Зуком бемории вирусӣ буда давомнокии он ду ҳафта, яъне 14 рӯз аст. Мо дар ин муддат онро табобат кунем ҳам мегузараду табобат накунем ҳам мегузарад, вале фарқияташ дар он аст, ки агар онро табобат кунем, пурра нест мешавад, вале агар табобат накунем, нишонаҳои аввал ё худи бемории зуком мегузараду оризаҳояш боқӣ мемонанд. Бештар илтиҳоби шуш, илтиҳоби пардаи гӯш, ки онро патит ҳам мегӯянд, бронхити шадид аз ҷумлаи оризаҳои зукоманд, ки метавонанд шакли музминро гиранд. Сабаби асосии беморшавӣ суст шудани қувваи муҳофизатии организм аст. Чун қувваи муҳофизатӣ суст шуд, одам ба ҳамагуна беморӣ, аз ҷумла ба зуком низ зуд-зуд гирифтор мешавад. Аз ин хотир, аввал бунияи инсонро бояд мустаҳкам кард. Зуком бештар дар ҳавои намӣ, фаслҳои зимистону баҳор пайдо мешавад. Ҳамчунин, шамоли дутарафа метавонад сабаби беморшавӣ гардад.
Тафовуту монандиҳои бемориҳои роҳи нафас бо зуком
Дар ҳар ду ҳолат ҳам таби баланд, дарди сар, дарди гулӯ, обравӣ аз чашму бинӣ, гирифтани димоғ ва сулфа пайдо мешаванд. Фарқ дар он аст, ки ҳангоми зуком ҳамин дардҳо шакли вазнинтарро мегиранд. Ҳамчунин, ҳангоми зуком дарди мушаку устухон ё буғумҳо авҷ мегиранд, ки ин нишона ҳангоми бемориҳои шадиди роҳи нафас дида намешаванд. Дар давоми 3-4 рӯзи аввал хурӯҷи беморӣ ба назар мерасад ва пас аз чанд рӯз вазъияти бемор то андозае ба эътидол меояд ва боз дар рӯзҳои 10-11-ум як бори дигар беморӣ хурӯҷ мекунад, вале нисбат ба рӯзҳои аввал каме сабуктар. Ва пас аз он, ҳамаи аломатҳои беморӣ бартараф мешаванд. Барангезандаи зуком вирус аст, бемориҳои роҳи нафас бошанд, вирусӣ нестанд. Зуком гузаранда аст. Ҳангоми гирифторӣ ба зуком сулфаи балғамдор пайдо мешавад, ҳангоми бемориҳои шадиди роҳи нафас бошад, аксаран сулфаи хушк ба назар мерасад.
Роҳҳои пешгирӣ аз зуком
Агар бемори гирифтори зуком худро нағз нигоҳубин кунад, дар давоми 7 рӯз бемориаш мегузарад. Зуком бо роҳи қатраӣ-ҳавоӣ аз нафари бемор ба каси сиҳат мегузарад. Аз ин хотир, аз рӯзи аввал нӯшокиҳои гарм, чун чой, чой бо лимӯ ва асал, бо мураббо, нӯшоба аз гиёҳҳои шифобахш (гвоздика, коланхоэ, душица) метавонад пеши роҳи ин бемориҳоро гирад. Ҳамчунин, ба оби гарми хокаи ҳардал (горчица)дошта то 10-15 дақиқа доштани дасту пойҳо манфиатбахш аст. Истеъмоли чои хунук ё нӯшобаҳои хунуки дигар сабабгори гирифтор шудан ба бемориҳои вазнинтаре, чун илтиҳоби шуш, атити шадид (дарди гӯш) ва гайморит шуда метавонанд. Аз ин рӯ, ҳамаи нӯшокиҳоро дар шакли гарм истеъмол намудан лозим аст.
Дар вақти беморӣ чӣ бояд кард?
Агар ҳарорати бадан то 37,5 дараҷа бошад, худи ҷисми инсон бояд бо он мубориза барад. Агар ҳамин нишондодро мо ба таври сунъӣ паст кунем, рафта-рафта ҷисм ба он одат мекунад ва минбаъд низ наметавонад бо он мубориза барад. Дар ин ҳолат, агар ба бадани бемор маҳлули спирту обро омехта молед, табро паст мекунад. Дар ҳолати аз 37,5 боло рафтани таби бадан доруи паратсетамол ё дигар доруҳои дар таркибашон паратсетамолдошта барои кӯдакон ба миқдори 0,2 ва барои калонсолон ба миқдори 0,5 дар як рӯз 3 маротиба тавсия дода мешавад. Барои кӯдакон бештар кислотаи аскарбин ва витамини ревит, тавсия дода мешавад. Бештар ҳангоми пайдоиши зуком, ки барангезандааш вируси навъи А мебошад, доруи ремантадинро тавсия додан мумкин аст. Онро дар рӯзи аввал 100 миллиграмм се маротиба, рӯзи дуввуму сеюм 100 мл. ду маротиба, ва дар рӯзҳои 4-5-ум ба миқдори 100 мл. рӯзе як маротиба истеъмол кардан мумкин аст. Барои пешгирии зуком бошад, дар муддати то 2 ҳафта рӯзе 50 миллиграмӣ тавсия дода мешавад. Барои сари вақт паст кардани таби кӯдакон шамъчаҳои табобатии виферон низ кӯмак мерасонанд.
Дар ибтидо истифодаи ҳаби аннаферон зукомро хуб пешгирӣ намуда, онро сари вақт бартараф месозад. Ба хусус, барои кӯдакон хеле муфид аст. Дар рӯзи аввали беморӣ онро 8 маротиба ҳар ду соат додан мумкин аст. Ҳар ҳаби онро 15-30 дақиқа пеш аз хӯрок ё ним соат пас аз он истеъмол кардан лозим аст. Аз рӯзи дуюм то пурра шифо ёфтан бошад, рӯзе 3 маротиба тавсия дода мешавад.
Дар сурати таъсир накардани маводи доруворӣ, беҳтараш ба табиб муроҷиат намуд.
Гулноз