Оби нилии ҷӯйи канори роҳи мошингард оҳиста равон асту фаротар аз он дар доманаи теппаҳои начандон баланд деҳаи Паркамчии деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара дар оғӯши сабзаву дарахтон зебо ба назар мерасад. Бинои тозабунёди мактаб тимсоли таълимгоҳҳои шаҳрҳо хуштарҳу замонавӣ қомат афрохтааст. Паси деворҳои муассиса омӯзгоре ҳаёт ба сар мебарад, ки умре камари хидмат ба саводомӯзиву тарбияи фарзандони мардум баста, бо талошҳои хастанопазир ҳамчу чеҳраи мондагори диёри хеш шуҳратёр гашта.
Реҳлати ҳамсар барои омӯзгори деҳа Аҳмадхон Гулаҳмадов имтиҳони сангини зиндагӣ буд, ки чор гулдухтари лолу музтар пешорӯи тақдир хотирпарешон монд. Хурсандбӣ Шӯришова, шогирди аълохону хушхату дидадаро соли 1974 бо маслиҳати хешовандон ситораи толеи худро бо омӯзгори дилфигор пайвасту зиндагии хушбор дид. Ҷаҳони маънӣ ва саропо маданӣ буд, муаллим. Сарфи назар аз зарбаҳои зиёди тақдир, ҳаётдӯст буд. Дар таҳхона ду ҳуҷра сохта, китобхона созмон дод. Соатҳои зиёд асарҳои тиббӣ мехонду аз кӯҳу пушта гулу гиёҳҳои табобатӣ ҷамъ меовард. Даҳчанд баҳри некуаҳволии пайвандон, ҳамдеҳагон кӯшиш ба харҷ медод.
Холаи Хурсандбӣ ёд надорад, ки муаллим сухани ноҷое бар лаб оварда бошад ва ранҷише аз ӯ дида бошад. Дар талоши зиндагии сазовор муаллим аз ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа босамар истифода мебурд. Ба фарзандон китоб ҳадия меовард, то хонанду донишвар шаванд. Барои ҳамсари дилбандаш раҳнамои зиндагӣ, махзани фазилату фарҳанг буд. Фарзандони хурди муаллим танҳо пас аз хонадоршавӣ аз моиндар будани вай дарак ёфтанд. Тарбияи хубу самимият буд, ки қаробати онҳо ногусаста боқӣ монд.
Солҳои ноамнии 90-ум гурезаҳо аз ҳар минтақаи кишвар дар деҳаи онҳо паноҳ бурданд. Як шаб овозае расид, ки ҷангҷӯён наздики ҳамсоядеҳаи Ёхсу (ҳоло Сафобахш) омадаанд. Муаллим ҳамсару фарзандонро дар таҳхона пинҳон карда, зуд шароити созгор фароҳам овард. Шаб то саҳар гирди ҳавлӣ чархид. Ҳар чи гузори нопоки пархошгарон ба деҳа наафтид ва онҳо ҷон ба саломат бурданд.
Дар солҳои ноамнӣ муаллим директори мактаб буд, моҳҳо бемаош заҳмат кашид. Омӯзгорони рафтаро деҳа ба деҳа пиёда гашта, ба мактаб хонд. Аз ноилоҷӣ фарзандонашро ба мактаб бурд, то ба хонандагон савод омӯзонанд ва, ҳамзамон, шогирдони аълохонро барои дарсдиҳӣ омода мекард. Бо талошҳои зиёд барои омӯзгорон анвои ғизоӣ дастрас менамуд.
Холаи Хурсандбӣ бо келинаш дар ошхонаи мактаб барои хонандагон ғизо таҳия менамуд. Ҳини азнавсозии бино дар зистгоҳи худ хӯрок пухта, зери долон ба мактабиён медоданд. Баъди тақсими Замини президентӣ зиндагии мардуми деҳа, ки ҳосили хуб мерӯёнданд, рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Квотаҳои президентӣ барои духтарон таъсис ёфт ва муаллим роҳхат ба даст дари мардум мекӯфту зориву илтиҷо мекард, ки фарзандонро барои таҳсил ба мактабҳои олӣ бифиристанд. Ҷавоби рад мешуниду ғамгин мегашт. Роҳхат набояд беҷавоб мемонд, аз ин рӯ, вай духтарони худро ба таҳсил фиристод. Дар ин росто, тавонист, ки бисёре аз шогирдони болаёқатро ба донишгоҳу донишкадаҳо раҳнамун созад.
Соли 2016 рӯи бистари беморӣ муаллим Аҳмадхон Гулаҳмадов ба ҷигарбандонаш васият намуд, ки фарзандони хеш, бахусус духтаронро хононанд. Инсондӯстӣ, меҳмоннавозӣ, самимият, заҳматқаринӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи волидон ба фарзандон таъсиргузор омад, ки ҳамагӣ шахсони обрӯманду манфиатбахши ҷомеа камол ёфтанд.
Чаҳор духтари бузург - Гулшанбӣ, Бозоргул, Майрамбӣ ва Майсара оилаҳои намунавӣ бунёд намуда, обрӯманду некноманд. Ҷӯрабек Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро поён бурда, ҳоло дандонпизишки номии пойтахт аст. Баҳром хатмкардаи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, алҳол ба симати коргардони овоз дар Телевизиони Тоҷикистон ифои вазифа менамояд. Зулфиқор Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро хатм намуд, ҳоло раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аст. Вайсиддин хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, ба соҳибкорӣ шуғл дорад. Савригул, Маҳингул ва Муборак хатмкардагони донишгоҳҳои омӯзгории мамлакатанду ҳамчун омӯзгор ба таълиму тарбияи фарзандони халқ камар бастаанд. Фараҳноз Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-ро поён бурдааст.
Холаи Хурсандбӣ то расидан ба ҳузуру мартабаи фарзандон дар шебу фарози зиндагӣ паҳлуи ҳамсари мушфиқаш буд. Таъсири хуби ин марди донишвар ба ӯ нерую тавон ва руҳи равон бахшид, ки дар арсаи зиндагӣ гомҳои устувор ниҳоду дар ташаккули шахсияти фарзандон ҳиссаи сазовор гузошт.
Дар ҳунарофарӣ низ пешоҳанг асту бо сӯзану риштаву калоба аз хурдӣ ошно. Пироҳани миллиро моҳирона дӯхта, чакану қуроқдӯзӣ, нақши ироқӣ, зардӯзӣ, болину кӯрпаҳои гуногунҳаҷм, дастархону сачоқчаҳои мунаққаш, рахти хоб, лавозимоти гаҳвора, тоқиву шерозадӯзӣ ва даҳҳо ҳунари дигарро хеле нафис анҷом медиҳад. Духтарон ва арӯсони хонадон аз ӯйи гулдаст ҳунари дӯзандагиву пазандагӣ меомӯзанд ва набераҳо низ аз асрори ин ҳунарҳо бохабаранду бо ҳунармандӣ ном баровардаанд.
Дар таҳияи ғизоҳои миллӣ кадбонуе назири холаи Хурсандбӣ ангуштшумор аст. Ғизои қадимии рубич, далдаи башир, таҳмол бо маска, оши туппаву бурида, оши палав, омочи башир ва даҳҳо хӯроки дигарро бо маҳорати баланд таҳия намуда, хони тоҷикона меорояд, то дар зеҳни насли наврас ҳунарҳои зебои миллӣ нақши устувор ёбанд.
Ин бонуи ҳунар дар шебу фарози зиндагӣ сабру таҳаммулро пеша карда, ба наздикон меҳру муҳаббат бахшид, иззату эҳтироми ҳамсарро ба ҷо овард ва фарзандони солеҳро ба воя расонду дар замири онҳо донишу ҳунарро мақом дод. Ӯ бонуи соҳибдавлат аст, ки дар ҳаёт ҳамсафаре дошт, ки барояш маънии ҳастӣ ва китоби зиндагӣ буд. Гоҳи сӯи китобхонаи ҳамсараш поин шудан, аз миёни дастнависҳои зиёди муаллим чакидаҳои рӯи авроқ рехтаи назмияш, ки дар васфи ӯву фарзандон сурудааст, рӯи даст мегирад. Қатраҳои ашкро бо нӯги остин барчида, ғарқи овони ҳамдилӣ мегардад. Пасон, шукр мегӯяд, ки ҷигарбандону пайвандон дар фазои амну осоиштаи Ватан даври модар мечарханду ҷумла мардум эҳтиромашро қоиланд.