Сайёҳон кӯҳсори тоҷиконро бо барфу яхи доимиашон «диёри кулоҳсафед» ном бурдаанд. Шоири шаҳир Абулқосим Лоҳутӣ ин маъноро ранги дигар бахшида, Бадахшонро «чатри симини замин» гуфтааст. Вожаи «симин» ба маънои сафедии абадии қуллаҳои баланди Помир аст, ки қисми зиёди пиряхҳо ва захираи бузурги обҳои кишварро дар худ ғунҷондааст.
-Дар ҷумҳурӣ беш аз 1000 рӯдхонаҳо бо дарозии 30 ҳазор километр мавҷуд буда, ҳамаи ин дарёҳо ба ҳавзаи ду дарёи азим-Ому ва Сир мутааллиқанд,- нигоштааст муҳаққиқи табиатшинос Холназар Муҳаббатов ва пиряхҳоро дар баробари сарватҳои сершумор ганҷинаи бебаҳои табиати кишвар номидааст.
Ба гуфтаи донишмандон, пиряхҳои доимии Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар кӯҳсори Тоҷикистон ҷойгиранд. Масоҳати пиряхҳои кишвар беш аз 8,4 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар қаторкӯҳҳои Дарвозу Ванҷ ҷойгир буда, Федченко калонтарини онҳост. Пиряхи мазкур 77 километр дарозӣ дошта, масоҳаташ ба 652 километри мураббаъ мерасад. Забонаи пирях дар водии дарёи Селдара ба 2880 метр ва нуқтаи баландтарини он ба 7485 метр аз сатҳи баҳр мерасад. Пирях аз якчанд шохаҳои бузург иборат буда, ғафсии қабати он дар баъзе ҷойҳо то ба 800 метр мерасад. Пиряхи Академияи фанҳо дар қаторкӯҳи ноҳияи Дарвоз яке аз шохаҳои бузурги пиряхи Федченко ба шумор меравад. Дувумин пиряхи бузургтарин бо дарозии 36 километр ва масоҳати 143 километри мураббаъ Грум-Гржимайло ном дорад, ки забонаи он ба рӯди Бартанг мерасад. Пиряхи Гармо, ки аз доманаи ғарбии қуллаи Исмоили Сомонӣ ибтидо гирифта, то водии дарёи Хингоб мерасад, бо масоҳати 114 километри мураббаъ савумин пиряхи бузургтарин аст. Дар қаторкӯҳҳои Помир беш аз ҳазор пиряхи дигар ба қайд гирифта шудааст, ки онҳо то ду километр дарозӣ доранд.
Ба гуфтаи мутахассисони ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, ҳаракат намудани пиряхҳо ба мушоҳида расида, ба муроқибати ҳамешагӣ ниёз доранд. Бино ба мушоҳидаи мутахассисон, пиряхи Федченко дар як шабонарӯз метавонад то 72 сантиметр ҳаракат намояд. Пиряхҳое ҳастанд, ки пас аз муддати оромӣ ҳаракати суръатнокро давом медиҳанд.
Соли 1955 забонаи пиряхи Хирсон дар ноҳияи Ванҷ ногаҳон лағжида, пули шаҳраки геологҳоро вайрон намуд. Соле баъд пиряхи Ровак аз қисми шимоли доманакӯҳи Ванҷ ба ҳаракат даромада, дар муддати кӯтоҳ масофаи беш аз 3 километр тай намуда, қариб 2 километр роҳи мошингардро хароб кард. Соли 1973 пиряхи Хирсон аз нав бедор шуда, ба ҳаракат даромад ва дар муддати кӯтоҳ то 2 километр поён фуромада, рӯди Абдуқаҳҳорро баст. Хавфи ҷамъшавии об ва зери хатар мондани маҳалҳои аҳолинишин ба амал омад. Хушбахтона, дар соатҳои аввали ҷамъшавӣ об забонаи яхро рахна кард, вале селоб ба заминҳои кишт ва роҳи мошингард зарар расонд.
Олимон мегӯянд, ки тайи садсолаи охир бинобар таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳаво ҳудуди 1000 пиряхи ҳаҷман хурди қаторкӯҳҳои Тоҷикистон нобуд шуда, таъсири ин раванд ба пиряхҳои бузург низ сол ба сол бештар аз худ дарак медиҳад.
Академик Ақназар Оғоназаров, ки чанд сол қабл дар ҳайати экспедитсияи муштараки олимони дохилу хориҷи кишвар тавассути чархбол вазъи кӯлҳо ва пиряхҳои қаторкӯҳҳои Помирро мавриди омӯзиш қарор доданд, изҳор дошт, ки бинобар мушоҳидаи онҳо дар баробари гармшавии ҳаво, ҳамчунин, олудагии ҳаво ва гарду чанге, ки болои пиряхҳо мешинанд, раванди обшавиро тезондаанд.
Дар фасли тобистон обшавии шабонарӯзии пиряхҳо ба 4–5 сантиметр мерасад. Дар маҷмуъ, обшавии пиряхҳо дар мавсими гармо аз 2 то 5 метрро ташкил дода, ин талафот дар ҷараёни боришоти сол боз барқарор мешавад. Вале мутахассисон аз он нигаронанд, ки бо васеъ гардидани майдонҳои кишту боғот ва афзоиши масрафи об ба манзури обёрӣ ва ниёзҳои маишӣ ҷоришавии об ба рӯдҳо кам шуда, ин раванд ба ҷараёни барқароршавии пиряхҳо низ бетаъсир намондааст. Гармшавии ҳаво омили дигарест, ки ба обшавии пиряхҳо ва нобуду хурд шудани масоҳати онҳо оварда мерасонад.
Пиряхҳои кишвар на фақат сарчашмаи саршори об, балки манбаи ҷалби сайёҳон ҳастанд. Ҳамасола теъдоди зиёди кӯҳнавардон ба ин ҷо меоянд ва фатҳи пиряхҳои калонтарину баландтарин аз сатҳи баҳрро барояшон ифтихор медонанд.
Устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бар ин назаранд, ки ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълони «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таваҷҷуҳро ба ҳифз намудану омӯзиши пиряхҳо, ки ҷузве аз сарвати бебаҳои миллӣ ҳастанд, дар кишвар ва минтақа афзоиш хоҳанд дод. Зеро, аз ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон вазъи таъминот бо об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сахт вобастагӣ доранд, аз ин рӯ, ба ҳифзу истифодаи илмию оқилонаи ин захираи беҳамто ҳамаи тарафҳо баробар манфиатдор ва ҳавасманд бояд бошанд.
М. ШОҲҶАМОЛ