Муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон оид ба илм Бахшибек Гадоев оид ба мақсади баргузории ин чорабинӣ сухан ронда иброз намуд, ки донишгоҳ дар самти татбиқи барномаҳои давлатӣ вобаста ба ин масъала тадбирҳои судманд меандешад. Дар баробари баррасӣ намудани масъалаи ғизои солим, мушкили никоҳи хешовандӣ низ матраҳ гардид. Раъно Абдураҳмонова, устоди донишгоҳи мазкур бо маърӯзаи илмӣ баромад намуда паҳлӯҳои гуногуни бехатарии ғизоро аз нигоҳи тибби муосир матраҳ намуд. Ҳамзамон ба масъалаи никоҳи хешовандӣ ва оқибатҳои он андеша ронда иброз дошт, ки дар марказҳои саломатии шаҳру навоҳии кишвар бояд фаъолияти тиббӣ-генетикиро хуб ба роҳ монем, то ҷавонон қабл аз издивоҷ аз вазъи саломатии худ бохабар бошанд ва пеши роҳи омилҳои номатлуби ноҷӯрии солимии оилаҳо гирифта шаванд.
Одил Ҳусейнов, устоди дигари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар мавриди истеъмоли ғизо, сабабҳои бемор шудан аз ғизо ва бехатарию манфиати ғизои солим маърӯза кард. Мавсуф қайд намуд, ки имрӯз тариқи истеъмоли ғизо анқариб 200 беморӣ ба одамон сироят мекунад. Мутобиқи санҷиши мутахассисон барангезандагони бемориҳо дар муҳити атроф, ба хусус дар обу ҳаво, хок ва партовҳои маишӣ хеле зиёданд. Одамон дар заминҳо меваю сабзавот парвариш мекунанд. Ба хусус, кишти сабзавот талаботи худро дорад, ки на ҳама риоя мекунанд. Истифодаи нуриҳои минералӣ ва поруи ҳайвонот барои серҳосил шудани заминҳо гоҳе боиси заҳролуд гаштани маҳсулот мегарданд. Маъмулан, барангезандагони аксари бемориҳои сироятӣ дар таркиби обу ҳаво ва хок мавҷуданд ва ҳангоми риоя накардани қавоиди санитарӣ ва гигиенӣ ба сабзавот зарар мерасонанд. Чӣ тавр? Аз нигоҳи аввал, истеъмолкунанда мавҷудияти барангезандагони бемориро дар меваю сабзавот эҳсос намекунад ва зарари онҳо баъди истифода маълум мешавад. Аксаран меваю сабзавотро хуб тоза накарда истеъмол мекунанд ва барангезандагони беморӣ ба организм таъсир мерасонаду сабагори гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ мегарданд. Ё истифодаи на ҳамаи поруҳо баманфиат ҳастанд. Ин нуктаро ҳам на ҳама медонанд. Миёни мардум тайёр кардани хӯришҳо аз меваю сабзавот маъмул аст ва ин амалро аксари занон дар хона анҷом медиҳанд. Аммо баъзан аз сабаби риоя накардани қоидаҳои муҳими тайёр кардани хӯришҳо дар бонкаҳо одамон заҳролуд мешаванд, ки ин бемориро ботулизм меноманд. Гап сари он аст, ки барангезандаи ин беморӣ дар таркиби хок мавҷуд аст ва агар меваю сабзавотро дуруст тоза накарда хӯриш омода кунанд, имкони заҳролуд гаштани хӯриш ба миён меояд. Ва на ҳама қоидаҳои махкам кардани бонкаҳоро риоя мекунанд. Агар ба бонкаи хӯришдор каме ҳаво дарояд, он ҳатман вайрон мешавад ва хӯриш олудаи ботулизм мегардад. Сабаби дигари гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳ доштани хӯрокворӣ аст. Маводи ғизоӣ бояд дар зарфҳои махсус дар ҷойи мувофиқ нигоҳ дошта шавад. Болои зарф ҳатман бояд пӯшида бошад. Дар ҳолати кушода нигоҳ доштан, микробҳо ворид мешаванд. Хӯроки шабмондаро ҳам дар яхдон , дар ҷойи зарурӣ нигоҳ доштан зарур аст. Агар ғизои шабро дар ҷойи номувофиқ нигоҳ дорему баъд истеъмол кунем, хатари сироятёбӣ бештар мегардад. Обро ҳам бояд дар зарфҳои махсус, дар ҷойи мутобиқ нигоҳ дошт. Аксар бонувон дар деҳот ба сатилҳо ва зарфҳои болокушода об гирифта дар рӯйи ҳавлӣ нигоҳ медоранд. Агар болои онҳо пӯшида набошанд, ҳатман барангезандагони бемориҳо ба об меафтанд, ки ин хатарнок аст.
Устоди дигари донишгоҳ, олими ҷавон Солеҳ Шарифов дар хусуси бемориҳои аз ғизо гузаранда сухан ронда қайд намуд, ки имрӯз дар кишвар бемориҳои сироятӣ коҳиш ёфтаанд. Аммо бемориҳои ғайрисироятӣ зиёд шудаанд. Бемориҳои сироятие, ки тариқи истеъмоли ғизо мегузаранд, исҳоли хунин (диарея), домана, гепатит, кирмҳои меъдаю рӯда (гелментҳо) мебошанд. Бемориҳои маъмули ғайрисироятӣ, ки имрӯз хеле зиёд шудаанд, ин фишорбаландӣ, бемории дилу рагҳо, фарбеҳӣ ва диабети қанд мебошанд. Ин бемориҳо аксар аз риоя накардани реҷаи истеъмоли ғизо хуруҷ мекунанд. Истеъмоли бемаҳдуд ва пайвастаи хӯрокҳои серғизо, аз қабили гӯшт, маҳсулоти хамирӣ, шириниҳо ва ғайра сабабгори ин бемориҳо мегарданд. Бубинед, ки имрӯз бемориҳои дилу рагҳо, фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, диабети қанд миёни занҳо зиёданд. Мутобиқи дастур ва талаботи муқаррарӣ ҳар оила бояд ҳафтае 15 кг маҳсулоти тару тозаи меваю сабзавотро истеъмол намояд. Умуман, ғизои солим кафолати тани солим аст.
Р. Камол