Ҳунар рӯзе ба кор ояд…
Ҳарчанд дар маркази ноҳия заргарони чирадаст зиёд бошанд ҳам, дар дӯкони Бибиҷон даробарои муштариён бештар аст. Яке гарданбанд фармоиш медод, дигаре хоҳиш менамуд, то гӯшвораи шикастаашро бонуи заргар васл намояд, сеюмӣ шод аз барпошавии ҷашни арӯсии духтараш аз усто нархи ангуштарини зеботаринро пурсон мешуд.
Бибиҷон бо муомилаи хушу сухани нарм ба пурсишҳо посух медод ва гоҳе шӯхиомез луқма ҳам мепартофт. Мисле ки муштариён ҳама пайвандонаш бошанд, ки муносибаташон бо якдигар бесарҳад буд. Бонувони корафтода то омода шудани ҷиҳози ороишӣ аз ҳар хусус бо ӯ дарди дил мекарданд. Бибиҷонро ҳунараш хушрӯзгор ва соҳибэҳтирому наздик ба қалби муштариён намудааст…
То он замоне, ки ба шавҳар набаромада буд, Бибиҷон аз ҳунари заргарӣ бӯ намебурд. Намедонист, ки ин ҳама зару зевари дар арӯсиаш туҳфанамудаи волидон чӣ қимате доранду бо кадом заҳмате омода шудаанд. Аз пораи нуқра ё тиллои обкардашуда баъди чанде омода гаштани гӯшвора, гарданбанд ва ангуштаринҳои чашмбаранда, ки додарарӯсаш месохт, шавқу рағбат ва ҳаваси ӯро ба пешаи заргарӣ афзуд. Баъди анҷоми корҳои рӯзгор арӯси навраста назди усто Юсуф нишаста, нозукиҳои заргариро омӯхт. Сабру тоқат, зеҳн ва сифати кораш ба усто писанд уфтод ва ӯро ба шогирдӣ пазируфт.
- Дар ҳавлии хусурам дӯкони заргарӣ доштем ва фармоиши муштариёнро он ҷо тайёр мекардем. Шукр, ки пешаи азбарнамуда маро аз вартаи мушкили рӯзгордорӣ раҳо намуд. Вагарна чӣ ҳоле ба сар меомад. Зеро шавҳарам замоне ҷойи кор наёфту зиндагӣ сангин гашт. Тасмим гирифтам, то чархи рӯзгорро бо ҳунар бичархонам, - мегӯяд Бибиҷон.
Андешаи чӣ гуна ба роҳ мондани фаъолияти густурдаи заргарӣ оромаш намегузошт. Фикри аз кӣ ёрӣ пурсидану чӣ тарз корро оғоз намудан дар сараш чарх мезаду дарёфти роҳи ҳалли мушкилӣ барояш гиреҳтар мешуд. Ниҳоят ба хулосае расид, ки ба раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода муроҷиат намояд, то барояш замин ҷудо намояд.
- Дархостро раис хуш пазируфт ва дар маркази ноҳия барои сохтмони дӯкон ҷой ҷудо кард. Дар муддати кӯтоҳ, ана ҳамин дӯкончаро сохтем. Бахши шуғли аҳолии ноҳия низ барои ривоҷу равнақи кор ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ қарз дод, - бо хушҳолӣ иброз медорад Бибиҷон.
Заргарии қадимаро «нашканед»
Аз даҳ сол зиёд аст, ки чун заргар ном баровардаву рӯзӣ аз пеша мехӯрад, вале то ҳанӯз бо чандин маротиба таҷриба намудан ҳам натавонист, то чун маҳсулоти заргарии қадима ҷиҳози заргарие биофарад.
- Шояд ин таҷрибаро даҳҳо заргарони муосир кардаанд, аммо бовар дорам, ки чун ман навмед гаштаанд. Заргарии қадима бемисл аст. Мутаассифам, ки аксари бонувон зару зевари аз гузаштагон ба ёдгор мондаро мехоҳанд об карда, аз он намудҳои гуногуни ороишоти муосир барои духтаронашон бисозанд. Ростӣ, дилам месӯзад ва хоҳишашонро рад менамоям. Исрор мекунам, ки заргариҳои қадимаро «нашикананд», - бо таассуф мегӯяд Бибиҷон.
Мавсуф ба гӯшвораҳои қафасӣ ва гарданбандҳои тангаии қадимаи овезонбуда, ки рӯзе пештар барои намоиш ба пойтахт оварда буд, ишора карда мегӯяд: «Ҳар якеашонро хориҷиён 1500 сомонӣ нарх монданд, лекин нафурӯхтам. Заргарии қадима бебаҳост, нахостам ҳунари бобоиро беарзиш ба боди фано партоям. Бо тавалло қиматашро боло бурданд, вале розӣ нашудам».
Бибиҷон Бӯриева талош дорад, ки писараш Муҳаммадҷон аз нозукиҳои касби заргарӣ бархӯрдор гардад. Аз ин хотир, тасмим гирифт, то ҷигарбандаш аз устоҳои беҳамтои пешаи заргарӣ, дар шаҳри Душанбе ҳунари заргарии дастиро омӯзад. Зеро ороишоти қадима аслан ба таври дастӣ омода шуда, аз таҷҳизоти навбаромад истифода намешавад.
- Зару зевари қадимаро аз он хотир маҳфуз медорам, ки дар оянда Муҳаммадҷон шояд чун намуна дар рафти кор аз онҳо истифода барад. Бахусус, тарзи бофтани зираи қадима ниҳоят нодир ва аҷиб буда, аз усто истеъдод, зеҳни солим ва салиқаи зиёдро тақозо менамояд, - мегӯяд бо ҳавас Бибиҷон.
Туҳфа муҳаббатро мефизояд
Бибиҷон меафзояд, бонувон ба сухани хуш ниёзманданд. Баробари туҳфае аз ҷониби ҳамсар ё наздикон ҳарфи хуш хушҳолӣ мефизояд. Мардҳои нозукбин ин нуктаро бештар дарк менамоянд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то хотири бонуи хонадон ва модару хоҳарони худро бо туҳфае шод гардонанд. Гӯшвора, ангуштарин, гарданбанд ва дигар зару зевар беҳтарин ҳадияест барои бонувон.
Бибиҷон изҳори хушнудӣ менамояд, ки ҳунараш аз ҷониби муштариён қадр мешаваду рӯзгораш аз пушти пеша обод гаштааст. Панҷ фарзандро бо обилаи ангуштони хеш ба воя расонда, ҳар доим таъкидашон месозад, ки аз пешаи заргарӣ баҳравар бошанд, то рӯзе ҳунар онҳоро ба кор ояд.
Бибиҷон Бӯриева дар чандин намоишгоҳҳои шаҳриву ноҳиявӣ ширкат варзида, дастранҷҳояшро ба маърази тамошои соҳибзавқони ҳунарҳои миллӣ ва сайёҳону гардишгарони хориҷӣ гузоштаву соҳиби ҷоиза ва ифтихорномаҳо гардидааст. Ӯ нақшаҳои зиёдеро ҷиҳати рушди заргариаш тарҳрезӣ намудааст, ки барояш барори кор мехоҳем.
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО,
ноҳияи Файзобод