19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАР ШАҲРИ БОХТАР ФОРУМИ ҲУНАРМАНДОН ДОИР ГАРДИД

Dar-shahri-Bohtar-forumi-hunarmandon-doir-gardid3Дар шаҳри Бохтар Форуми ҳунармандони вилояти Хатлон таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар рушди ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беҳтарин намунаҳои ҳунарӣ, маҳсули коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти дастии худро пешкаши тамошогарон гардонданд.

Форуми мазкур ба ҷамъбасти Солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шуда, аз рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли ҳунарҳои дастӣ ва сатҳи фарогирии сокинон, ба хусус, занону духтарони деҳот ба ҷойи кору шуғлҳои даромаднок натиҷагирӣ карда шуд.

Намоиши намунаҳои беҳтарини тарҳҳои хушнамои сару либоси миллии бо санъати чакану қуроқдӯзӣ ва гулбасту матоъҳои хушнамои атласу адрас ороиш дода шуда, намунаҳои ҷиҳозу абзори бо нақшу нигори миллӣ, маҳсули бофандагони моҳири вилояти Хатлон, ки дар дохилу хориҷ аз кишварамон харидорони худро пайдо кардаанд, далели расидан ба ҳадафҳои пешгирифта аз эълон гардидани Солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад.

Dar-shahri-Bohtar-forumi-hunarmandon-doir-gardid4Дар намоиши дастовардҳои ҳунармандони вилояти Хатлон дар қатори маҳсули ҳунарии чакану қуроқдӯзон, заргарону бофандагон ва ҳунармандони санъати гулбаст инчунин, кулолгарону табақтарошони моҳир ва намояндагони ҳунарҳои гуногуни мардумӣ маҳсули дастранҷҳои худро пешкаши тамошобинон гардонда буданд.

Дар маросими расмии Форуми ҳунармандони вилояти Хатлон таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар рушди ҳунарҳои мардумӣ” Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, фарҳангшиносону ҳунармандони номовари вилоят суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти гуногунҷабҳаи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳаёти ҷомеа ибрози андеша намуданд.

Dar-shahri-Bohtar-forumi-hunarmandon-doir-gardid2

Тавре зикр гардид, дар доираи эълон шудани Солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳунару анъанаҳои қадимии ниёгонамон, ки ба ҳукми фаромӯшӣ рафта буд, ду бора эҳё гардида, пешаварони мардумӣ бо рушду ривоҷи ҳунарҳои аҷдодӣ барои ҳазорон нафар ҳамдиёрони худ ҷойи корӣ фароҳам оварда, санъату фарҳангӣ бостонии халқи тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуданд.

Dar-shahri-Bohtar-forumi-hunarmandon-doir-gardid1

Дар ин рӯз ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бо рушду равнақи ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти дастӣ ва муаррифии ҳунарҳоии мардумӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо сипосномаву туҳфаҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонда шуданд.

 Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

вилояти Хатлон

:.  Соли рушди деҳот, сайёҳӣ 02.12.2021 05:38 778

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz