Гуфта мешавад, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муассисаҳои ислоҳи ҷазои Тоҷикистон 746 маҳбуси мубталои бемории сил ва гирифторони ВИЧ - СПИД ба қайд гирифта шудаанд.
Вазирири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода зикр мекунад, ки маҳбусони бемор бо қадри тавон бо маводи дорувории ройгон таъмин шуда, пайваста зери назорати ҷиддии табибон қарор доранд.
Мувофиқи маълумоти расмӣ дар кишвар наздик ба 10 ҳазор маҳбус нигоҳдорӣ мешавад. Масъулин мегӯянд, бар пояи қонуни афв маҳбусоне, ки мубталои бемории СПИД ва сил мебошанд, авф хоҳанд шуд.
Аз соли 1991 то 1-уми июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 5 ҳазору 843 ҳодисаи сироятёбӣ ба бемории ВИЧ - СПИД ба қайд гирифта шудааст.
Акрам Давлатов, директори Маркази пешгирии Вируси норасоии маснунияти бадан (ВИЧ - СПИД) - и вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки феълан дар вилояти Хатлон 31 нафар гирифторони модарзодии ин беморӣ умр ба сар мебаранд, ки ин 2,5 дарсади шумораи умумии гирифторони ВНМО-ро ташкил медиҳанд.
Соли равон 115 нафар гирифторони нави ВИЧ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумор 66 нафарашон мард ва 49 нафар занон ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки бино ба омори расмӣ, аз соли 2000-ум ба ин ҷониб шумори гирифторони ин беморӣ дар вилояти Хатлон ба 1 ҳазору 153 нафар расидааст.
– Аз шумори умумии беморон 14 дарсад нашъамандон, 20 дарсад муҳоҷирони меҳнатанд, ҳамчунин 110 нафари дигар ҳам бо бемории сил ва ҳам ВИЧ - СПИД дар қайд меистанд, мегӯяд Акрам Давлатов.
Инчунин, вай хабар дод, ки имрӯзҳо дар вилоят барои дарёфт, пешгирӣ ва мубориза бо паҳншавии ин беморӣ 13 Маркази пешгирии СПИД ва 9 ҳуҷраи боварӣ фаъолият доранд.
Давоми нӯҳ моҳи соли равон шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 167 нафар расидааст. Аз ин ҳисоб 91 нафарро мардон, 59 нафарро занон ва 17 нафарро кӯдакони ба балоғатнарасида ташкил медиҳанд.
Синни навгирифторшудагон аз 30 то 39 буда, дар байни беморон як нафари 60-солаи ин вилоят ҳам ҳаст.
Нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2013-и вилоят баробар ба 126 нафари гирифтори ВИЧ - СПИД, ки 69 нафарро мардон ва 57 нафарро занон ташкил мекард, мебошад.
Ин дар ҳолест, ки як ширкати тиббии амрикоӣ сокинони Тоҷикистонро аз солимтарин мардумони минтақа ном бурдааст.
Мутахассисони ин ширкат дар баробари Тоҷикистон Ӯзбакистонро низ дар радифи кишварҳои солими минтақа ҷо додаанд. Аммо Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар рейтинги мамолики солим ҷойҳои охирро ишғол кардаанд.
Дар ҷараёни тартиб додани ин рейтинг мутахассисон давомнокии умри инсон, сатҳи маргумир дар гуруҳҳои гуногуни синнусолӣ, фавти модарон, густариши бемориҳои мухталифи сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ/СПИД, сатҳи эмгузаронӣ ба аҳолӣ, истеъмоли тамоку ва нӯшокиҳои спиртӣ, фоизи миёнаи вазни зиёдатии аҳолӣ, фишорбаландӣ ва мавҷудияти холестерин ва қанд дар хун, сатҳи олудагии ҳаво, ҳамчунин ҷалби сокинон ба тарзи ҳаёти солим ва шуғли онҳо ба варзиш ба назар гирифта шудааст.
Маълумоти заруриро муаллифони ин таҳқиқот аз ҳисоботи СММ, Бонки байналмилалӣ ва Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ки ин омилҳо тибқи як ҷадвали 100 балла ба ҳам қиёс шудаанд ва Тоҷикистон бо дарёфти 38,27 балл дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро гирифта, дар рейтинги умумии кишварҳои олам мақоми 84-ро касб кард.
Ҷойи дуюм дар миёни кишварҳои минтақаро ба Узбакистон (37,89) тааллуқ донистаанд (дар ҷадвали умумӣ ин кишвар мансуб ба ҷойи 85 дониста шудааст). Ба дунболи он Қирғизистон ва Туркманистон бо 24,68 ва 21,88 балл меоянд ва ин ду кишвари Осиёи Марказӣ дар ҷадвали умумӣ ба ҷойҳои 101 ва 104 мансуб шудаанд.
Қазоқистон бо 18,41 балл дар ҷадвали кишварҳои олам ҷойи 111-ро соҳиб шудааст.
Дар маҷмуъ, мамолики Осиёи Марказӣ аз пешсафони ҷаҳонии рейтинг хеле дар зинаи паст ҷойгир шудаанд.
Сингапур бо 89,45 балл дар ҷадвал ҷойи аввалро соҳиб шудааст, Италия бо 89,07 балл дар ҷойи дуюм ва Австралия бо 88,33 бал дар мақоми сеюм ҷо гирифтаанд.
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои дахлдор тез-тез дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ аксияи «Муҳоҷирати бехатар», «Зиндагии бидуни ВИЧ_СПИД»-ро доир намуда, хоҳишмандонро аз санҷиши ройгони тиббӣ мегузаронад. Ҳамчунин, барои афроде, ки ба Федератсияи Русия сафар мекунанд, намояндагони хадамоти муҳоҷират китобчаҳои иттилоотиву ҳуқуқӣ дастрас менамоянд.
Гуфта мешавад, ки як рӯзҳои наздик як созмони ғайриҳукуматӣ ҳамроҳ бо ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ба иҷрои барномае шурӯъ мекунанд, ки ҳадафи он беҳтар кардани зиндагии кӯдаконест, ки ба вируси ВИЧ - СПИД гирифтор шудаанд.
Зевара Комилова, раиси созмони ғайриҳукуматии «Гули сурх» дар Душанбе, ки ба мубталоёни вируси норасоии масунияти бадан кӯмак мекунад, қайд мекунад, ки дар Тоҷикистон то моҳи июли имсол расман 458 кӯдаки гирифтори бемории мазкур сабти ном шудаанд, Коршиносонро ин масъала ба ташвиш овардааст, ки на ҳамаи онҳо доруҳои ретровирусӣ истифода мекунанд.
«Мақсади асосии мо кӯмак расондан аст, то кӯдакони беморе, ки расман сабти ном шудаанду вале доруҳои ретровирусӣ намегиранд, ба ин навъи табобат фаро гирифта шаванд. Падару модарони ин кӯдакон маълумоти ҳамаҷонибае дар бораи ин табобат надоранд ва муҳим будани онро намефаҳманд. Модарони бемор медонанд, чунки худашон ин дорувориҳоро истеъмол мекунад. Вале падару модарони солим дар ин бора иттиллои зиёд надоранд ва аз табибону ҷомеа дилмонда шудаанд ”.
Аксари кӯдаконе, ки аз табобати ретровирусӣ маҳрум будаанд, фарзандони волидони солиманд ва маълум нест, ки вирус аз куҷо ба кудаконашон сироят кардааст. Миёни 458 кӯдаки гирифтори вируси норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон то кунун бештар аз 150 нафари онҳо табобати антиретровирусӣ намегиранд.
Ба гуфтаи Зевара Комилова, пайдо кардани манбаи беморӣ ва ё сарчашмаи олудашаваии кӯдакон бисёр сахт аст, чунки солҳо гузаштааст ва ёфтани гунаҳкор осон нест.
Гуфта мешавад, дар иҷрои барномаҳои дастгирии мубталоёни бемориҳои ВИЧ-СПИД асосан созмонҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд. Бонки Исломии Рушд қарор кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз сирояти бемории вируси норасоии масунияти бадан аз модар ба фарзанд ба Тоҷикистон 400 ҳазор доллар кӯмаки молии бебозгашт хоҳад кард.
Бобомуродова Г.