Оғози субҳи ҷавонӣ, ки ҳамдарсони фаъолаш барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои оливу касбӣ ба шаҳрҳои гуногуни кишвар азми сафар доштанд, ӯ фаъолияти меҳнатиашро аз хоҷагии обчакории зодгоҳ оғоз бахшид. Аммо модар мехост, ки Нигина донишҷӯи факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шавад ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Соли 2001 Нигина Ашӯрзода Донишгоҳро бомуваффақият хатм карда, фаъолияти касбиро аз вазифаи коргузори Идораи хӯроки умумӣ оғоз бахшид. Баъди яку ним сол ӯро ба Дирексияи сохтмонии Корхонаи истеҳсоли намаки ноҳияи Ёвон ба кор хонданд. Соли 1995 бинобар мушкилиҳои иқтисодӣ коргоҳ дар баробари маҳдудсозии бастҳои корӣ мутахассисонро ҳам ба мураххасии дарозмуддати бемузд мефирисод.
Нигина дар он шабу рӯз дар курси семоҳаи бозомӯзӣ дар пойтахт қарор дошт, аз ин рӯ, ба шуъбаи ташкилӣ ва таҳлилии порлумон ба кор даромад. Ҳамин сон, то соли 2013 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба симати мутахассис, мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва таҳлилӣ, сармутахассиси шуъбаи умумӣ ва хизмати давлатӣ ва сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳ фаъолият кард.
Сипас, муддате саргарми шуғлҳои хонагӣ ва тарбияи фарзандон шуда, баъдан, барои омӯзиши фаъолияти соҳибкорӣ ба сайру саёҳати кишварҳои гуногуни олам баромад. Давоми се сол илми соҳибкорӣ омӯхт, таҷриба андӯхт. Бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди маҳал ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ оғоз бахшид. Захираву имкониятҳои фаровони ноҳияи саноатиро ҷиҳати фаъолгардонии сокинон ба шуғлҳои фоиданок дида, бонувони Ёвонро ба тасмимгириҳои ҷадид дар самти соҳибкориву рушди ҳунарҳои гуногун ташвиқ мекард.
Соли 2016 Нигинаро ба вазифаи муовини раиси шаҳраки Ёвон пешбарӣ намуданд. Бе шакку тардид, дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолият бурдан кори саҳлу сода нест, ки илова ба масъулиятҳои идорӣ рӯзе чандин муроҷиатҳои сокинонро вобаста ба норасоии ҷойи кору манзили зист, баҳсҳои хонаводагиву пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва вазъи иҷтимоиву дигар мушкилиҳои хонаводагӣ бояд ҳаллу фасл намуд.
-Барои ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба корҳои ободгароиву иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди деҳот, пеш аз ҳама, бояд бо саҳмгузорӣ дар ҳаллу фасли мушкилиҳои маҳал бовариву эътимоди мардумро сазовор гашт. Аз сӯи дигар, дар вазифаҳои роҳбарии шаҳраку деҳот бояд афроди поквиҷдону чашмикордон ва шахсиятҳои мавриди эътимоди аҳолӣ таъин гарданд, ки бо корномаи шоёни таҳсин миёни омма обрӯманду соҳибэҳтиром бошанд. Ба иқрори Нигина Ашӯрзода, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳраки Ёвон 40 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 32 ҷуфт танҳо ба хотири гирифтани мақоми шаҳрвандии Россия аз ҳамсарони асосии худ расман ҷудо шудаанд, вале дар асл якҷоя зисту зиндагонӣ доранд, ки ин падидаи номатлуб оқибатҳои ногувор меорад. Бинобар маълумоти оморӣ айни замон шумораи аҳолии шаҳраки Ёвон ба 42 ҳазор нафар мерасад, ки дар баробари бартараф намудани баҳсу муноқишаҳои оилавӣ, ҳамзамон, мардум барои дастрасӣ ба кумакҳои молӣ, эҳтиёҷоти хеш ба қитъаи наздиҳавлигӣ ба мо муроҷиат мекунанд. Дар шаҳрак зиёда аз 6.5 ҳазор парванда вобаста ба ниёзмандони манзили зист ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 3 ҳазору 500 нафар эҳтиёҷманди аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. «Барои рушди бо мароми деҳоту шаҳрак дар мадди аввал, беҳтар мебуд, ки шаҳраку деҳот худкифо бошанд. Яъне, бо таъсису ташкили буҷети ҷамоат метавон низоми идоракунӣ дар сатҳи шаҳраку деҳотро такмил дода, бо ин васила раванди тараққиётро дар сатҳи деҳу маҳаллаҳо тақвият бахшид. Дар ҳудуди шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон 623 дукону мағоза, 8 корхонаи хурду бузург, 8 муассисаи таълимӣ ва 6 боғчаи кӯдакона арзи вуҷуд дошта, дар ояндаи наздик бунёди як муассисаи калони таълимӣ барои 640 нафар хонанда дар як баст ва як муассисаи таҳсилоти томактабии замонавӣ ба нақша гирифта шудаанд. Се соли охир дар шаҳрак 94 иншооти гуногуни хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуд, ҳамакнун, дар доираи нақша-чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди ҳамин миқдор лоиҳаҳои сохтмонӣ пешбинӣ гардидааст. Умед дорем, то ин ҷашн соҳибкорону сокинони хайрхоҳи шаҳрак саҳмгузорӣ дар бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ ва марказу маҷмааҳои маишӣ-фарҳангӣ ба симои маркази ноҳияи Ёвон ҳусни дигар мебахшанд»,- иброз медорад бонуи пешсаф Нигина Ашӯрзода.
Ҷ. УСМОН,
ноҳияи Ёвон