Корхонаҳои хурди дӯзандагӣ дар ноҳияи Шуғнон зиёданд, вале маҳсулоти ҳунармандони «Нигора» муштариёни бештар дорад. Байни фармоишгарони ин коргоҳ на фақат сокинони Ҷамоати деҳоти Сучон, ки коргоҳ дар ин ҳудуд воқеъ мебошад, балки намояндагони шаҳру ноҳияҳои ҳамсояро низ дидан мумкин аст. Савсан, як сокини ноҳияи Мурғоб баён дошт, ки дар тараддуди сомон додани ҷиҳози арӯсии духтараш ба маркази вилоят сафар мекард, вале дар канори роҳ чашмаш ба бинои тозаву озодаи коргоҳи дӯзандагии «Ангора» ва молҳои ба намоишгузоштааш афтоду аз ронанда хоҳиш намуд, ки андаке биистад. Чун вориди корхона гардиданд, тасмимашон дигар шуд. - Лутфи соҳибкору кормандон, самимият дар муошират ва сифати хуби мол диққатамро ҷалб намуданду барои ҷиҳози арӯсии духтарам пироҳан,бистару болин ва кӯрпаҳоро фармоиш додам. Аз моли хушдӯхту зебанда ва дилписанд харид на мудам. Бовар дорам, ки ба духтарам туҳфаи арзанда мебарам, - гуфт мусоҳибам дар ҳоле, ки бо писараш молро қаноатмандона дар бағоҷи мошин ҷой мекард.Роҳбари коргоҳ Гулреза Саидрасулова мегӯяд: «Чизе, ки чашм пазирад, дар дил нишинад» ва асрори дастовардашро дар он мебинад, ки моли фармоиширо сари вақт ва бо сифати баланд тайёр ва ба муштарӣ пешниҳод менамоянд. Дар «Нигора» ҳар харидор, ҳангоме ки моли фармоиширо ба даст мегирад, эҳсос месозад, ки ҳунармандон дар тайёр намудани он қобилият, маҳорату малака ва неруву гармии қалбашонро дареғ надошта, заҳмати зиёд кашидаанд. - Ҳунарманд, ҳар боре чун ба офариниши маҳсулот даст мезанд, бояд эҳсосаш ин бошад, ки барои худ меофарад ва танҳо бо чунин масъулияти тозакорӣ дар шароити созгори иқтисоди бозаргонӣ эътимод ва боварии мизоҷонро ба даст овардан муяссар мегардад, - афзуд Гулреза. Овони хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои Гулреза ба солҳои душвори иқтисодиву иҷтимоӣ ва ноамнӣ дар кишвар рост омад. Ҳанӯз масири доимоамалкунандаи нақлиётӣ байни вилоят ва маркази ҷумҳурӣ вуҷуд надошт. Гулреза мехост иқтисодчӣ шавад ва бо маслиҳати волидон ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ супурд. Вале ду сол пайи ҳам кӯшишҳояш бинобар хеле зиёд будани шумораи довталабон барор нагирифтанд ва ӯ ба тақдир тан доду хонашин шуд. Модар омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар баробари донишомӯз ва тарбиятгари хуби кӯдакон будан, салиқаи баландиӣ бофандагӣ ва дӯзандагӣ дошту духтаронашро низ ба ин ҳунар ошно мекард. Тибқи мақоли «духтар чӣ гуна, оча намуна», ҳунари меросӣ аз модар ба кор омад ва Гулрезаи ҷавон дар шароити хона ба бофандагӣ ва дӯзандагӣ шуғл варзида, қадами нахустинашро дар роҳи соҳибкории хурд гузошт. Салиқаи дӯзандаи ҷавони қобил аз чашми сокинони деҳоти гирду атроф пинҳон намонд ва хостгорҳо низ пайдо шуданду Гулреза дар байнашон Олуча - писари Саидамадоншоҳро интихоб кард.Дар оилаи нав Гулреза соҳиби фарзандони малеҳ шуду ба хотири таъмину тарбияи онҳо ва сомон бахшидани рӯзгордорӣ мақсад гузошт, ки фаъолияти ҳунармандиашро бештар тақвият бахшад. Шавҳар ташаббуси ҳамсарашро дастгирӣ намуду фаъолияти ҳунармандӣ, ки ҳадафи он афзун намудани буҷети хонаводагӣ буд, ривоҷ меёфт. Мизоҷони зиёд ба дӯзанда муроҷиат менамуданд ва аз сифати молҳои хушдӯхташ ҳамеша қаноатманд мемонданду нуфузи ҳунарманди соҳибсалиқаву тозакор боло мерафт. Аз пайвандони Гулреза ва шавҳари меҳрубонаш, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, ёрии молиявӣ мерасид, зеро дар баробари тарбияи фарзандон хонавода нигоҳубини хоҳари бепарастормондаи бемори шавҳарро фарзу қарзашон медонистанду ҳамагон дар амри хайри дастгирӣ ҳисса гузоштан мехостанд. Зану шавҳар ба хулосае омаданд, ки аз ёрии ба онҳо мерасада, бояд сарфакорона ва мақсаднок истифода намоянд. - Агар маблағро фақат сарфи сабади истеъмолӣ намоем, як умр дастнигар мемонему беҳтар аст, ки онро барои ривоҷ додани соҳибкории хурд равона созем, то аз меҳнат ва ҳунарамон манбаи даромади доимӣ пайдо гардад, - изҳор дошт Гулреза ва ин пешниҳод дар дили ҳамсар, ки ба ҳунару қобилият ва ташаббуси завҷааш бовар дошт, ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд. Дар Ҷамоати деҳот рӯзи қабули раиси ноҳия баргузор гашт. Гулреза низ номнавис шуда, аз имкониятҳои мавҷуда ва орзуи бунёди коргоҳи хурди дӯзандагӣ арз намуд, зеро чанд сол боз ҷиҳати рушд ёфтани фаъолияти истеҳсолӣ ва афзоиши муштариён маҷбур аз хона ба ҳуҷраи иҷора кӯчид. То ин вақт Г. Саидрасулова бо маҳсулоти зебо ва хушсифати тайёрнамудааш аллакай дар намоишгоҳҳои сатҳи ноҳиявӣ ва вилоятӣ чеҳраи шинохта буду роҳбарияти ноҳия дархости ӯро ҷонибдорӣ ва барои сохтмони коргоҳи хурд ҷой ҷудо намуданд. Пас аз чанд муддат дар канори шоҳроҳи байналмилалӣ бинои зебои дуошёна бо номи «Нигора» қомат афрохт. Соҳибкор таҷҳизоти дӯзандагӣ харида, онро насб намуд. Чанд зани хонашини ҳунарманди маҳал соҳиби ҷойи кор гардид. Ҳабиба Бандалиева, яке аз дӯзандагони ҷавони коргоҳ, гуфт, ки ҷиҳати аз хонаводаи камбизоат будан, вай имкони дар асоси шартномавӣ идома додани таҳсилашро дар мактаби олӣ пайдо накард, зеро тавоноии хонаводаашон танҳо барои таъмини бародари донишҷӯяш кифоят мекарду вай тасмим гирифт, ки дӯзанда шавад. Баъди таълими ройгон дар Кохи ҷавонон дар «Нигора» кор ёфт. Акнун ӯ хоҳони он аст, ки аз ҳисоби ин шуғл фоида ба даст оварда, дар таъмини хонавода ва тарбияи фарзанди хурдсолаш ҳисса гузорад. -Дар ҳудуди Сучон - калонтарин Ҷамоати деҳоти ноҳия, Неругоҳи барқи обии «Помир-1», корхонаҳои орд, хишт, коркарди меваву сабзавот, чӯб, шағал, зиёда аз 20 нуқтаи тиҷоратӣ, кошонаҳои ҳусн, дӯзандагӣ амал мекунанд. Роҳбарони онҳо на танҳо ба афзоиши маҳсулот ва ҷалби муштариёни бештар ноил мегарданд, балки бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва ободонию дастгирии ашхоси ниёзманд саҳм мегиранду мақомоти маҳаллӣ ҳама гуна ташаббусҳоеро, ки ба рушди соҳибкории хурду миёна нигаронда шудаанд, дастгирӣ менамояд, - мегӯяд раиси деҳоти Сучон Кайковус Асматуллобеков.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Шуғнон