Солҳои пеш чунин имконият дар дохили мамлакат мавҷуд набуд. Яке аз бемориҳое, ки мутахассисони соҳаро ба ташвиш оварда буд, ин бемории саратон мебошад. Ташхиси саривақтии ин беморӣ тавассути истифодаи технологияи муосир, хусусан тавассути муоинаи колпоскопӣ имконият медиҳад, ки сари вақт ин беморӣ ташхис ва муолиҷа шавад. Бемории саратон гуногун буда, аксар вақт дар кишварҳои сатҳи иҷтимоии аҳолиаш паст ва ё дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бисёртар мушоҳида мешавад. Дар Тоҷикистон, чун дар ҳамаи давлатҳои рӯ ба тараққӣ тамоили болоравии бемориҳои саратонии гарданаи бачадон мушоҳида мегардад. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳамасола дар ҷумҳурии мо беш аз 2000 ҳодисаи нави ин беморӣ (133,5 ба 100-ҳазор аҳолӣ) ба қайд гирифта мешавад, ки ҳам барои давлат ва ҳам барои ҷамъият мушкилоти ҷиддиро пеш меорад.
Саратони гарданаи бачадон (СГБ) дар ҷаҳон паҳншудатарин омоси системаи репродуктивӣ ҳисоб мешавад ва он аз 25 то 31 % -и ҳамаи омосҳои бадзоти узвҳои таносули занҳоро ташкил мекунад. Гарчанд ин беморӣ шакли чашмраси (дидашавандаи) омос бошад ҳам, бештар марҳилаҳои азҳадгузаштаи он – 60 - 70%, маъюбшавии беморони табобатшуда ва фавти барзиёд тақрибан 50% ба қайд гирифта мешавад. Бемориҳои гарданаи бачадон давраи дуру дарози рушд ва марҳилаи пеш аз клиникӣ – дисплазӣ доранд. Аз ин рӯ, ташхиси колпоскопӣ ва тестҳои скринингӣ - ситалогӣ ва мақсаднок – ситологии саривақтӣ имкон медиҳанд, ки саратон табобат карда шавад.Скрининг - ин усули афзалиятнок ва одӣ барои муайян намудани беморӣ, ки дар марҳилаи ниҳонӣ аст, истифода мешавад ва он муҳлати зиёд наметалабад. Скрининг барои ташхиси комплексии саратон ё дигар беморӣ гузаронида мешавад.
Дар натиҷаи муолиҷа бо усули электроконизатсия, химия деструктсия ва дигар намудҳо бемориҳои гарданаи бачадон аз 30- 40% то 70-80% табобат мешаванд. Пас, хуб мебуд, ки занон аз чунин муоинаи ташхис, мисли муоинаи колпоскопӣ –ситологӣ - скринингӣ гузаранд. Ҳар як занро лозим аст, ки дар муҳлати аз 3 то 6 моҳ ақаллан як маротиба аз муоинаи колпоскопӣ гузарад, ки ин барои пешгирии аксар бемориҳо муфид мебошад. Дар кишвари мо соли 2009 «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» қабул гардидааст, ки он метавонад барои беҳтар намудани вазъияти эпидемиологӣ, оид ба омосҳои бадсифат дар ҷумҳурӣ, паст намудани шумораи гирифторони ин беморӣ, мусоидат намояд. Муоинаи колпоскопӣ ин муоинаи сатҳи пардаи луобии қисми маҳбалии гарданаи бачадон ва маҳбал буда, бо ёрии колпоскоп ва маҳлулҳои тестии он, сиркои 3 % ва маҳлули Люгол, инчунин тести Шиллер мебошад. Ҳангоми гузаронидани тест бо ин доруҳо тағйирёбии зоҳирии сатҳи пардаи луобӣ ва рагҳои он мушоҳида шуда, ташхис мегарданд. Аз рӯи ин ташхис санҷишҳо аниқ шуда, табобат сурат мегирад. Дар натиҷа, беморӣ то саратони гарданаи бачадон нарасида, табобат меёбад. Бартарияти муоинаи колпоскопӣ дар он аст, ки ҳангоми муоина бемории ниҳонмондаи гарданаи бачадонро муайян менамояд. Инчунин, ба бемор ягон зарари ҷисмӣ расонида намешавад ва бедард аст. Ба ин бемориҳо занҳои аз 18 то 45 - сола зиёдтар гирифтор мешаванд. Зеро ин синну соли репродуктивӣ, яъне бачазоӣ ва шаҳватнокӣ мебошад. Чунин беморӣ аксар дар занҳои бадахлоқ, ки ҳамхобаҳои зиёд доранд, дида мешавад ва ин сабаби пайдо шудан ва паҳн намудани чунин бемориҳо мегардад.
Бояд зикр кард, ки «смегма»-и мардҳое, ки аз гигиенаи шахсии роҳҳои таносул бепарвоӣ мекунанд, сабаби саратоноварӣ дорад. Бинобар ин, бояд ба гигиенаи шахсии роҳҳои таносул (зану мардҳо) риоя намуд. Мутаассифона, ин беморӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз сабаби беэҳтиётии гигиенаи шахсӣ ва сари вақт муроҷиат накардан ба духтур , низ пайдо мешавад.
Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои чӣ маҳз дар гарданаи бачадон чунин саратон зиёдтар пайдо мешавад? Барои он ки ҳангоми зоиш ва исқоти ҳамл, ҳатман гарданаи бачадон осеби функсионалӣ - органикӣ мебинад. Парҳези аввалину охирин ин як ҳамхоба доштан ё ақаллан бо эҳтиёт хобидан аст. Яъне бо рифола будан ва ҳамеша гигиенаи шахсии роҳҳои таносулро риоя намудан аст. Агар худ ва оилаи худро нигоҳ надорем, таъсири манфии он ба наслҳои минбаъда низ мерасад, ки ин зарару зиён ба ҷомеаи имрӯзу ояндаи мо мегардад. Пешгирии ҳама гуна беморӣ осонтар аст, аз табобати он аст, пешгирии бемории саратони гардани бачадон низ.
Гулноз