- Аввалин орзуҳои кӯдакиро дохили мошини падар парвардаам, ки бо шаст дар роҳи водиҳои аҳолинишину пуштаҳои сарсабзи гулгун медавиду ба назари ман тутқаторони шафати роҳ қафо медавиданд…
Дар он давра, ки падарам ҳамчун ронандаи пешқадами пойгоҳи мошинҳои боркаши №17 – и шаҳри Кӯлоб бо мошини сабукрави «Волга» сарфароз гардида буду рӯзҳои истироҳатӣ моро ба чанорзори сабзондааш бурда, ҳамеша таъкид мекард, ки баъди сари ӯ нигоҳубини дарахтонашро ба боди фаромӯшӣ напартоем. Ба хотири пайванди таваҷҷуҳи мо ба макони муқаддаси Султон Увайси Қаранӣ қиблагоҳӣ васият кард, ки баъди маргаш ӯро дар наздикии ин оромгоҳ дар шафати боғи Чанорон дафн намоянд, - иброз дошт Муслима Ятимова. - Ҳамин тавр, аз соли 1983 бо баҳонаи зиёрати оромгоҳи падар деҳаи Чуқураки ноҳияи Ховалинг макони дувуми зисти мо гардид.
Ӯро ҳанӯз аз 12 - 13 - солагӣ бо ҳунарҳои гулдӯзиву сарулибосҳои бозоргираш Муслимаи куртадӯз ном мегирифтанд. Чун дар дунёи орзуҳои падар ҷойи писарро гирифта, пайрави касбу кор, ҳамдаму ҳамсафар ва амонатдори розу ниёзҳояш буд, монои ӯ фарди ботамкину сабуру мушкилнописанд ба воя расид. Овони таҳсил дар миёни 25 нафар донишҷӯи ихтисоси риёзии Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ яккадухтар буд. Аммо дар соли хатми таҳсилоти олӣ падараш ба бистари беморӣ афтоду тамоми кори хонаву масъулиятҳои оиларо бар дӯши Муслима гузоштанд. Қатъи назар аз мушкилу монеаҳои зиндагӣ, бар замми кори хоҷагиву сарбориҳои хонаводагӣ 43 сол боз ба симати омӯзгори фанни риёзӣ ва технологияи меҳнат фаъолият дорад.
Солиёни зиёд фаъолияти Шурои бонувони МТМУ №1- и шаҳри Кӯлобро пеш бурд, солҳои 2006 - 2013 роҳбарии ин муассисаи таълимиро бар зимма дошт. Алҳол аз фанни технологияи меҳнат дарс медиҳад ва шукри қисмат менамояд, ки аз баракати ҷойгоҳи шоистааш дар ҷодаи омӯзгорӣ дар ҳаёти оилавӣ низ модари хушбахту кадбонуи муваффақ шудааст. Бо ҳамсари меҳрубонаш, омӯзгори хушсалиқаи фанни забон ва адабиёти рус, 5 писари ғаюру муваффақро ба воя расондаанд, ки бо накукориву ташаббусҳои созандаашон дар шаҳри Кӯлоб номвари волидони хешанд.
- Мушкилиҳои солҳои 90 - ум бонувони ҳунармандро водор сохтанд, ки ба рушди ҳунарҳои занона даст зада, рӯзгори худу чанд тан аз бонувони деҳкадаҳои дурдастро пеш барем,- қисса кард Муслимабону.
-Дар он айём куртаҳои дӯхтаву абзори арӯсиро бо як сатил гандум ва дигар маҳсулот иваз мекардем. Ҳунар тоҷи сар гуфтаанд. Бо ҳамин роҳ солиёни зиёд рӯзгори хонаводаро пеш мебурдем.
Дар ин миён аз ҳисоби қитъаҳои озоди назди оромгоҳи падар дар заминаи 1,5 гектар хоҷагии деҳқонии боғпарварӣ таъсис дод, аз даромади боғ хона бунёд кард.
Аз баракати даромаду пасандози хонаводагӣ фарзандонро ба воя расонд. Маҷмааи савдои «Бародарон» дар шаҳри Кӯлоб рамзи тифоқӣ ва эҳтироми бузургу муҳаббати беназири фарзандони онҳост, ки шабеҳи панҷ ангушти як мушт сарҷамъ кору зиндагонӣ дошта, дар пайроҳаи рӯзгор дастгиру сипари боэътимоди якдигаранд.
Соли 2018 бо таъсису муҷаҳҳазгардонии коргоҳи дӯзандагӣ бо мошинаҳои замонавии дӯхти сарулибос Муслима беҳтарин ҳунармандони шаҳрро ба кор ҷалб намуд. Дар баробари таҳияи либоси миллӣ ва ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани духтарони корҷӯй, ҳамчунин, дӯзандаҳои моҳири ин коргоҳ дӯхти кӯрпаву болин, ҷилду абзори рахти хоб, либосҳои махсуси корӣ ва дигар фармоишҳои муштариёнро ба сомон мерасонанд.
Айни замон бештари шарикони коргоҳ фармоишҳоро дар шароити хонаҳои худ иҷро карда баъдан дастранҷҳои худро ба коргоҳ оварда, ҳақмузди заҳматашонро нақдӣ мегиранд. Ба қавли Муслима Ятимова, солҳои охир дар чорабиниҳои фарҳангиву ҷашнвораҳои миллӣ як растаи бузурги намоишҳои ҳунарии шаҳри Кӯлобро намунаи дастранҷҳои пешаварону дастпарварони онҳо ташкил медиҳад. Бо мурур ба ин монанд коргоҳҳои ҳунармандӣ на танҳо манбаи даромади чандин хонавода, балки ба симати марказҳои муҳими касбу ҳунаромӯзии занону духтарон, дар рушди маҳал ва беҳдошти сатҳи иқтисодӣ - иҷтимоии аҳолӣ нақши муассир хоҳанд дошт.
Ҷ. усмон,
шаҳри Кӯлоб