.
– Занест хушрафтору хушгуфтор, хушсимо, меҳрубону хоксор ва кордону корсоз,– мегӯянд дар бораи вай мардуми ноҳия.
– Ба ман ҳаққи модарӣ дорад, нофамро буридааст, дар кӯдакӣ бемор будаму шабҳоро сари гаҳвораам рӯз кардааст,– изҳор дошт як ҷавони сокини ноҳияи Ванҷ.
– Агар меҳри модарӣ дар дили тифл «бо шир вориду бо ҷон бадар шавад», Холдона бо садоқати касбӣ ва хизмати модарона ба меҳру муҳаббати гарму самимии мардум сазовор шудаст ва дар хонаводаҳои зиёде ӯро барҳақ модар меноманд,-– баён медорад Пайшанбе Шоҳзода, шоир ва журналист.
Сокинони Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз ҷоннисории ин зани наҷиб қиссаҳо мекунанд. Чанд сол қабл зане дар деҳаи Жамак ҳангоми таваллуд бемори сахт шуд. Аз тармарезӣ ва барфи зиёд роҳҳо ба сӯйи маркази вилоят масдуд буданд. Наздикони беморро чорае ҷуз аз рӯ овардан ба Холдона, ягона пизишки занонаи ноҳия, ки худ тифли 8 рӯзаро мемаконду ҳанӯз бистарӣ буд, намонд. Холдона ба рӯйи тифлаки хеш менигаристу азоби модареро, ки дар орзуи таваллуди тифл дарди ҷонкоҳ мекашид , эҳсос мекард. Ҳамдардии модарона ва масъулияти касбӣ боло гирифту аз бистар хест. Суханони шавҳар ва хушдоманаш ба вай қувват бахшиданд, ки ӯро ба кори хайр раҳнамоӣ намуданду гуфтанд, ки то рафтану омаданаш тифлро муроқибат мекунанд.
Пизишкро ба хонаи бемор бурданд. Бо кӯмаки ӯ ва раҳмати Худованд ғам ба шодӣ мубаддал гардид. Вале тармаи бузург роҳи бозгаштро баст. Дақиқаҳо ба рӯзҳо баробар шуданд, зеро аз тифлаш хавотир буд. Вале танҳо пас аз як ҳафтаи расидани техника роҳ боз шуду вай имконият ёфт, ки ба хона баргардад ва тифлашро аз нав ба оғӯш гирад.
– Ман ба шарофати шавҳарам обрӯву иззат ёфтам. Дар русто муносибат дар чорчӯбаи соатҳои корӣ намеғунҷад, корафтодагон ҳар вақте зарур шавад, ба хона меоянд. Шавҳарам онҳоро бо лутфу чеҳраи кушод пешвоз мегирад. Ӯ омӯзгор асту атфолро дӯст медорад ва аз ман талаб мекунад, ки барои шифо бахшидани онҳо чизеро дареғ надорам, – нақл мекунад Холдона.
Холдона Аллоева зиёда аз 35 сол боз масъулияти мудири шӯъбаи зоишгоҳи бемористони ноҳияро бар дӯш дорад. Бо гузашти солҳо меҳру муҳаббати мардум ба ӯ бештар мешавад, ҷойи кор ба хонаи дувумаш табдил шудааст. Сокинони ноҳия ва ҳамкорон бо миннатдорӣ ва ифтихор аз вай ба ҳайси мутахассиси хуб ва инсони наҷиб ном мебаранд. Собиқадори соҳаи тандурустӣ Маснавшо Мирзобеков, ки солҳои тӯлонӣ роҳбарии идораи тандурустии вилоятро дар даст дошт, Холдонаро яке аз пизишкдухтарони нахустини ноҳияи Ванҷ мешуморад, ки дар давраи душвортарини камбуди мутахассисон ба зодгоҳаш омада, ба фаъолияти касбӣ пардохтааст.
Кадом азму иродае меҳри касбро дар дили ин духтари рустоӣ ҷо кардаву вайро ба Донишгоҳи тиббӣ бурд? Одатан, калонсолони деҳот сари дастархон дар қатори мавзуъҳои мухталиф, тозаахбореро аз қабили «бачаи фалонӣ ба матаби олӣ дохил шудааст», «бачаи фалонӣ диплом гирифта омад», « бачаи фалонӣ соҳиби вазифа шуд», «бачаи фалонӣ паҳлавон аст» ба самъи ҳамдигар мерасонанд. Падари Холдона одатан хомӯш менишаст, зеро писаронаш ҳанӯз тифл буданду се духтар ба воя мерасид. Холдона ин ҳолатро пай бурда, тасмим гирифт, ки духтари Алло буданашро исбот мекунад, аммо на чун Гурдофарид бо сипару найза, балки бо омӯзиши касбу ҳунар. Бо ин мақсад ба пойтахти ҷумҳурӣ роҳ пеш гирифта, муваффақ шуд. Ба зиндагии шаҳр ҳавас накарда, баъди хатми шӯъбаи муолиҷавии донишгоҳи тиббӣ, ба хонаи падар баргашту ба фаъолият пардохт.Зуд байни мардум ном баровард. Акнун, ҳама дар бораи духтари Алло Низомов, мудири шӯъбаи маориф, гап мезад, ки мардумро муолиҷа менамуд.
Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомоту сохторҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби сармоягузорону соҳибкорон бояд дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, махсусан, дар байни ҷавонон, таъмири муассисаҳои тиббии мавҷуда ва бунёди бунгоҳу дармонгоҳҳои нав, инчунин таъминоти онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олӣ, апрели соли 2012)
Маҳбубиятеро, ки ин бону тайи солҳои фаъолияти касбӣ байни мардум сазовор шудааст, беандоза аст. Вай борҳо аз имтиҳони зиндагӣ бо сарбаландӣ гузаштааст. Айни ҳол ин бону сокинони ноҳияро дар маҷлиси вилоятӣ намояндагӣ мекунад. Дар ҳавзаи интихоботии маркази ноҳия, ки мардсолорӣ ҳукмрон буд, духтари Алло тавонист бар ҳарифони мардаш ғолиб ояд. Зеро хонаводаҳои зиёде, ки шабу рӯз дар хидматашон буд, ӯро ба модару хоҳарашон баробар медонанд ва барои мавқеи фаъоли иҷтимоиву сифатҳои баланди ҳирфаӣ ва инсониаш вайро фиристодаи доно ва сазовор дар маҷлис мешуморанд.
Холдона ба ҳайси вакил талабгори таъсиси маркази хунгузаронӣ дар ноҳия шудааст. Аз набудани чунин марказ беморон ранҷ мебаранду хешовандонашон маҷбур мешаванд, ки барои наҷоти ҷони наздикон онҳоро барои идомаи муолиҷа ба маркази вилоят ва ё ҷумҳурӣ интиқол диҳанд. Аз сӯйи дигар, занон ба бемориҳои камхунӣ, хунравии зиёд ҳангоми таваллуд гирифтор мешаванд, вале дурии масофаву роҳбандиҳо аз селу тарма, расондани кӯмаки саривақтиро мушкил сохта, хафви марги модару кӯдак ва беморони оҷиле, ки ба хунгузаронӣ эҳтиёҷ доранд, ҳамеша вуҷуд дорад. Холдона ҳодисаҳои марги модару кӯдакро, ки қаблан дар бемористони ноҳия иттифоқ меафтод, чун фоҷиаи шахсӣ қабул карда, шукр мекунад, ки солҳо боз шоҳиди чунин ҳодисаҳо нашудааст.
Байни занони ноҳия бемориҳои гурда, қанд ва фишорбаландӣ дар ҳоли афзоиш буда, ба омилҳои иҷтимоиву равонӣ рабт дода мешаванд. Холдона барои табобат ва наҷоти беморон вақтро дареғ намедораду чун табиби ҳозиқу кордон тарғиби тарзи ҳаёти солимро байни занону духтарон омили асосии пешгирии бемориҳо мешуморад ва ба онҳо меомӯзонад, ки муроқиби саломатии худ бошанд, зеро фарзандон ва оила ба модари солим ниёз доранд.
Духтарони Холдона аз пайи модар рафта, Донишгоҳи тиббиро хатм намуданд. Холдона худро хушбахт мешуморад. Воқеан, бону ва модаре, ки бо кору амалҳои нек аз маҳбубияти мардум баҳраманд аст, хушбахт мебошад, хушбахттарин бону ва модар!
Ш.Мирзоҷалол