ройгон сурат бигирад. Тибқи иттилои ба дастомада дар Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб қабл аз издивоҷ 43 ҷуфти ҷавон аз ташхиси тиббӣ гузаштанд. Ин иқдом бо ташаббуси кормандони САҲШ-и шаҳри Кулоб сурат гирифтааст ва бархе аз шаҳрвандон онро қобили қабул намеҳисобанд. Ба андешаи коршиносони масоили динӣ чунин иқдом зидди қавоиди дини мубини ислом набуда, баръакс, ба танзими муҳити хонаводагӣ мусоидат мекунад. Дар мавриди он ки ин тадбир тариқи санаде ҳатмӣ дониста шавад, омӯзиш идома дорад ва таҷрибаи дигар кишварҳо таҳқиқ мешавад.
Масалан, дар Мисри араб, Сурия, Арабистони Саудӣ, АМА, Урдун, Кувайт ва Қатар қонунҳои алоҳида “Дар бораи низоми муоинаи пизишкӣ пеш аз издивоҷ” қабул шудаанд, ки бар асоси таълимоти Қуръонанд ва ихтилофе ба арҳанги исломӣ надоранд.
Соли 2014 дар кишвар 95 ҳазору 500 ақди никоҳи сабт кардаанд ва аз ин миён 9 ҳазор ҷуфт аз ҳамдигар ҷудо шудаанд, ки нисбат ба соли 2013 9,5 дар сад зиёд аст ва ҳамингуна ҳазорон кӯдаки дигари тоҷик нимаятим мондаанд.
Ба андешаи коршиносон никоҳи хешовандӣ як омили носолимии оилаҳо буда метавонад, аммо сабабҳои дигаре, ки хонаводаҳои ҷавонро мувоҷеҳи мушкил ва баъзан пошхӯрӣ месозад, ин набудани фарҳанги оиладорӣ аст. Фарҳанги оиладорӣ маҷмуи ҳама расму оинҳост, ки дар ҷомеаи анъанавӣ бояд риоя шавад. Аз ҷумла, мақому мартабаи шавҳар аз як ҷониб, аз ҷониби дигар, мақоми зан, хусуру хушдоман ва дигар аъзоёни хонавода. Ташхиси қабл аз издивоҷ метавонад аз бархурди бисёр мушкил оилаҳои ҷавонро ҳимоя созад. Дар бисёр ҳолат, баъди таҳлилу хулосаҳои коршиносон ҳангоми пошхӯрии оилаҳо, маълум мешавад, ки сабаби асосӣ ин ноҷӯрии вазъи рӯҳию равонии хонаводаҳост. Аз ин бармеояд, ки ҳангоми ташхиси тиббӣ ҳолати рӯҳию равонии издивоҷкунандагон ҳатмӣ санҷида шавад, зеро ноҷӯрии рӯҳию равонӣ метавонад дар ҷараёни ҳамзистӣ сабабгори пайдо шудани бисёр бемориҳо гардад. Равоншиносон мегӯянд. ки агар табъу завқ ва ҳолати рӯҳии издивоҷкунандагон , яъне характерҳо ба ҳам мувофиқ наоянд, оила солим нахоҳад шу два ҳатман мушкиле пайваста миёни эшон хоҳад буду оила метавонад пош хӯрад. Аз ин нигоҳ, ташхиси ҳатмии тиббии қабл аз издивоҷро ҷорӣ намудан танҳо ба манфиати кор асту бас!
Р.Камол