Организм витаминҳо ва моддаҳои заруриро аз маҳсулотҳои хурокворӣ мегиранд. Витаминҳо сарчашмаи қувваю нерӯ барои организм ҳастанд ва инчунин барои фаъолияти дурусти организм бениҳоят заруранд.
Витамини А (ретинол) витамини дар чарбу ҳалшаванда, ки дар мубодилаи моддаҳо карбогидратҳо иштирок намуда, кори узвҳои биноиро дуруст мекунад. Норасоии моддаи мазкур сабаби асосии сустшавии биноӣ (шабкӯрӣ) мегардад. Ғайр аз ин, ҳангоми норасоии он дар инсон рехтани оби даҳон, тоқат накардан ба рӯшноӣ, хушкшавии пӯст, рехтани мӯйҳо ба назар мерасанд. Манбаи асосии витамини А ҷигар, равғани моҳӣ, зардии тухм, шир мебошад. Вай дар меваю сабзавоти ранги норинҷидошта хеле зиёд аст. Махсусан, дар зардолу, қаламфури булғорӣ, помидор, кабудӣ низ зиёд аст. Витамини А барои онҳое, ки вақти зиёдро дар назди кампютер мегузаронанд, хеле муҳим аст.
Витамини В2 (рибофловин) дар мубодилаи чарбу, карбогидрад ва сафедаҳо иштирок намуда барои ҷараёни афзоиши бофтаҳо ва инчунин, кори муътадили ғадудҳои равғанину рангэҳсоскунии узвҳои биноӣ мусоидат мекунад. Ҳангоми норасоии ин витамин сустии тамоми организм ҳис мешавад ва иштиҳо баста мегардад, лабҳо мекафанд, чашмҳо сиёҳӣ зада дарди сар пайдо мешавад. Рибофловин дар маҳсулоти ширӣ, карам,бодом,нони гандумӣ зиёд аст.
Витамини В3 (ниотсин) витамини дар об ҳалшаванда, ки онро кислотаи никотин низ меноманд, дар ҷараёни мубодилаи моддаҳо иштирок карда, миқдори глюкозаро дар хун назорат мекунад. Иштиҳоро беҳ мегардонад, кори системаи ҳазми хӯрокро низ назора мекунад. Норасоии ин витамин метавонад ба бемории пеллагра (шамолхӯрии ковокии даҳон), дилбеҳузурӣ, сахтшавии шикам, сурхшавию доғҳои пӯст оварад. Замбуруғ, тухм, ҷигар, ғалладона, маҳсулоти турши ширӣ аз витамини В3 боянд.
Витамини В5 (кислотаи пантотен) ба витаминҳои дар об ҳалшаванда мансуб буда, дар мубодилаи моддаҳо фаъол аст. Фаъолияти ғадуди сипаршакл ва системаи асабро танзим менамояд. Ҳангоми норасоии витамини В5 мубодилаи моддаҳо вайрон шуда, пӯсти бадан хушк ва пажмурда мешавад. Хотира суст ва пойҳо дардманд мегарданд. Ин витамин бештар дар хамиртуруш, зардии тухм, гурдаи гов, гулмоҳӣ, маҳсулоти турши ширӣ, меваю сабзавот (пиёз, сабзӣ, карам, чормағз) мавҷуд аст.
Витамини В6 (пиридоксин) дар мубодилаи сафедаҳо, равғанҳо ва азхудкунии карбогидратҳо иштирок мекунад. Барои фаъолияти системаи асаб масъул аст. Норасоии ин витамин ба бемориҳои пӯст оварда расонида, боиси хастагӣ ва нотобии тамоми бадан мегардад. Он дар таркиби сирпиёз, пиёз, памидор, сабзӣ, харбуза, карам, қулфинай зиёд аст.
Витамини В12 (циано кобаламин) витамини дар об ҳалшаванда дар ҷараёни мубодилаи карбогидратҳое, ки барои афзоиши ҳучайраҳо ва ташаккули эритроситҳо заруранд, иштирок мекунад. Норасоии ин витамин дар организм метавонад боиси карахтшавии дасту пой, сустии тамоми организм ва инчунин, бемориҳои системаи асабу камхунӣ оварда расонад. Манбаи витамини В12 ҷигар, гӯшт, шир, карами баҳрӣ ва моҳӣ мебошад.
Витамини Е (токоферол) витамини дар равған ҳалшавандааст, ки пӯстро аз пиршавӣ эмин медорад. Кори ҳуҷайраҳои ҷинсиро таъмин мекунад, ба фаъолияти мушакҳо таъсири мусбат мерасонад ва дар мубодилаи моддаҳо иштирок мекунад. Ҳангоми норасоии он иммунитети инсон паст шуда, сабаби бачапартоии зани ҳомила мегардад. Сабзавоти баргдор исфанҷ, тухм, қулфинай, чормагз, бодом, ҷуворимакка ва равғани кунҷит аз ин витамин боянд.
Витамини D (калсиферол) витамини дар равған ҳалшавандаест, ки азхудкунии калсийро дар организм беҳтар мекунад, афзоши устухонҳоро таъмин ва ба кори муътадили қалб мусоидат менамояд. Бо ёрии ин витамин баъзе аз бемориҳои чашмро табобат мекунанд. Норасоии витамини D дар организм ба рахити кӯдакон, зудшиканӣ ва ковокии устухони калонсолон оварда мерасонад. Нурҳои офтоб аз ин витамин боянд. Инчунин, дар зардии тухм, маҳсулотҳои баҳрӣ зиёд аст.
Витамини С (кислотаи аскарбин) витамини дар об ҳалшаванда, ки муқовимати организми моро ба ҳама гуна бемориҳои сирояткунанда зиёд мекунад. Дар мубодилаи моддаҳо иштирок намуда, ба камшавии холестерин дар хун мусоидат менамояд. Бемории маъмул «цинга» аз норасоии витамини С пайдо мешавад. Витамини С дар меваҳои ситрусӣ, занбӯруғ, қаланфури сурх бештар аст.
Витамини К (филохинон) таъсири хунмаънкуниро дорад.Организми мо худаш қобилияти коркард кардани ин витаминро бо бактерияҳо дар ғадуди ғафс дорад. Ҳангоми нокифоя будани он бо сабаби лахтшавии хун хунравии сахт ба миён меояд. Вай дар сабзавоту растаниҳои ғизоӣ, помидор, равғани лубиё, чормағз зиёд аст.
Витамини Н (биотин) дар мубодилаи чарбуҳо ва карбогидратҳо мубодилаи оминокислотаҳоро таъмин мекунад ва ба фаъолияти марказии системаи асаб таъсири мусбӣ мерасонад. Норасоии витамини Н дар организм бо аломатҳои зерин зоҳир мегардад: сустии организм, хоболудӣ, дилбеҳузурӣ, рехтани мӯю вайроншавии нохунҳо. Маҳсулоти лӯбиёгӣ , хамиртуруш, қоқу аз ин намуди витамин боянд.
Витамини Р қандро дар хун ба танзим медарорад, таъсири беқувватии рагҳои борику зудшиканро паст мекунад. Ин витамин дар дохили меваҳои ситрусӣ, олуча, хуч, ангур, чормағз зиёд аст.
Таснифи Гулноз