Афзалятнокии синамаконӣ
Шири модар аз ҳама ғизои беҳтарин барои кӯдак дар моҳҳои аввали ҳаёт мебошад. Дар таркиби шири модар тамоми моддаҳои зарурӣ барои рушду инкишофи дуруст, дастгирии солимӣ, ки ба осонӣ навзод ҳазм мекунад, мавҷуд аст. Танҳо дар таркиби шири модар омилҳои муҳофизатӣ мавҷуданд, ки кӯдакро аз ҳар гуна бемориҳо, ба монанди сирояти шадиди роҳҳои нафас ва сирояти шадиди меъдаю рӯда муҳофизат мекунанд.
Нақши муҳимро худи ҷараёни синамаконӣ мебозад, ки дар байни модару кӯдак алоқамандии хоси бемислро пайдо мекунад.
Таъсироти синамаконӣ дар рушду инкишофи кӯдак
Синамаконӣ ба ҳолати саломатии кӯдак дар синни хурдсолӣ ва дар синни наврасӣ таъсироти мусбӣ мерасонад, ки ин ба таври илмӣ тасдиқ шудааст: Кӯдаконе, ки шири модарро истеъмол кардаанд, на танҳо бо инкишофи хуби ҷисмонӣ фарқ мекунанд, балки бо чусту чолокӣ, оромӣ ва осудагӣ, ғамхорӣ, меҳрубонӣ аз дигар кӯдакон фарқ мекунанд ва дар оянда волидони ғамхору меҳрубон ҳам мешаванд.
Ҳангоми ғизогирии сунъӣ бисёртар кӯдакон ба бемориҳои музмини меъдаю рӯда, бемории қанд, фишорбаландӣ, бемории ишемикии дил гирифтор мешаванд.
Кӯдаконе, ки дар моҳҳои аввали ҳаёт ғизои сунъӣ гирифтаанд, бисёр вақт ба ҳасоссият (алергия) ва фарбеҳшавӣ гирифтор мешаванд.
Синамаконӣ ва модари солим
Ба ҳолати саломатии модар синамаконӣ таъсироти мусбӣ мерасонад. Ҳангоми макидани сина ҳормони окситатсин пайдо мешавад, ки кашишхӯрии бачадонро зиёд менамояд ва модарро аз хунравии баъди таваллуд эмин медорад. Синамакоӣ омили муҳими пешгирии ҳомиладоршавии бемаҳали зан дар ҳамин давра ба ҳисоб меравад. Занҳое, ки тифлашонро сина медиҳанд, камтар ба бемориҳои саратони ғадуди сина, тухмдон ва бачадон гирифтор мешаванд. Рафти синамаконӣ ҳамчунин ба ҳолати эмотсионалии модару кӯдак таъсири мусбӣ расонда, байни онҳо робитаи зичи дурударозро барпо менамояд.
Аз рӯзи аввали таваллуд то 6 моҳагӣ танҳо шири модар: чӣ хел ва барои чӣ?
Навзоди солиме, ки шири модарро истеъмол мекунад, набояд дигар намуди ғизоҳои иловагиро, аз ҷумла нӯшидани об, чой, маҳлули глюкозаро то 6 моҳагӣ истифода барад. Шири модар ба пуррагӣ талаботи кӯдакро бо об ҳатто дар рӯзҳои гарм таъмин менамояд.
Бо назардошти он, ки шири модар манбаи асосии маводи ғизоӣ барои рушду инкишофи дурусти кӯдак ва муҳофизати он аз бисёри бемориҳо мебошад, синамакониро то 2 солагӣ ё зиёдтар давом додан лозим аст. Бисёр муҳим аст, ки синамакониро дар рӯзҳои гарми тобистон, дар ҳолати бемории кӯдак, ба хусус ҳангоми бемориҳои шадиди меъдаю рӯда ва инчунин, эмгузаронии профилактикӣ давом додан лозим аст.
Нақшаи ғизодиҳии мувофиқ:
Танҳо шири модар!
Тавсияҳо:
Ғизогирӣ танҳо бо шири модар!
Вақти якҷоя будан бо кӯдакро зиёд намоед, мисол, кӯдакро зуд-зуд дар даст гиред ва ба оғӯш кашед!
Кӯдакро бо хоҳиши худаш, на кам аз 8-12 маротиба дар як шабонарӯз ва ҳатман шабона 1-2 маротиба сина додан лозим аст!
Аз 6 то 12 моҳагӣ усулҳои воридкунии ғизои иловагӣ
Дар 6 моҳи ҳаёт кӯдаки Шумо серҳаракат мешавад ва ба ӯ зиёдтар витаминҳо, маводи минералӣ, ба хусус оҳан лозим аст. Аз ин сабаб, ба кӯдак ғизои иловагӣ додан лозим ва муҳим аст, ки ин ҳолат барои кӯдак бояд бе ягон мушкилӣ амалӣ гардад. Одатан ғизои иловагиро аз пюреи сабзавотӣ шурӯъ мекунанд.
Ҳангоми ғизои иловагӣ додан қоидаҳои зеринро риоя намоед:
Эҳтиёткорона (аз ним қошуқчаи майда шурӯъ кунед, ба ҳолати кӯдак нигариста ҳаҷмашро зиёд намоед); Ҳангоми додани пюре ба якчанд аломатҳое, ки дар кӯдак дар давоми 4-5 рӯз пайдо шуданашон мумкин аст, аҳамият диҳед – дар пӯсти бадан пайдо шудани сурхчаҳо, дигаргун шудани фазла, яъне пайдо шудани дарунравӣ ё сахт шудани шикам - қабзият).
Ғизои иловагӣ пеш аз синамаконӣ дода мешавад.
Ғафсии хӯрок бояд чунон бошад, ки дар он қошуқча оҳиста – оҳиста ғарқ шавад;
Ҳаҷми кофии ғизои иловагӣ бояд 35 - 40 қошуқчаи майда ё 180-200гр бошад;
Ҳар як ғизои иловагии навро алоҳида додан лозим аст.
Ғизои иловагӣ бояд пеш аз истеъмол намудан тайёр карда шавад.
Нақшаи ғизодиҳии мувофиқ:
Шири сина доданро идома диҳед! Ба кӯдак дар як рӯз 3 ғизои иловагӣ диҳед, агар шири модар истеъмол кунад. 5 маротиба дар як рӯз ба кӯдаконе, ки шири модар истеъмол намекунанд, ғизо диҳед.
Тавсияҳо:
· Саривақт воридкунии ғизои иловагӣ – аз синни 6 моҳагӣ!
· Оҳиста-оҳиста ғизодиҳиро зиёд намоед! Дар ҳар маротибаи ғизодиҳӣ ба кӯдак як қошуқча ғизо зиёдтар диҳед, то он вақте, ки кӯдак ҳаҷми муқаррар гардидаро истеъмол накунад.
· Чой надиҳед! Аз шири модар, оби ҷӯшонидашуда ё афшурдаи мева истифода баред.
Менюи пешниҳодшуда барои кӯдаки 6 моҳа
Шири модар мутобиқи талаботи кӯдак.
Пюреи картошкагиро аз 1-2 қошуқчаи майда сар карда ҳар рӯз 1-2 қошуқчагӣ зиёд намоед, бо 0,5- 1 қошуқчаи майда равғани растанӣ, дар муддати 2 ҳафта миқдори пюреро то 200гр расонида, баъдан ба кӯдак пюреи омехта (картошка, сабзӣ, карам, каду, шалғам, лаблабу) додан лозим аст.
Пюреи сабзавотӣ 200 гр. (40 қошуқчаи майда)бо 1 қошуқчаи майда равғани растанӣ (3-5гр), зардии тухмро аз 1/8 оғоз намуда, дар 1 ҳафта 2 маротиба дода мешавад. Шарбати мева (себи кабуд) аз 1-2 чакра оғоз намуда то 10 мл (2 қошуқчаи майда) расонида мешавад.
Шавла (биринҷӣ, марҷумакӣ, ҷавӣ) бо об ҷӯшонидашуда ё ки бо шири модар омехта кардашуда медиҳанд. Шавларо низ, аз 1 қошуқчаи майда сар карда, ҳар рӯз зиёд намоед - дар 1 моҳ 150 - 200гр (35-40 қошуқча) + 3-5 гр равғани маска
Менюи пешниҳодшуда барои кӯдаки 8 моҳа
Шири модар мутобиқи талаботи кӯдак.
Пюреи сабзавотӣ 150 – 200 гр. (15 – 20 қошуқи калон), равғани растанӣ 3-5гр, зардии тухм ¼ дона. Шарбати мева (себи кабуд) аз 20-40 мл (4-8 қошуқчаи майда).
Шӯрбои сабзавотии гӯштӣ аз 50 гр + Пюреи сабзавотӣ 140 гр. (14 қошуқи калон), равғани растанӣ 3-5гр, зардии тухм ¼ дона. Шарбати мева (себи кабуд) аз 50 мл (10 қошуқчаи майда), гӯшти қимма (аз гӯшти гови бе равған ва бе устухон) аз 0,5 - 1 қошуқи майда .
Шавла (биринҷӣ, марҷумакӣ, ҷавӣ) бо об ҷӯшонидашуда 180 – 200 гр – 4 гр равғани маска, афшурдаи мевагӣ (себи кабуд) аз 0,5 қошуқчаи майда оғоз намуда то 10-20 гр (1-2 қошуқи калон) расонида мешавад.
Ҷурғот 180гр (ҷурғотро гарм кунед) Творог аз 5гр (1 қошуқчаи майда) оғоз намуда то 20гр (4 қошуқчаи майда) расонед.
Менюи пешниҳодшуда барои кӯдаки 10 моҳа
Шири модар мутобиқи талаботи кӯдак.
Шӯрбои сабзавотии гӯштӣ 50 гр, картошка ва сабзавоти фишурдашуда ё майдакардашуда 120гр, гӯшти қиммашуда (мурғ ё гов) 30 гр + зардии тухм ¼ дона. Шарбати мева (себи кабуд) 70 мл (13 қошуқчаи майда).
Шавла (биринҷӣ, марҷумакӣ, ҷавӣ) бо об ё шири модар омехташуда 1 : 1 - 150гр + 5 гр равғани маска. Афшурдаи мевагӣ – 70 гр (13 қошуқчаи майда)
Ҷурғот 160гр, 10-15 гр печени
Творог 40 гр., нони қоқ карда шуда 5 гр.
Дар 12-23 моҳагӣ чӣ гуна ва чӣ намуд ғизо ба кӯдак лозим аст?
Нақшаи ғизогирии мувофиқ:
Шири сина доданро идома диҳед!
Кӯдак бояд дар як рӯз 5 маротиба аз дастархони оила хӯрок хӯрад-3 маротиба ғизои асосӣ ва 2 маротиба ғизои иловагӣ.
Тавсияҳо:
· Ба кӯдак хӯроки дӯстдоштаашро диҳед!
· Ба кӯдак конфет, маводи кондитерие, ки аз хамир таёр шудаанд ва нӯшобаҳои ширин ва газнок (кола, фанта) надиҳед!
· Аз намак ҳамроҳ намудан ба хӯроки кӯдак худдорӣ намоед! Агар дар хӯрок намакро истифода баред, пас танҳо аз намаки йоднок истифода бурдан зарур аст!
· Бо кӯдак ҳангоми хӯрокхӯри бозӣ кунед, бо меҳру муҳаббат, суханони ширин, ё бо дигар роҳҳо кӯдакро ҳавасманд гардонед, то ки ӯ хӯрок хӯрад!
· Дар назди кӯдак шинед ва босаброна ба ӯ дар хӯрокхӯри кӯмак намоед!
· Ба кӯдак танҳо аз зарфҳои шахсии ӯ хӯрок диҳед, қоидаҳои хӯрокхӯриро аз хурдсолӣ омӯзонед.
Менюи пешниҳодшуда барои ин синну сол
Шири модар - аз рӯи талаботи кӯдак
Шавлаи (биринҷӣ, марҷумакӣ, ҷуворимакка, ҷавӣ) бо шири гов 250гр.+ равғани растанӣ- 6гр., нон-10 гр., тухм – 1/2 дона (2-3 маротиба дар 1 ҳафта) ё атола (ордбирён)
Шири гов – 200гр + печени 20гр (4 дона)
Шӯрбои сабзавотӣ ва гӯшт (50-70гр.) - 200гр. нон -10гр., мевагӣ ё афшурдаи мева 100гр., компот аз меваҳои тару хушк – 70гр.
Ҷурғот-200 гр., печени 20гр (4 дона) ё нони қоқ карда шуда.
Шавлаи лубиёгӣ ё биринҷӣ - 250гр., ё пюреи сабзавотӣ + равғани маска 6 гр, нон-10гр., шарбати мева 100гр. Ё творог-60гр.+ҷурғот -200гр, печени-15гр.
Баҳодиҳии инкишофи кӯдак.
Дар муддати як соли аввали ҳаёт кӯдак хеле тез инкишоф меёбад. Дар 12 моҳи ҳаёт қади кӯдак 25 см дароз шуда, вазни бадани ӯ се маротиба меафзояд. Инкишофи кӯдакон гуногун аст. Кӯдак метавонад бо як нишондод аз мӯҳлат пеш гузарад ва бо дигар нишондод қафо монад. Ин қобили ташвиш намебошад, агар дар модар нобоварӣ ҳосил шавад, ба духтури минтақавии кӯдакона муроҷиат намояд.
Нишондодҳои зеринро санҷед!
· Вазни бадан ва вазнгирӣ
· Қад ва қадкашӣ
· Инкишофи ақлӣ ва асабӣ
· Давраҳои инкишофи фаъолияти ҳаракатӣ
· 6- 7 моҳа - бо кӯмак мешинад
· 8 моҳа - бе кӯмак мешинад
· 8-9 моҳа - бо кӯмак мехезад
· 7 моҳа - мехазад
· 9 моҳа - бо кӯмак роҳ меравад
· 11 моҳа - бе кӯмак рост меистад
· 12 моҳа - бе кӯмак роҳ мегардад
Инкишофи кӯдак
Дар як моҳагӣ
Кӯдак бояд тавонад:
Сари худро ба тарафи дасте, ки ба рӯяш мерасад, гардонад;
Ҳарду дасти худро ба даҳонаш наздик кунад;
Бо садо ва овоз таасур зоҳир намояд;
Шири синаи модарро макад.
Дар синни 6-моҳагӣ
Кӯдак бояд тавонад:
Сару синаашро бардорад, ба шикам хоб равад;
То асбобу анҷоми овезон қад кашад;
Асбобу анҷомро ба даст гирад ва онҳоро таккон диҳад;
Аз шикам ба пушт хоб равад;
Бо ёрии дигарон шинад;
Тавассути даст ва даҳон асбобу анҷомро санҷад ва ламс намояд;
Садо ва қиёфаи чеҳраро тақлид кунад;
Ба номи худ ва чеҳраҳои шинос таасур кунад.
Модарашро мешиносад, ҳиҷоҳоро талаффуз менамояд.
Дар синни 12- моҳагӣ
Кӯдак бояд тавонад:
Бе дастгирӣ нишинад;
Чорғов хазад, хезад ва роҳ гардад;
Кӯшиш намояд ба калимаҳо ва садо тақлид намояд, ба саволҳои оддӣ ҷавоб диҳад, то 8- 10 калимаи оддиро медонад;
Садо ва ҳаракатро такрор намояд
(санҷиши дақиқӣ ва таваҷҷӯҳ);
Бо ду ангушт асбобро бардорад;
(бо ангушти калон ва ангушти дигар);
Чунин асбобҳоро, ба монанди қошуқу пиёла ба даст гирад ва мустақилона хӯрок хӯрад ва нӯшад.
Дар синни дусолагӣ
Кӯдак бояд тавонад:
Роҳ равад, хезад ва давад;
Ба чизҳои номбаршуда ё суратҳо нишон диҳад (мисол: бинӣ, чашм);
Ибораҳои на он қадар душворро гӯяд (тақрибан аз 15 моҳагӣ);
Супоришҳои оддиро иҷро кунад;
Бо қалам ё бӯр хатҳои каҷукилеб кашад;
Ҳодисаҳои оддиро нақл кунад ё суруд хонад;
Ба рафтори дигарон тақлид намояд;
Ба мустақилона хӯрок хӯрдан оғоз намояд.
3 намуди гуногуни маводро фарқ намояд.
Қисман либосҳояшро мекашад.
Ҳикояи кӯтоҳро мефаҳмад.
Дар синни се солагӣ
Кӯдак бояд тавонад:
Роҳ равад, давад, хезад, лағат занад ва ҷаҳад;
Чизҳо ва суратҳои умумии маъмулро шиносад ва ба онҳо ишора кунад;
Аз калимаҳо ҷумлаҳои мураккаб месозад;
Ном ва синну соли худро гӯяд;
4 намуд рангҳои асосиро номбар кунад;
Санаҳоро фаҳмад;
Дар бозӣ чизҳои тасаввур менамудаашро истифода барад;
Мустақилона хӯрок хӯрад;
Ҳисси муҳаббат ва рағбаташро изҳор намояд.
Дар синни панҷсолагӣ
Кӯдак бояд тавонад:
Ҳаракати худро ҳамоҳанг созад;
Ба ҷумлаҳои пурра ва истифодаи калимаҳои зиёд (10-22) сухан гӯяд;
Антонимҳоро фаҳмад (ба таври мисол: ғафс-борик, дароз-кӯтоҳ);
Бо дигар кӯдакон бозӣ кунад;
Бе кӯмаки дигарон либос пӯшад;
Ба саволҳои оддӣ ҷавоб диҳад;
Шуморида тавонад;
Мустақилона даст шӯяд;
Ҳамаи рангҳоро мешиносад;
Вазни 2 маводро фарқ менамояд;
Озодона бо забони модариаш гуфтугӯ менамояд;
Бо қайчӣ суратҳоро мебурад.
Гулноз Б.