Созмони «Medical Detection Dogs» («Ташхиси тиббии сагона») бунёди хайриявие аст, ки аз сагҳо барои кашфи бемориҳое, ки инсонро бо хатари марг таҳдид мекунанд, истифода мебаранд. Ин бунёди хайриявӣ, ки дар соли 2004 таъсис шудааст, бо донишгоҳҳо ва пажуҳишгарони мухталиф дар ин замина ҳамкорӣ мекунад. Доктор Клар Гест (Claire Guest) раиси ин бунёди хайрия аст. Ӯ ба сагҳо омӯзиш медод, ки анвои гуногуни бемории саротонро кашф кунанд. Таҳқиқоти ин бунёд то кунун ба саратони простата ва саратони масона маҳдуд буда аст.
Тарбияти ҳадафманди сагҳо
Хонум Клар Гест ба яке аз сагҳо омухта буд, ки ба ӯ дар робита бо саратони сина ҳушдор диҳад. Чанде баъд ин саг дар бадани доктор Гест нишонаҳои аввалияи саратони синаро ташхис дод. Ба гуфтаи хонум Гест, агар саг нишонаҳои аввалияро нашинохта буд, бемории ӯ метавонист оқибати сангине дар пай дошта бошад.
Ба ин бунёди хайрия борҳо хабар расида буд, ки сагҳо иттифоқан аз саратони соҳиби худ бӯ бурда буданд. Доктор Гест дар ин ибора мегӯяд: «Мо фикр кардем, ки агар сагҳо қодир ба ташхиси саратон ҳастанд, чаро мо онҳоро бо ҳамин ҳадаф тарбият накунем».
Доктор Гест акнун дар ҳоли тамрин додан ба сагҳост, то битавонанд аз тариқи намунаи ҳавои нафаси одамизод, саратонро ташхис диҳанд. Ҳадафи ниҳоии доктор Гест такмили як бинии ҳушёри электрикӣ дар ин замина аст, ки то дар оянда кори сагҳоро дастгоҳҳои электрикӣ анҷом диҳанд.
Идомаи пажуҳиш
Ба гуфтаи Гест: «Агар мо битавонем дақиқан кашф кунем, ки як саг чи гуна қодир ба ин кор аст, метавонем дар оянда бо тарроҳии дастгоҳҳои хос, бемории саратонро аз тариқи баррасӣ кардани нафаси одамӣ ташхис диҳем».
Аммо бо вуҷуди ин пешрафт, доктор Гест таъкид мекунад, ки муҳақиқон ҳанӯз бояд баррасӣ кунанд, ки ташхиси ин сагҳо то чи ҳад қобили эътимод аст. Ӯ итминон дорад, ки ин шева метавонад дар оянда зиндагии ҳазорон нафарро наҷот диҳад.
Таҳияи Ё. Ҳалимов,
бо истифода аз сарчашмаҳои интернетӣ