Шахси осебдида ва заҳролудшуда нафасгириаш душвор мешавад ва аз ҳуш меравад. Дасту пойҳо суст ва баъдан аз ҳаракат мемонанд. Дар ибтидо шахсони аз ин барангезандаи хатарнок осебёфта дарду ноҷӯриро дар қисмати меъда, рӯда ва дигар узвҳои ҳозима эҳсос меунанд. Бисёриҳо хаёл мекунанд, ки ба бемориҳои меъдаю рӯда, яъне гастроэнтрит гирифтор шудаанд. Каме истиҳола кардан дар муайян кардани чунин беморӣ одами заҳролудшударо ба марг мерасонад.
Маслиҳати мутахассис
Мутахассиони соҳа барнгезандаи ин бемориро яке аз хатарноктарин бемориҳои сироятӣ арзёбӣ мекунанд. Зеро барагезандаи ботулизм дар хок ниҳон буда дар ҳолати риоя накардани талаботи санитарию гигиенӣ метавонад ҳангоми истеъмоли хуришҳои аз мевааю сабзавот дар шароити хона тайёршуда ба оргнизми инсон ворид шавад ва сироят кунад.
Пирназар Шодмонов - сардори Раёсати назорати давлатии санитарӣ-гигиении Хадамоти назорати давлатии санитари-эпидимологии Вазорати тандурустиӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолий Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид мегӯяд:
- Барангезандаи ботулизмро мо сари ҳар қадам метавонем дучор оем. Ин барнгезанда қудрате дорад, ки як муддат ниҳон мемонад ва ҳангоми омода кардани хуришҳо муддати муайяне «хомӯш» меистад ба баъдан дар натиҷаи ба консерваҳои меваю сабзавот ворид шудани ҳаво ва дигар ғизоҳои тайёршуда онҳоро заҳролуд месозад. Вақте инсон чунин маҳсулотро истеъмол мекунад, сироят меёбад. Аз ин нигоҳ, набояд роҳ дод, ки ба дохили консерваҳои дар шароити хона ё умуман нодуруст тайёршуда ҳаво (оксиген) ворид шавад. Ҳавои воридшуда барангезандаи ботулизмро «бедор» мекунад ва он меваю сабзавоту дигар ғизоҳоро заҳролуд месозад. Дар хонаводаҳои мардуми тоҷик асосан бонувон ба тайёр кардани хуришҳо аз меваю сабзавот машғул ҳастанд. Онҳо дар бонкаҳо помидору бодиринг ва хар гуна сабзавоту меваҳои дигарро ба истилоҳ консерв мекунанд. Тарзи омода кардани чунин хуришҳо махсус аст ва на ҳама аз он огаҳӣ доранд. Бояд, ки сараввал бонкаҳо дар ҳарорати баланд (то 140 дараҷа) безарар (стирилизация) карда шаванд. Маҳсулотро ҳатман бо оби тоза шустан лозим аст. Махкам кардани сарпӯши бонкаҳо низ хеле муҳим аст. Агар сарпӯши бонкаҳо дуруст махкам карда нашаванд, имкони ба дохили бонка ва хуриши он даромадани ҳаво бештар мегардад. Вақте ҳаво даромад, барангнзандаи беморӣ маҳсулотро заҳролуд месозад.
Насиб Икромов - сармутухассиси Раёсати эпидимологии Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидимологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-Аввалин қоидае, ки соҳибхоназанон ҳангоми тайёр кардани хуришҳо ба он бояд қатъӣ риоя кунанд, ин аз хоку лой тоза кардани меваю сабзавот аст. Агар дар танаи мева ва ё сабзавот каме хок боқӣ монаду онро дар бонкаҳо махкам кунанд, имкони пайдо шудани барагезандаи ботулизм зиёд мегардад. Шарти дигаре, ки риояи он хеле муҳим аст, хуришҳоро сернамак кардан ва дуруст махкам кардани сарпӯши бонкаҳост. Бисёриҳо маҳсулоти заҳролудшударо аз маҳсулоти тоза фарқ карда наметавонанд. Нишонаҳои заҳролуд будани маҳсулот кадомҳоянд?
Нишонаи аввал ин тира шудани оби бонкаҳост. Агар бубинед, ки оби бонкаи помидору бодиринг ва ё хуриши дигари тайёркардаи шумо тира шудааст, донед, ки он заҳролуд аст ва истеъмолаш номумкин. Нишонаи дигари сироятёбии маҳсулоти бонкавӣ, яъне консерваҳо ин дамида варм кардани сарпӯши онҳост. Ин аломати он аст, ки маҳсулоти дохили чунин бонкаҳо комилан аз барангезандаи ботулизм заҳролуд шудаанд ва истифодаи онҳо қатъиян манъ аст.
Роҳҳои табобати ботулизм
Ин беморӣ агар сари вақт муайян шавад, табобатшаванда аст. Агар шумо дар организми худ нишонаҳои ин бемориро ҳис кардед, зуд ба духтур муроҷиат намоед. То омадани духтурон метавонед дар аввал меъдаи худро бо оби оддии ҷӯшонидашуда тоза намоед. Баъд бо маҳлули соддаи дуфоиза меъдаро шӯед. Ба шахси сироятёфта ҳатман оби бисёр нӯшондан лозим аст. Агар нафасгирӣ душвор гардад, зуд нафаси сунъӣ додан зарур аст.
Амали дигаре, ки аъзоёни оила бояд анҷом диҳанд, он аст, ки ҳатман ҳама маҳсулоти консершудаи хона ва боқимондаи ҳасибу дигар ғизоҳоро аз санҷиши лабораторӣ гузаронанд, то муайян шавад, ки барангезандаи ботулизм истисно гардад.
Табобати ботулизм бо истифодаи маводи махсуси тиббӣ дар беморхонаҳо анҷом дода мешавад. Маводи махсусе ҳаст, ки танҳо барои ин беморӣ тавсия шудааст ва миқдори муайяни он бояд дар беморхонаҳо мавҷуд бошанд. Духтурон барои пешгирии таъсири бади ботулизм ба дигар узвҳои организм истифодаи антибиотикҳоро ҳам тавсия медиҳанд. Муҳим он аст, ки ба худтабобаткунӣ машғул нашавед ва ҳатман ба табибон муроҷиат намоед.
Муҳимтар аз ҳама, барои пешгирии ин беморӣ ва солимии аҳли хонадон ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ риоя кунед ва ҳангоми омода кардани хуришҳо дар муҳити хонавода (консерваҳо) қоидаҳои аосии дар боло зикршударо риоя намоед.
Таснифи Р.Камол