.
Сокинони ин деҳа мӯътақиданд, ки омили асосии бурузи бесобиқаи ин бемориҳо партовгоҳи филизоти кӯҳии Олмалики Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст.
Дурдасту фаромӯшшуда
Дар деҳаи ба номи Абдулло Зиёеви Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров теъдоди мубталоёни бемориҳои саратон ва сирояткунанда беш аз пеш меафзояд. Ин деҳа, ки байни мардум бо номи Янгиқӯрғон маъруф аст, дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ ҷойгир шуда бошад ҳам, расман тобеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Агар то ба Мастчоҳ масофаи 50 км роҳро дар 40 дақиқа паймуда бошем, аз он ҷо то деҳаи мазкур, ки 60 км роҳи пурпечутоб аст, дар 2 соат расидем. Ба ин деҳа мошинҳо кам рафтуомад доранд, зеро ҳаққи роҳкиро аз маркази ноҳияи Мастчоҳ то он ҷо 80-100 сомониро ташкил мекунад. Сокинони деҳа то ягон кори таъҷилӣ надошта бошанд ё ягон бемор, ҳаргиз ба роҳ намебароянд…
Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомоту сохторҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби сармоягузорону соҳибкорон бояд дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, махсусан дар байни ҷавонон, таъмири муассисаҳои тиббии мавҷуда ва бунёди бунгоҳу дармонгоҳҳои нав, инчунин таъминоти онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олӣ, апрели соли 2012)
Дар маркази деҳаи Янгиқӯрғон ба ҷуз аз як дӯконе, ки соли гузашта аз ҷониби идораи матлуботи Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта шудааст ва мактабу бунгоҳи тиббии фарсуда, дигар иншооти маърифатию иҷтимоиро надидем. Ҳар шоми сешанбе як дӯкони сайёр ба деҳа маводи ғизоӣ оварда, рӯзи панҷшанбе бозпас мегардад.
«Ҳама беморем!»
Сокинони деҳа сабабҳои бурузи бемориҳои гуногун ва мушкилоти хешро медонанд.
– Ман ҳамагӣ 43-солаам, – мегӯяд яке аз нахустин муҳоҷирони бумишуда Полвон Собиров. – Вале чандин сол аст дандонхоям рехтаанд. Ҳамсарам пайваста бемор аст. Обе, ки сабабгори бемориҳои мо аст, аз партовгоҳи партовҳои кимиёвии корхонаи филизоти кӯҳии Олмалики Ӯзбекистон ба деҳаи мо меояд. Вақте мо соли 1984 аз ноҳияи Спитамен ба ин ҷо муҳоҷир шудем, об то ба ин дараҷа бадсифат набуд. Таркиби об баъд аз охири солҳои 80-ум ифлос шуда, таъсираш ба тамоми оилаҳои деҳа расидааст. Аксарияти бачагон ба бемориҳои ҷигару дил гирифторанд. Аз шумораи 600-нафараи аҳолӣ пиронсолон хеле ангуштшуморанд, зеро бештари фавтидагон синни 40- 45-соларо дар бар мегирад. Дар ин деҳа, ки беморхона надорад, бурузи бемориҳои гуногун ва камхунӣ миёни бонувон зиёд шудааст. Вақте маризони худро ба ноҳияҳои Мастчоҳу Бобоҷон Ғафуров аз ин ҷо мебарем, аксар мавридҳо бо баҳонаи он ки мӯҳлати беморӣ гузаштааст, аз қабули дардмандони мо даст мекашанд. Баъди навиштани аризаи 70-нафараи мо, ду маротиба раисони ноҳия нав шуданду вале вазъи мо ҳамоно бетағйир мондааст. Аз ташрифи солонаи раисон дар хотири мо танҳо ваъдаҳо мондаасту халос. Ин об на танҳо ба инсон, балки ба ҳайвоноту наботот ҳам таъсири бад гузоштааст. Гову дарахтони мева ҳамагӣ 5 сол умр мебинанд. Дар заминҳои наздиҳавлигӣ, бинобар шӯрии об ягон навъ зироати полезӣ намерӯяд. Табибон пайваста таъкид мекунанд: «Аз ин об нанӯшед, ки ҳама саросар гирифтори бемориҳои сироятӣ мешавед!». Вале оби софу тозаро аз куҷо орем? Чандин сол аст, ки мехоҳем чоҳи амудӣ канем, аммо маблағ надорем. Наход аз ҳисоби кӯмакҳои башардӯстона барои мо лоақл ягон чоҳи амудӣ насозанд?
Сайре дар кӯчаҳои «ДЕҲАИ БЕМОР»
Мо бо раҳнамоии вакили маҷлиси ноҳиявӣ Содиқчон Ёқубов ба назди мактаб ва бунгоҳи тиббӣ, ки солҳои 80 бунёд шуда, дар ҳоли табоҳ қарор доранд, расидем. Дар бунгоҳи тиббӣ ҳамагӣ як нафар ходими миёнаи тиббӣ - Бобоҷон Сафоев кор мекунад. Пизишкёр Сафоев худ низ ҷарроҳӣ шудааст.
Ягон нафар ҳамшираи шафқате нест, ки ба бонувони деҳа ёрии нахустини тиббӣ расонад. Дар ягона мактаб, ки таълим 9-сола аст, бинобар набудани мутахассисони фанҳои забони русию ангилисӣ, химия, риёзӣ, ин фанҳо умуман дарс дода намешаванд.
– Агар имсол омӯзгори риёзӣ Қаноат Ҷӯраева ба нафақа бароянд, вазъи таълим боз ҳам вазнинтар мешавад,- иброз медорад муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Баҳринисо Валиҷонова. – Аммо ба қадри хизматҳои устод, ки 16 сол пеш аз ноҳияи Конибодом омада, дар хонаи назди мактаб иҷора нишаста, фарзандони моро таълим медиҳад, нарасиданд. Гаронии раҳкиро, набудани ягон навъи дастгирии иҷтимоӣ, бахусус, таъмини омӯзгорон ба замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби масъулони ноҳия, муаллимонро аз ин деҳа мегурезонанд.
– Ман низ тасмим гирифтаам, ки дигар кор накунам, – изҳор медорад Баҳринисо Валиҷонова. – Зеро оби заҳролуд ва намнокии баланди деҳа маро гирифтори бемории гурда карданд. Агар раҳкироямонро пардозанд ва порчаи замин диҳанд, шояд омӯзгориамро идома диҳам. Зеро ману шавҳарам, ки директори мактаб аст, аз ноҳияи дурдаст ба ин ҷо ба кор омадаем, – мегӯяд Баҳринисо Валиҷонова, ки собиқаи 45-солаи омӯзгорӣ дорад.
Шавҳари Баҳринисо мудири мактаб Абдусалом Мақсадов муаллими таърих аст. Вай аз он изҳори ташвиш менамояд, ки шогирдони мактаб зуд-зуд бинобар истеъмоли оби бадсифат бемор шуда, аз дарсҳо берун мемонанд. Ҳарчанд ду-се нафар ҷавони деҳа дар муассисаҳои омӯзгории шаҳри Хуҷанд таҳсил доранд, аммо иддае аз падару модарон чандон моили идомаи таҳсили духтаронашон дар мактабҳои олӣ нестанд.
Ҳамсоя ғами мардумашро мехӯрад?! ғами моро кӣ мехурад?
Содиқҷон Ёқубов иброз дошт, ки ҳанӯз соли 1987 барои таҳқиқу ташхис аз оби деҳа намуна гирифта, ба беморхонаи марказии ноҳияи Пскенти вилояти Тошканд фиристодаанд. Духтурон ба чунин хулоса омада буданд, ки истеъмоли чунин об мумкин нест.
– Аз он замон то кунун Ҳукумати Ӯзбекистон он шаҳрвандонеро, ки дар наздикии партовгоҳи маводҳои кимиёвии заҳрогини Олмалик зиндагӣ мекунанд, бо оби кашонидашуда таъмин менамояд, – мегӯяд вакили маҳалла. – Ваъда шуда буд, то ҳамарӯза моро низ бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин кунанд. Вале пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ касе парвои саломатии мардуми моро надорад. Чанде қабл аз саратони ҷигар Расулҷон Ёқубови 29-сола, Абдураҳим Мирзоеви 34-сола ва як марди дигари 54-сола фавтиданд. Ман соли 2005 дар бемористони шаҳри Тошканд табобат гирифтам. Профессороне, ки маро ҷарроҳӣ карданд, гуфтанд: «Агар ба Шумо саломатӣ лозим бошаду зиндагӣ кардан хоҳед, дигар аз ин об нанӯшед!».
Ҳама медонанд, ки ин об заҳрогин аст!
Мувофиқи натиҷаи ташхиси лабораторие, ки тақрибан ду сол қабл аз ин аз ҷониби Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологии вилояти Суғд сурат гирифтааст, таҷаммӯи маводҳо дар оби озмоишии Янгиқӯрғон 24 миллиграм мутаносибан (эквивалент) дар як литрро ташкил медиҳад. Ин аз меъёрҳои стандартӣ якчанд маротиба зиёд мебошад ва хеле ба саломатӣ зарар дорад.
Назар ба суханони Садриддин Абдураҳимов декани факултети ҷуғрофиё ва экологияи ДДХ ба номи академик Бобочон Ғафуров, доктори илмҳои геологию менералогӣ:
– Партовгоҳи Олмалик ба муҳити зисти Тоҷикистон таъсири хатарбору муҳлик дорад. Ҳангоми бунёди партовгоҳ таъсири манфии монеаҳои сунъии биокимиёвӣ ба муҳити атроф ба эътибор гирифта нашудааст. Монеаҳои сунъӣ раванди тасфияи (инфилтрятсияи) обҳои ифлосро таъмин карда наметавонанд. Ин аст, ки оби заҳрогин ба заминҳои мардуми сокинони Янгиқӯрғон равон шуда, одамон аз он истифода мебаранд. Партовҳои филизоти сангин, ки якҷо бо об ба қисмати болоии замин мебароянд, ба ҳаво партоб мешаванд ва тавассути шамол ба ҷониби Тоҷикистон паҳн гашта фазои кишварро ифлос месозанд. Ҷониби Ӯзбекистон бояд барои ин амалаш посух гӯяд ва зарареро, ки тайи солиёни зиёд ба одамон ва табиати Точикистон аз ҷониби онҳо расонида мешавад, пардохт намояд. Тибқи талаботу меъёрҳои байналхалқӣ Ӯзбекистон бояд ҳамсола 25% даромади аз ин корхона мегирифтаашро барои эҳё ва беҳтар намудани вазъи экологии ҳудудҳои марзии Тоҷикистон бипардозад. Вале то кунун ин кор аз ҷониби кишвари хамсоя сурат нагирифтааст.
Назар ба суханони Саидамин Исомаддинов, сардори раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, дар партовгоҳи Олмалик наздик ба як миллиард тонна партовҳои заҳрогини кимиёвӣ ҷамъ шудаанд. Дар поёни партовгоҳ , воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон, 1316 гектар заминҳо бинобар таҳшин шудан ва убур кардани оби партовгоҳ, рӯй ба харобӣ овардаанд. Алҳол беш аз 350 гектар замин бинобар беш аз як метр баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ шӯр задаю ба ботлоқ мубаддал шудаанд. Он заминҳо дигар қобили кишт нестанд.
Ба гуфтаи Саидамин Исомаддинов ташхис ва таҳлили оби поёни партовгоҳ баёнгари он аст, ки он бо маҳлулҳои (ингредиентҳои) гуногун касиф шудааст. Таври мисол, дар таркиби об рух, қӯрғошим, кадмий, қалъагӣ, азоти аммиак нисбат ба меъёр аз 1,3 то 3 баробар зиёд мебошанд.Ташхиси хок нишон дод, ки маводҳои сангини филизӣ аз меъёр аз 6 то 8 маротиба зиёд мебошанд.
Тилав Расулзода