Беморӣ аввалан, бо воситаи ҳавоӣ-қатрагӣ ҳангоми муоширати наздик бо шахси бемор, истифодабарӣ аз лавозимоти умумӣ сироят мекунад. Дар ҳолати дуюм, ҳангоми мавҷудияти манбаи илтиҳоби музмин дар ковокии даҳон ва гулӯ беморӣ паҳн мешавад. Дар фасли тирамоҳ бемории ангина зиёд мешавад. Ба пайдошавии ангина омилҳои гуногун, ба монанди хасташавии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, сармозании организм, камғизоӣ, норасоии витаминҳо (А, С, Е) сабаб шуда метавонанд.
Аломатҳои ангина – ин баландшавии ҳарорати бадан, дард ҳангоми фурӯбарӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, дарди сар, варами бодомакҳои ком, дар бодомакҳо ҷой доштани фасод, сурхии забонча аст.
Табобати ангина: Ангина одатан дар хона табобат карда мешавад. То он даме, ки дар бемор ҳарорати баланд ва дарди гулӯ мушоҳида мешавад, барои ӯ реҷаи болинӣ ҳатмӣ мебошад. Вобаста ба намуди ангина ва ҳолати бемор табибон доруҳои сулфаниламидӣ ва антибиотикҳоро тавсия менамоянд. Беморон ҳангоми ба ангина гирифтор шудан, бояд антибиотикҳо, аспирин, истеъмол намоянд, ба онҳо нӯшидани нӯшокиҳои гарм, ба монанди чой бо лимӯ ва асал тавсия дода мешавад.
Доруҳои зиддимикробиро дар як рӯз се маротиба, то ҳафт-даҳ рӯз истеъмол бояд кард. Инчунин, дар давоми як рӯз якчанд маротиба ғарғара намудани гулӯ бо маҳлули фуратсилин, намакоб, ё қиёми бобуна, эвкалипт ва мармарак (шалфей) зарур аст. Ҳангоми бемории ангина бо истифода аз маҳлулҳои гуногун ғарғара кардани гулӯ фоидаи зиёд дорад. Маҳлулҳо қисми болоии бодомакҳоро аз моеъҳои часпак ва фасод пок намуда, қиёми гиёҳҳои шифобахш, ё каме хокаи сода ва намаки ошӣ ба организм таъсири зиддиилтиҳобӣ расонида, масунияти онро қавитар мегардонанд.
Ғизои бемор: Ҳангоми беморӣ албатта риояи парҳези ҷиддӣ дуруст нест, аммо шахси бемор бояд аз хӯрдани хӯрокҳои сахт, аз қабили нони хушккардашуда (сухарики), картошкабирён, ки гулӯро мехарошанд, хӯрокҳои тез, нӯшидани оби хунук, кока-кола ва пепси-кола, нӯшокиҳои спиртӣ, аз сигоркашӣ, носкашӣ, сақичхоӣ худдорӣ намояд. Ба ин гуна беморон маслиҳат медиҳем, ки хӯрокҳои обакӣ, чун шӯрбо ва мастобаи гармро истеъмол намоянд.
Ҳар як бемор ҳатман зарфи шахсии худро дошта бошад. Ғизои солим ва дорои витаминҳо низ муфид аст. Нӯшидани об ва чой ба миқдори зиёд тавсия дода мешавад, зеро нӯшидани оби зиёд барои зудтар тоза шудани организм аз токсинҳои гуногун мусоидат мекунад. Нӯшокиҳо бояд гарм бошанд, зеро чой ва оби ҷӯшон гулӯро месӯзонад.
Оқибатҳои худмуолиҷа: Одамон аз ҳама зиёд ҳангоми бемории ангина ба худмуолиҷакунӣ рӯ меоранд. Бояд қайд намоем, ки беморон бо маслиҳати дӯстон ва аҳли хонавода ҳангоми беморӣ ба худмуолиҷа машғул шуда, доруҳои зиддимикробиро, ба монанди амписиллин, бисептол истеъмол менамоянд. Одатан ин гуна беморон аз ин доруҳо ду-се рӯз истеъмол карда, баъди сабуктар шудани дард ва фаромадани ҳарорат истифодаи доруҳоро қатъ мекунанд. Дар натиҷа ангезандаҳои беморӣ – стрептококк ва стафилокок ба ин доруҳо тобовар шуда, бемор мутобиқат ба доруҳоро пайдо мекунад ва дар ҳолати такрор шудани беморӣ дигар ин доруҳо ба беморон таъсир намекунанд. Ҳамин ҳолат ба пайдо шудани оризаҳо оварда мерасонад. Дар ҳолати беморӣ ҳатман бояд мутахассис бемориро ташхис намуда, доруҳоро тавсия намояд. Шахси бемор ҳатман ба табиби оилавии минтақавии худ муроҷиат карда, табобати дуруст ва саривақтӣ гирад.
Оризаҳо: Ин беморӣ метавонад оризаҳоро ба миён орад, ба монанди бемории тарбод (ревмотизм) ва ревмокардит. Бемор пас аз ду ҳафта ба ин ориза гирифтор мешавад ва тарбод метавонад касро маъюб кунад. Ҳамчунин, дар натиҷаи тарбод мумкин аст ба дил, майнаи сар ва буғумҳо зарар расад ва заҳролудшавии бадан низ имкон дорад. Хулоса, бемории ангина бемории дорои хавфи миёна буда, беморонро лозим аст, онро ҷиддӣ табобат кунанд. Шахсони ба ин беморӣ гирифторшуда ва модарони кӯдакони бемор ба худмуолиҷа машғул нашуда, ҳатман бояд ба мутахассиси минтақавии худ муроҷиат намоянд.
Гулноз Б.