«Ноҳияи Фархор яке аз мавзеъҳои бостонии Тоҷикистон буда, дар ҳудуди он ёдгориҳои нодири таърихӣ, аз қабили шаҳраки Золи Зар, Сайёду Саксанохур, Шаҳртеппаву Макони Мор ва амсоли онҳо ҷойгиранд».
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар замони истиқлолият
Боиси ифтихор аст, ки номи баъзе аз ёдгориҳои таърихии минтақаи Фархор, аз қабили Золи Зар, Сайёд, Саксанохур ва Шаҳртеппа дар «Шоҳнома» -и Фирдавсӣ ва дигар асарҳои таърихӣ дучор меоянд.
Чанд соли охир барои рӯшан сохтани гузаштаи пурифтихори Фархор як гурӯҳ бостоншиносон ҷустуҷӯю ковишҳо анҷом медиҳанд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ноҳияи Фархор симои худро ба куллӣ тағйир дод. Сафарҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳия ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои хоссаи ӯ ба ин диёри таърихӣ далели он аст, ки ин макон ояндаи шукуфонеро дар пеш дорад.
Алҳол шаҳраки Фархор хеле ободу зебо гаштаасту симои худро батамом дигар кардааст. Ҳоло дар ин ҷо даҳҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ қомат афрохта, гулгашту хиёбонҳои зебое ба вуҷуд омадаанд, ки аз ободию пешрафти ин макони куҳан дарак медиҳанд. Ҳамчунон, гулгашту хиёбонҳои нав, кӯчаю роҳравҳои ороста, майдончаҳои истироҳативу варзишӣ пайдо гардидаанд.
Иқтисод ва саноат
Иқтисоди ноҳия асосан аз ҳисоби кишоварзӣ дар гардиш аст, вале дар соҳаҳои дигар низ пешравиҳо чашмгиранд. Аз 18 корхонаи саноатии ноҳия 6 ададашро коргоҳҳое ташкил медиҳанд, ки ба коркарди пахта машғуланд. Дар ин радиф, 4 корхонаи хурди нассоҷӣ, 2 адад коргоҳи коркарди шир, як сехи хурди консервбарорӣ, як корхонаи қаннодиву нонпазӣ, як корхонаи дӯзандагӣ, ду корхонаи истеҳсоли хишт ва як коргоҳи истеҳсоли қуму шағал ва асфалт ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Соли равон боз 2 коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла коргоҳи коркарди шири ҶДММ «Солеҳҷон М» ва корхонаи коркарди пахта ҶДММ «Субҳи Фархор-1» таъсис ёфтанд.
Лозим ба таъкид аст, ки корхонаҳое чун ҶДММ «Корпоратсияи Зиёратшоҳ», ҶДММ «Адолат-А», ҶДММ «Самои К», ҶДММ «Фароғат-М», ҶДММ «Солеҳҷон-М» ва ҶДММ «Шукрона» нишондоди ҳаҷми маҳсулоти саноатиро зиёд намуданд, ки ин падидаи нек аст.
Тиҷорат ва бонкдорӣ
Дар замони бозаргонӣ тиҷорат ва бонкдорӣ ду шохаи пуриқтидорест, ки барои мустаҳкамии иқтисодиёт хизмат мерасонанд. Дар ин раванд, баҳри ривоҷи тиҷорат аз тарафи бонкҳои ноҳия ба 17 ҳазор нафар сокин барои ривоҷи кишоварзӣ, тиҷорат, мусоидат ба равуои сафарҳои меҳнатӣ ва дигар мақсадҳо, беш аз 28 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Ҳамзамон, аз ҳисоби маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони меҳнатӣ бештар аз 1 миллиарду 373 миллион рубли русӣ, 11,5 миллион доллари амрикоӣ ва 26 ҳазор евро ба бонкҳо ворид шудааст, ки ин барои ба гардиш овардани пул таъсирбахш аст.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Дар ноҳия 26217 субъекти андозсупоранда фаъолият дорад, ки аз ин шумора 1263 ададро шахсони ҳуқуқӣ ташкил додаанд. Дар ин раванд фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле густурда аст. Ҳоло дар ин ҷо 3609 хоҷагии деҳқонӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст. Сафи соҳибкорони инфиродӣ, ки беш аз 1130 нафаранд, дар ҳоли афзоиш аст.
Кишоварзӣ
Ҳаҷми умумии маҳсулоте, ки аз соҳаи кишоварзӣ соли гузашта ба даст омадааст, 713379,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин нишони он аст, ки кишоварзӣ ҳамчун соҳаи асосии иқтисодиёт ҳоло ҳам дар мақоми аввал қарор дорад.
Саноатикунонии маҳсулоти кишоварзӣ
Дар ноҳия барои дастгирии ин иқдом корҳои зиёде ба анҷом мерасанд. Соли гузашта 60 гектар боғи нав ва 0,10 гектар гармхонаи ситруспарварӣ бунёд шуда, 53 гектар боғу токзор барқарор карда шуд. Бештар аз 60 гектар боғу токзор дар заминҳои лалмӣ ва чарогоҳҳо бунёд гардиданд.
Дар ин давра 2220 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шуда, истеҳсоли гӯшт ба 10101 тонна, шир ба 21684 тонна, гӯшти моҳӣ 95,2 тонна, тухм ба 2253,0 ҳазор дона, асал ба 41 тонна расонда шуд.
Саҳми бонувон
Бонувон дар пешбурди хоҷагии халқ саҳми назаррас доранд. Аз шумори 166 ҳазор нафар аҳолӣ нисфашро бонувон ташкил медиҳанд. Бештар аз 51 ҳазор нафари онҳо занони қобили меҳнатанд. Аз ин миқдор 1155 нафар дар соҳаи маориф, 161 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 63 нафар дар фарҳанг, 71 соҳибкор ва 357 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳастанд.
Дар маҷмӯъ, шумораи умумии бонувони роҳбар 587 нафар аст. Намоянда дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 8 нафар, дар Маҷлиси ҷамоатҳо 37.
Омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолият
Барои сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашн бо назардошти дархосту пешниҳодҳои мардум сохтмон ва бунёди як зумра иншооти ҷашнӣ, аз қабили: сартарошхона, ҳаммом, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, боғчаҳои бачагона, китобхона, коргоҳҳои дӯзандагӣ, марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ барои занону духтарон, бунгоҳҳо ва марказҳои саломатӣ бо ҳуҷраҳои таваллуд, муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, дукони таъмири пойафзол, кошонаҳои ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ, дар маҷмӯъ 274 иншоот бо маром идома доранд.
А. ҲАБИБУЛЛОПУР,
ноҳияи Фархор