Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров дар оғоз оид ба ҳадафи баргузории ин чорабинӣ сухан карда ин зуҳуротро яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи мамлакат арзёбӣ намуд. Зеро, мутобиқи таҳлилҳо ва омори расмӣ, дар анҷоми сол вазъият ҳанӯз ҳам нигаронкунанда боқӣ мондааст. Ҳарчанд ки мақомоти марбутта ва сохторҳои соҳавӣ дар самти татбиқи барномаҳои давлатӣ перомуни пешгирии ин зуҳурот ва гузаронидани корҳои профилактикӣ чораҷӯиҳо мегузаронанд, аммо ба ҷурми омилҳои берунаи идоранашаванда вазъият ҷиддӣ боқӣ мондааст. Дар нишаст масъалаҳои мушаххаси вазъи нашъамандӣ ва ҳолати паҳншавии бемории ВНМО ва дигар бемориҳое, ки ба воситаи тазриқӣ ё алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, матраҳ гардиданд. Дар суҳбати мизи мудаввар масъулону мутахассион оид ба назария ва амалияи асосҳои байналмилалӣ ва миллии барномаи паст кардани зарар ва осебпазирии гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ андеша ронданд. Дар мавриди анҷом додани корҳои мушаххас ҷиҳати татбиқи вазифаҳои барномаҳои пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар кишвар ва алоқамандии онҳо бо стратегияи миллӣ ва қонунгузорӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО ҳисобот дода шуд. Директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Хушвақт Ҳасанов вобаста ба муҳимияти ин масъала ибрози назар намуда дар самти коҳиш додани он, пешгирӣ ва анҷом додани корҳои тарғиботӣ миёни аҳолӣ иртиботи ҳамешагии марказро бо Вазорати корҳои дохила, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва дига сохторҳои ҷамъиятӣ муҳим донист. Мавсуф қайд намуд, ки дар ин сол барои татбиқи сиёсати миллии кишвар дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Дар ин росто Тоҷикистон санаду барномаҳои гуногунро таҳия ва қабул кардааст, ки танҳо барои ҳалли мушкилот равона шудаанд. Аз ҷумла, Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи саломатӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекусорҳо», Қонуни ҶТ «Дар бораи ёрии наркологӣ» маҳз барои ҳалли ин масъала равона шудаанд. 30 апрели соли 2012 Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар ҶТ барои солҳои 2013-2017» ба тасвиб расид, ки имрӯз он дар ҷомеа бо роҳу усулҳои вижа татбиқ мегардад. Аз ин пештар, соли 2011 Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии пешгирии паҳншавии бемории ВНМО дар ҶТ барои солҳои 2011-2015» баромада буд, ки он ҳам дар ҳоли татбиқ қарор дорад.Мутобиқи омори расмӣ то соли 1997 бемории нашъамандӣ алоқаманд бо истеъмоли афъюн ва бангдонаро дошт, аммо баъди соли 1997 истеъмоли героин бо роҳҳои гуногун ба ҷомеа роҳ ёфт.
Омилҳои асосии паҳн гаштани ин бемориҳоро коршиносон дар густариш ёфтани муҳоҷирати меҳнатӣ мебинанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки нафарони аз ин зуҳурот бехабар дар ибтидо аз рӯи кунҷкобӣ ва ё ба даст овардани маблағ ба ин роҳ рафтаанд. Алоқаҳои тасодуфии ҷимоӣ бархеро гирифтори бемории ВНМО гардондааст. Бе иттилоӣ, риоя накардани талаботи гигиенӣ ва дигар омилҳо бемории ВНМО-ро ба кишвар интиқол дода мушкилоти иҷтимоиро ба миён оварданд. Хукумату давлати Тоҷикистон дар робита ба коҳиш додани паҳншавии ин бемориҳо тамоми чораҳоро андешида истодааст, аммо гоҳе бо сабабҳои субъективӣ онҳо паҳн мешаванд. Шояд дар ибтидо баъзеҳо аз гирифтории худ ба ин маризӣ огаҳ намешванд ва сабабгори паҳн гаштани он дар муҳити хонавода ва ҷомеа мегарданд. Иштирокдорони мизи мудаввар дар суханронии худ роҳҳои муосири мубориза бо ин зуҳуроти номатлубро иброз доштанд ва шеваи тарғиботиро ба аҳолӣ илоҳпазир донистанд. Воқеан, бо танҳо гуфтан, ки ин бемориҳо балое ҳастанд ба ҷони мардум ва ҷомеаи имрӯза, боз ба зеҳну тафаккури ҳама расондан муҳимтар аст, ки он ба пояи миллату давлат зарбае мезанад. Генофонди миллиро зери хатар мегузорад ва паёмадҳояш хеле гарону ислоҳнопазиранд. Аз ин нигоҳ, сояи ин балоҳо дар болои сари мардум истодаанд ва пеши рӯшноиро гирифтаанд, ки оқибатҳояш ногуфтанист. Бало дар зуҳури ин бемориҳо ҷомеаро ба сӯйи тангное мебарад ва агар сарозер шуд ба он, ёфтани роҳи боло омадану ба по хестан амре хоҳад буд, муҳол! Имрӯз шеваи зиндагӣ, оиладорӣ, нигаҳ доштани саломатӣ ва интихоби тарзи ҳаёти солимро куллан дигар бояд кард, зеро дар ин ҳоле, ки имрӯз дорем, наметавон ба зуддӣ ҳама он барномаҳои давлатиро дар ин самт амалӣ сохт ва осебпазирии гурӯҳҳоро коҳиш бахшид. Дар иртибот ба ин масъала аз ҷониби иштирокдорони мизи мудаввар чандин пешниҳодоти мушаххас иброз шуданд. Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ номгӯи тадбирҳоеро, ки соли оянда баҳри татбиқи стратегияи миллии саломатӣ дар ҶТ ва амалӣ сохтани барномаҳлои давлатӣ равона хоҳанд шуд, баррасӣ намуд. Дар анҷом ҳамагон иброз доштанд, ки танҳо ҳамкории пайвастаи сохторҳо метавонад дар ҳалли ин мушкилот саҳм гузорад.
Р.Камол