19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОН ЧӢ ЧАШМ БИНАД, ДУРБИН НАБИНАД

 

Дилбар Наҷмиддинро бисёриҳо ба шарофати барномаи «Сайёҳ»-и Телевизиони Тоҷикистон мешиносанд. Чеҳраи гарми тоҷикона, табассуми нарми орифона диққати дилхоҳ бинандаро сӯи худ мекашад. Аз зебоиҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, ободкориҳои бесобиқаи деҳоту навоҳӣ, ҳунарҳои мардумии аҷдодӣ ба шеваи ширину дилнишин ҳарф мезанад.

on-chi-chashm-binad-durbin-nabinad

Ба дурдасттарин минтақаҳои кишвар бо гурӯҳи эҷодӣ раҳ пеш гирифта, шефтаи табиати биҳиштосои кӯҳистон мегардад. Фатҳи кӯҳҳо, агарчи гурӯҳро, бахусус ӯйи ҷинси латифро бо душворӣ даст медиҳад, сари ҳар қадам дидани манзараҳои афсонавӣ машаққати роҳро аз хотирҳо мезудояд ва дар қалбҳо шӯру шавқи эҷоду эъҷозро бедор месозад. Суҳбатҳои ҷонбахши мардуми софдили кӯҳистон, садҳо қиссаву достонҳои кӯлу кӯҳу камари мавзеъҳо, хони хоксоронаю самимонаи онҳо Дилбарро кайҳост, ки шефтаю мафтун гардондаанд.

- Вақте ки ба маконе сафар мекунем, барои ба кӯҳ баромадан дар доманаи кӯҳ, ки ҳатман деҳе ҷойгир аст, дар хонаводае қарор мегирем. Чашми рӯз накафида, сӯи кӯҳи баланд раҳ мепаймоем, то тавонем зебоиҳои табиатро рӯи навор орем. Муҳаббат, меҳрубонӣ ва самимияти мардуми кӯҳистонро ба сухан ифода кардан душвор аст. Аз ҳаёти озодаву осоиштаи мардум хушҳол мегардам. Баъзан худро ноҷӯр дармеёбам, ки натавонистам ба қадри кофӣ ба онҳо сипос гӯям, - иброз медорад Дилбарбону.

Дар кӯҳҳо, сарфи назар аз душвории роҳ, мардуми бумӣ онҳоро ҳамраҳӣ мекунанд ва зимоми роҳбаладиро ба даст мегиранд. Дилдодаи табиати афсункори кӯҳистон, ин бонуи соҳибзавқ гоҳо бо шавқу шӯри бачагӣ гулҳои атрогинро мебӯяд, аз обҳои нуқрафоми равони кӯҳсорон кафи даст пур карда, нӯши ҷон менамояд. Ду даст сӯи осмони нилгун кушода, насими тозаи кӯҳиро чуқур мешамад ва нидои фараҳбахш андохта, акси онро аз ҳар сӯи бораҳои баландкӯҳ мешунавад ва қалбаш аз нишот лабрез мегардад.

- Дар як мавзеъ баъзан чор фасли солро мушоҳида менамоем. Қуллаҳо барфпӯш, домони сабзазор, дуртар аз он дарахтони зарду сабзу норинҷиву қирмизӣ. Тобистон дар водиҳо, агар аз гармӣ азият бубинем, бо боло шудан ба кӯҳ аз ҳавои серун роҳат мебарем ва ҳатто аз сардӣ ба худ мепечем. Аз дидани манору қалъаҳои куҳан, пулҳои ларзонак хотироти аҷиб мебардорем, ҷое мебинем, ки аз таъсири шамолу барфу борон дарахтон якзайланду ҳамагӣ сӯе моил, ҷойи дигар сангу шаху сахра бо ғорҳои азими тираву ваҳмангез макони асрорангезу кайҳониро мемонанд. Бар он боварам, ки он чиро бо чашми сар мебинем, дурбини наворбардор наметавонад онро пурра инъикос намояд. Яъне, он чӣ чашм бинад, дурбин набинад.

Моҳи июн, ҳини сафар ба ноҳияи Мурғоб, аз дидани барф ҳама ҳайратзада гаштем. Дар ҳоумстей (меҳмонхонаи оилавӣ) қарор гирифта, дидем, ки соҳибхона дар оташдон ҳезум партофта, хонаро гарм мекард. Ҳар бор, вақте ки ба нуқтаи зарурӣ мерасем, иқрор меоем, ки ин мавзеъ арзиши бо заҳмат ба он расиданро дошт. Шукр мегӯем, ки чунин фурсат моро даст дод, то ин зебоиҳоро сабт ва манзури бинандагон гардонем, - зикр намуд ӯ.

Дилбар Наҷмиддин ҳоло сармуҳаррири идораи навтаъсиси «Рушди маҳал ва сайёҳӣ»-и Телевизиони Тоҷикистон аст. Барномаҳои «Сайёҳ», «Навои деҳа», «Маҷро», «Сарзамини пурфайз», «Мумтоз» ва ғайра аз имкониятҳо ва зарфиятҳои хоси сайёҳии кишвар, рушди маҳал ва рӯзгори ҳунармандон қиссаҳо менамоянд. Дар ин росто, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои миллӣ, пешниҳоди навору лавҳаҳои зебои сайёҳӣ дар чор фасли сол, таҳти роҳбарии ин бонуи хушсалиқа роҳандозӣ мегардад.

Ӯ хатмкардаи факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аз соли дувуми таҳсил корро дар телевизион оғоз бахшида, дар идораи танзими барномаҳо, дар гурӯҳи эҷодии барномаҳои муаллифии «Симо», идораҳои «Субҳ», мусиқӣ, ҷавонӣ ва сайёҳӣ фаъолият бурдааст. 25 соли кору пайкори ин бону дар телевизион сипарӣ гаштааст. Ихтисоси дувуми ӯ рӯзноманигорист, ки дар Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил намудааст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси ӯ озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Ватанро бишнос» роҳандозӣ гардид, ки дар ду мавсим (солҳои 2019 – 2020) сурат гирифта, аз рӯйи 5 номина: акси беҳтарин, навори беҳтарин, филми мустанади сайёҳӣ, беҳтарин гузориши сайёҳӣ ва бозёфти муаллиф нафарони зиёд, сарфи назар аз синну сол имконият пайдо карданд, ки ба гӯшаву канори мамлакат сафарҳо анҷом дода, беҳтарин намунаҳои эҷоди хешро ба унвонии идора ирсол намоянд. Маросими ҷамъбасти озмун бошукӯҳ доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳои арзишманд қадр шуданд.

- Ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» воқеан ҳам саривақтӣ буд. Дар сафарҳо медидем, ки шоҳроҳҳо, ҳатто дурдасттарин роҳҳои минтақаҳо навсозӣ шуда, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, кошонаҳои ҳусн, китобхона, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ва дигар ободониҳо хеле зиёд ва ҳунарҳои хоси миллӣ эҳё гаштаанд. Шавқу завқ ва масъулияти ҳунармандон дучанд гашта, ба эҷодкорӣ рӯ овардаанду шогирдонро низ тарбия менамоянд. Ҳунармандӣ ва сайёҳӣ ба ҳам алоқамандии зич доранд. Аз ҳар сафари хеш ҷаҳонгардон ҳатман армуғонҳои ҳунармандонро чун хотироти нек бо худ мебаранд. Гузаргоҳҳои ҳунармандон, хушбахтона, дар баъзе минтақаҳои кишвар боқӣ мондаанд, ки таърихи қадимӣ доранд. Ба монанди гузари Ҷомадӯзон, Тоқидӯзон дар Исфара, маҳаллаи Оҳангарон, Шонасозон, Кулолиён, Читгарон дар Истаравшан ва ғайра.

Эҳёи ғизоҳои қадимии миллиро низ тарғиб менамоем, масалан, дар Ҷамоати деҳоти Зидеҳ чанд навъи субҳона таҳия менамоянд, ки дар дигар минтақаҳо вонахӯрдаем. Ин ғизоҳои қадимиянд, ки ба фарзандону арӯсони хонавода меомӯзонанд, то аз байн нараванд. Ғайр аз ин, аз маҳсулоти тозаи табиӣ омода шуда, ҷиҳати шифобахшӣ доранд, - мегӯяд Дилбарбону.

Барои рушди сайёҳии дохилӣ чанд хатсайри нави сайёҳӣ таҳия гардид, ки гурӯҳи эҷодии идора бо роҳбарии ӯ дар бештари ин хатсайрҳо ширкат варзида, барномаҳои зиёдеро рӯи навор овардаанд.

- Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанон ҳини суҳбат изҳор медоранд, ки ғайр аз ду – се мавзеъ дигар минтақаҳои Тоҷикистонро надидаанд. Мо беҳтарин мавзеъҳои сайёҳӣ дорем, ки ниёз ба саёҳати хориҷа намемонад. Метавонем дар беҳтарин осоишгоҳҳои Тоҷикистон ба табобату тафреҳ рӯ орем. Агар ҳар як хонавода ҳамасола саёҳати дохилиро ихтиёр варзад, василаи хеле муҳим ва таъсирбахш дар шинохти Ватан, таърих ва дӯст доштани он хоҳад буд. Мо ба ҳар қатраи об, ҳар кафи хок ва ҳар порча замини он дил мебандем. Сафарҳои дохилӣ муҳаббату самимияти ҳамдигариро мефизояд, мисле ки Тоҷикистонро оилаи бузурги худ дармеёбему дар фазои ороми он озод нафас мекашем ва пар мезанем, - изҳор дошт дар фарҷом Дилбар Наҷмиддин.

С. АШӮРОВА

:.  Соли рушди деҳот, сайёҳӣ 02.02.2022 12:23 808

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz