– Ба наздикӣ марказӣ миллӣ дар ҳамҷояги бо КАДАП ҷаласае баргузор кард, ки дар он мутахассисони ватанӣ ва байналмилалӣ доир ба ҷамъабасти натоиҷи мубориза алайҳи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ натиҷагирӣ карданд. Мехостам барои хонандагон онро васеътар шарҳ бидиҳед.
–Аз тарафи Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустии ҶТ дар якҷоягӣ бо барномаи КАДАП-и ташкилоти JIZ-и Олмон як ҷаласаи сатҳи миллӣ баргузор гардид, ки ҳадафи ин ҷаласа натиҷагирии ҳисоботи миллии вазъи нашъамандиро дар Тоҷикистон дар бар мегирифт. Маргази миллии мониторниг ва пешгирии нашъамандӣ, ки самти фаъолияташ ба пешгирии бемории нашъамандӣ, мониторингу омӯзиши вазъи нашъамандӣ ва гузаронидани як қатор чорабиниҳои вобаста ба баландбардории иттилоотнокии аҳолӣ аз сӯистеъмоли маводи нашъадорро дар бар мегирад, дар доираи фаъолияти худ дар соли равон ҳисоботи миллии вазъи нашъмандӣ дар кишварро кор карда баромад. Ҳадафи ҳисоботи мазкур ин дар сатҳи илмӣ, омӯзиши вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Дар доираи маълумоти расмӣ муаяйн намудем, ки дар соли 2011 вазъи нашъамандӣ нисбат ба солҳои пешин то андозае коҳиш ёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи дастҷамъаона мубориза бурдани ҳамаи он сохторҳое, ки аз тарафи Ҳукумати ҶТ ҷиҳати пешгирӣ ва густариши маводи мухаддир ва нашъамандӣ таъсис шудаанд, дар ин самт ба пешрафтҳо ноил гаштаем.
– Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ дар кадом самтҳо фаъолият мекунад?
– Мехоҳам мухтасар бигӯям, ки чи зарурате омад, ки Ҳукумати ҶТ дар назди Вазорати тандурустӣ Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандиро таъсис дод. Сол аз сол вазъияти бемории нашъмандӣ дар ҷаҳон ва аз ҷумла, дар ҷумҳурии мо низ густариш меёфт. Азбаски ҷумҳурии мо бевосита бо яке аз давлатҳои калонтарини истеҳсолкунандаи маводи нашъадор ҳамсоягӣ дорад ва хоки он ҷиҳати интиқоли маводи мухаддир ба давлатҳои дигар ҳамчун транзит истифода бурда мешавад, қисмате аз ин маводи интиқолшаванда дар дохили кишвар истеъмолкунандагони худро меёбад. Тайи солҳои 2000-2008-ум теъдоди нашъмандон рӯ ба афзоиш ниҳод. Ҳукумати ҶТзарур шуморид, ки дар ин самт сиёсати ҷиддитарро бар роҳ бимонад ва дар баробари таъсиси Агентии назорати маводи нашъадор ва Раёсати мубориза алайҳи маводи нашъадори назди Вазорати корҳои дохилӣ, дар назди Вазорати тандурустӣ ин марказро таъсис диҳад.
Фаъолияти марказ ба 3 самт равона шудааст: ҷамъоварӣ ва таҳлили вазъи нашъамандӣ дар кишвар, гузаронидани мониторингҳои даврӣ вобаста ба омӯзиши вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон ва ташкилу гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда аз оқибатҳои сӯистеъмоли маводи нашъадор.
–Мехостам дар мавриди нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ мушаххастар суҳбат кунед. Ба он хотир, ки хонанда бидонад кадом қишрҳои ҷомеа ба маводи мухаддир рӯ меоранд: ҷавонҳо, занҳо ва ё калонсолон?
– Омилҳое ҷо доранд, ки шахсро ба бемории нашъамандӣ гирифтор мекунанд. Омили асосӣ дастрасии маводи нашъадор мебошад. Омили дигар ин бе назорат мондани ҷавонону наврасон аз тарафи падару модару аҳли ҷомеа мебошад. Бекорӣ омили дигар ва бисёр дарднок аст. Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки гуруҳҳои нашъаҷалоб рӯй ба муҳоҷирони меҳнатии мо оварданд. Далелҳое вуҷуд доранд, ки муҳоҷирони меҳнатии мо дар муҳоҷират гирифтори чунин беморӣ шуда бармегарданд. Ҳамчунин булҳавасии фарзандони шахсҳои сарватманд низ аз чуниномилҳо унвон мешавад.
Қисмати асосии истеъмолкунандагони маводи нашъадорро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бекорӣ ва аз назорати волидайн дурмонанду ҳисси кунҷкобӣ ҷавононро ба нашъамандӣ гирифтор менамояд.
– Дар муқоиса бо солҳои гузашта вазъи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ дар чӣ сатҳ аст?
-Тибқи баррасии оморҳои расмие, ки мо дар доираи онҳо фаъолият намуда истодаем, дар айни ҳол вазъи нашъамандӣ дар ҶТ то андозае коҳиш ёфта аст. Ин натиҷаи фаъолияти дастҷамъонаи ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ ва Васоити ахбори умум мебошад. Агар ба омори расмӣ назар кунем, аз соли 1997, ки аввалин теъдоди нашъамандон дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда буданд, то соли 2007 ин теъдод рӯ ба афзоиш буд. Соли 2007, ки қуллаи баландтарини нашъамандонро нишон медиҳад, теъдоди онҳо ба 8744 нафар мерасид. Айни ҳол теъдоди нашъамандон то 7135 коҳиш ёфта аст. Ин гувоҳи он аст, ки то андозае ҳам бошад, мо тавонистем садди роҳи инкишофи ин беморӣ шавем. Лекин то он рӯзе, ки ҳадди ақал як нашъаманд дар хоки кишвари мо боқӣ мемонадва ё як ҳолати интиқоли ғайри қонунии маводи мухаддир ҷой дорад, худро муваффақ гуфта наметавонем.
–Шахсоне, ки мубталои нашъамандӣ мешаванд, метавонанд гирифтори дигар маризиҳо ҳам бошанд?
–Бемории нашъамандиро фоҷиаи башар ё вабои аср меноманд ва он як қатор оқибатҳои мудҳишро дар пай дорад. Аз ҷумла, яке аз бемориҳое ки шахси истеъмолкунандаи маводи нашъадор метавонад гирифтор шавад, ин бемории норасоии масуният бадан, яъне ВИЧ аст. Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳад ки шумораи зиёди гирифторони ВИЧ/СПИД- ро истеъмолкунандагони тазриқии маводи мухаддир ташкил мекунанд. Агар ба омори расмӣ нигоҳ кунем, қариб 62,9 фоизи истеъмолкунандагони маводи нашъодорро истеъмолкунандагони намуди тазриқии маводи мухаддир ташкил медиҳанд, ки ин хеле ташвишовар аст.
– Мусаллам аст, ки дар ҷумҳурӣ ва натанҳо дар ҷумҳурии мо қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа ин занҳо мебошанд. Ва илова бар ин зан - модар тарбияткунандаи насл ба шумор меравад. Мехостам дар бораи вобастагии занҳо ба маводи мухаддир ё сатҳи нашъамандӣ дар миёни занҳо ба хонандаҳо иттилоъ медодед.
– Мутаассифона, дар байни истеъмолкунандагони маводи нашъадор ҳастанд занҳо ва модароне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Ин мушкил ба солимӣ ва густариши миллат таъсири манфӣ мегузорад. Агар боз ҳам ба омор такя кунем, 236 нафарро аз шумораи умумии нашъамандон занҳо ташкил медиҳанд.
–Агар зан ба нашъамандӣ гирифтор шавад, чӣ пайомаде метавонад ба бор орад?
– Маводи мухаддир натанҳо барои як зан, балки барои кулли он шахсоне, ки ба бемории нашъамандӣ гирифтор шуданд, оқибатҳое хеле мудҳишро ба бор меорад. Пеш аз ҳама шахсият шикаста мегардад, яъне агар ҷавон бошад, ҷавониаш талаф меёбад, оилааш шикаста мешавад ва ғайра. Агар ба як зани нашъаманд назар андозем, мебинем, ки ӯ метавонад чандин касро шикастахотир гардонад, сар карда аз волидон, фарзандон, хусуру хушдоману шавҳару дӯстон ва ҳама атрофиёнаш. Натиҷаи дигараш ин аст, ки зани нашъаманд метавонад дар сироятёбии бемории ВИЧ/СПИД ва дигар бемориҳои ҷинсӣ зиёдтар нақш дошта бошад. Як шахси нашъаманд ба се мушкил оқибат гирифтор хоҳад шуд: ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва тиббӣ. Мушкили тиббӣ ин аст, ки шахс бемор мешавад, баданаш қобилияти муқобилятро аз даст медиҳад. Пайомади иҷтимоияш шахсро хонавайрон мекунад. Ҳолати ҳуқиқиаш бошад, ин аст, ки ҳар як шахс дар баробари нашъаманд будан боз метавонад ҷинояткор бошад, чункибарои дарёфти маводи мухаддир маблағи муайяне лозим аст. Ҳар рӯз бояд дастрас кунад ин маводро. Дар ҳолати надоштани маблағ шахси нашъаманд қодир астба ҳар як ҷиноят даст занад. Аз ҷумла, агар зан бошад, метавонад ба фоҳишагӣ даст занад, ба дуздӣ рӯ орад ва ё ягон ҷинояти дигареро содир кунад.
– Шумо ки роҳбарии яке аз ниҳодҳоро дар робита ба пешгирии нашъамандиро бар ӯҳда доред, фикр мекунед барои пешгирии вазъи нашъамандӣ ҷомеаи мо имрӯз бояд чи хел мубориза барад?
– Танҳо дар якҷоягӣ метавонем ба ин фоҷиаи башар дастболо шавем. Пеш аз ҳама бояд иттилоотнокии аҳолиро баланд бардорем, аз оқибатҳои суистеъмоли маводи нашъадор мардумро огоҳ созем. Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ мегӯянд, мо низ бояд корҳои пешгириро зиёдтар ба роҳ бимонем.
– Мутахассисони Маркази миллӣ танҳо дар ноҳияҳои гирду атроф кор мебаранд ё ба ноҳияҳои дурдаст ҳам рафта, вазъро меомӯзанд?
– Маркази миллӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ фаъолият менамояд. Раёсатҳои минтақавии марказ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ фаъолият дошта, бевосита дар ноҳияҳои дурдасти кишварамон мулоқоту вохӯриҳо доир менамоянд. Дар баробари ин аз ҳисоби худи дастгоҳи марказӣ ҳар сол кормандон ҷиҳати омӯзиши вазъи нашъамандӣ, барои гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда ба ҳар як ноҳияву вилоят сафарбар мегарданд. Аз ҷумла, дар соли равон мутахассисон ба вилояти ВМКБ, ки имрӯз вазъи нашъамандӣ хеле нигаронкунанда аст, сафари корӣ доштанд. Инчунин дар навоҳии водии Рашт низ тавонистем ин вохӯриҳоро доир намоем. Дар вилояти Хатлон ва Суғд низ ҳамчунин мулоқоту вохӯриҳо анҷом додем.
Дастоварди арзандаи мо барқарор кардани робитаи зич бо ВАО мебошад. Соли равон тавонистем сомонаи интернетиро, ки дар марказ фаъолият дошт, аз нав фаъол созем. Ҳозир сомонаи интернетии марказ бо 3 забон фаъолият намуда истодааст ва ҳар як хонанда вобаста ба ин ва он навъи гирифтории нашъамандӣ метавонад ба суолҳои худ ҷавоб ёбад.
– Шумо барои баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисони маркази миллӣ чи гуна чорабиниҳо мегузаронед? Оё онҳо метавонанд аз таҷрибаи кишварҳои дигар бархурдор шаванд?
– Бе такмили ихтисос, бе баланд бардоштани малака корро ҷоннок намудан ҳич маънӣ надорад. Ҳамасола, аз тарафи Маркази миллӣ бо дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ ва пеш аз ҳама Вазорати тандурустии ҶТ дар ҳудуди кишвар ва берун аз он семинарҳои омӯзишӣ доир мекунем ва пайваста маҳорату малакаи кормандонамонро сайқал медиҳем, то аз усулҳои муосири таҳлилубаҳодиҳии вазъи нашъамандӣ бархурдор бошанд.
–Вақтҳои охир ба назар мерасад, ки ҳам кишварҳои Осиёӣ ва ҳам Аврупоӣ барои мубориза бо нашъамандӣ кушиш мекунанд даст ба дасти ҳам бидиҳанд. Фикр мекунед чаро?
– Ҳич як давлати дар алоҳидагӣ ба ин зуҳуроти номатлуб дастболо шуда наметавонад. Танҳо дар ҳолати дастаҷамъона муқовимат нишон додан, давлатҳо метавонанд ба натиҷаҳои дилхоҳ бирасанд. Агар ба таърихи нашъамандӣ назар андозем, аввалин чорабинии сатҳи байналмилалие, ки ба ҳамин мақсад гузаронида шуд, 100 сол қабл буд ва он бо қабули конвенсия оид ба муомилоти маводи нашъадор дар шаҳри Шанхай анҷом шуд. Баъдан, ба хотири пурзӯр намудани мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир чандин конвенсияҳои дигари байналмилалӣ баргузор гардиданд. Қабулшавии конвенсияҳо аз он далолат мекунад, ки бе ҳамдигар давлатҳо ё ин ки як ашхоси алоҳида бо ин беморӣ ва «вабо» муқовимат нишон дода наметавонанд.
– Ташаккур.
Эмомалии Сайидамирзод ва Ёқуби Саид