Дар ҷараёни сафари корӣ 4 –уми октябри соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдгории таърихию табиии Қайнарро барои истифодаи ҳамагон ифтитоҳ намуд. Мавзеи куҳантаърих бо толобу дижу расадхона, ки солҳои шуравӣ аз назарҳо афтода буд, бо ташаббуси фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ба гулгашту гулистони назаррабо мубаддал гардид.
Аз даврони куҳан, дар ду тарафи рӯди Ёхсу маҳалҳои ободон ва шаҳристонҳои зебое қомат барафрохта буданд. Бозёфтҳои солҳои охири Осмонбика, Сартез, Ғелот, Кафтархона, Каримбердӣ, Қайнар, Хоҷағалтон дар самти рости рӯд матнҳои қадимро тасдиқ мекунанд.
Манзараи дилбар ва марвориди минтақа Нозкӯли куҳан аст, ки ин замон Қайнар (Кайнаҳр) унвон дорад. Ҳамон толобе, ки шуҳрати қасри шоҳони тоисломии Хатлонро меафзуд. Мавзеи хушбодуҳаво бо чашмаҳои поку ширинаш ободон буд. Давраи пайдоиши Нозкӯлро касе ёд надорад. Шояд бо таъсиси нахустмаркази Хатлон бошад, ки ба асри дуюми милодӣ рост меояд. Зеро фарзияе низ ҳаст, ки об ба василаи лӯлаҳо аз масофаи 70 км ва бештар оварда шудааст. Яъне, он айём василаҳои обу корезӣ дар ҳоли рушд будаанд.
Дар маҷмуъ, мавзеъ муъҷизаи табииро мемонад. Дар масоҳати на чандон бузург толобу чашмаҳои шӯр, ширин ва бенамак ҷараён доранд. Бино ба навиштаи сайёҳи асри миёна Хурдодбеҳ, дар гирду ванои сардиж «… зиёда аз ҳазор чашма мавҷуд аст. Дар ин шаҳр аз он ҷумла - яке дар наздики дарвозаи поён ва дигаре хеле бузург Нозкӯл буд дар назди дарвозаи боло.»
Хушбахтона, то имрӯз қисме аз онҳо барҷоанд ва аз чашмаҳои Эмомтаърифӣ, Дилором, Шифо, Меҳр, Гуландом, Саид сокинони чанд деҳа истифода мебаранд. Овозаи Нозкӯл берун аз вилоят паҳн шуда буд, зеро охири солҳои 60 – уми асри ХХ об ба сони фаввораи бузург то баландии 8–12 метр баланд мешуд. Пасон бо бунёди обкашҳо фишори об паст гардид.
Чашмаи дарвозаи поёни шаҳр, ки дар манбаъҳо бо номи Чашмаи Сангин ишора мешавад, муъҷизаи дигар аст. Чашма комилан аз минералҳо орӣ буда, аз сохту таркиб ба оби борон шабоҳат дорад.
Аз ҳама бештар Нозкӯл сифат мешавад ва ба тасдиқи Хурдодбеҳ «Дарозию паҳнои чашма тақрибан ба 400 зироъ (1 зироъ = 54 - 55 см) баробар ва обаш орому соф буд». Ва ривоят мекунад, ки асли баромади аспони тезтак, чолок ва бодпою хушзоти хатлӣ аз Нозкӯл мебошад. Ӯ қавли галабони шоҳи Хатлонро муттако медонад. Ба гуфти галабон, ҳар рӯз аз он чашма аспе берун меомад ва бо гала ҳамроҳ ва бо байталҳо ҷуфт мегардид. Пас аз муддате аз онон тойҳои ғайримуқаррарии резапайкар ва зебои парвозӣ ба вуҷуд омаданд.
Муждаро ба шоҳ бурданд ва хушнуд шуду амр дод, то ба яке зину лаҷом заданд. Ҳине, ки савор шуд, гумон бурд, ки асп дар парвоз аст.
Хурдодбеҳ меафзояд: «Ҳамин ровӣ аз Абдулло Шаҳхушӣ, ки дар Балх ва атрофу акнофи он ҳама ӯро мешиносанд, ба ман чунин гуфт: «Ман аспе аз ҳамон ҷинси аспҳои хуталонӣ харидам, ки баландии он аз замин 3 зироъ ва паҳнии (сағрияш) 1 зироъ буд.»
Дар адабиёти тоҷик аспони хатлӣ макони пайдоиши худ Нозкӯлро машҳури ҳавзаи форсизабонҳо гардонданд. Дар осори Фахриддини Гургонӣ, Хоқонии Шервонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Носири Хусрав, Гулшанӣ ва Иқболи Лоҳурӣ метавон аз сифати аспони хатлӣ вархӯрд. Онҳо аспи хатлиро реза, чолоку чобук, дар пайкор хеле мувофиқу хушгард ва бодпо тасвир кардаанд.
Бино ба осори солномаҳои чинӣ аспони хатлонӣ дар кишвар ва дарбори чиполи Чин хушхарид буданд. Аз рӯи навиштаи таърихшиноси машҳури Фаронса Жак ле Гоф низ «дар асри XIII дар Аврупо аспони размии реза ва чолоке пайдо шуданд, ки на арабӣ буданд ва на румӣ.» Гумон меравад сухан атрофи аспони машҳури хатлонӣ меравад, ки ба Аврупо бурда шуданд.
Бояд зикр кард, ки таваҷҷуҳи Хурдодбеҳ ба ин мавзеъ беҳуда набуд. Зеро тибқи ковишҳои бостоншиносӣ пойтахт ва дижи ҳокимони Хатлон дар ибтидои солшумории милодӣ ин ҷо қарор дошт ва пасон низ яке аз шаҳристонҳои ободи Тахористон ба ҳисоб мерафт. Ва гумон меравад, ки ҳамлаи нахустини истилогарони араб ба ин шаҳр ба вуқуъ пайвастааст. Унвони кӯҳи Сартез низ ба номи дижи асосӣ дар робита аст. Чуноне Сардиж табдил шудааст ба Сартез, ки қуллаи тез ва шахи барҷастаи назаргир надорад.
То солҳои 70-уми асри пор дар қисми шимолии чашма мағорае вуҷуд дошт, ки то саргаҳи чашма ба василаи полихчакҳо мефуромаданд. Парандаҳояш зиёд буд. Солҳои охир бостоншиносон муқаррар карданд, ки дар солҳои шукуфоии шаҳр шояд расадхонае ҳам вуҷуд доштааст.
Қадимии мавзеъро бозёфтҳои бостоншиносон боз ҳам рӯшантар менамоянд. Солҳои 80 -уми асри ХХ ҳини ковишҳо маводи замони кушониҳо фаровон ба даст омад, вале ҳафриёти бостоншинос Шароф Қурбонов дар шимолу ғарбии толоб собит намуд, ки дар аҳди давлати Юнонии Бохтар низ минтақа ободу серсокин будааст. Ба даст омадани ҳайкалчаҳои Аноҳита ва зарфҳои хушранги элинисохт бад-ин далелу дастаканд. Тибқи бозёфтҳо метавон аз як маданияти махлути юнонию маҳаллӣ ҳадс зад.
То ба даст омадани мадракоти археологӣ илми таърих дар хусуси Хатлон ва Яфталиҳо аз рӯйи матнҳои арманӣ, чинӣ ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ маълумот дошт. Тибқи ин сарчашмаҳо Хатлон макони аспони размӣ, мардумони ҷанговар ва хушсурат шинохта мешуданд.
Дарёфти гӯри сарбози Яфталӣ аз тарафи бостоншиносон ишора бад-он мекунад, ки осори хаттӣ муболиға надорад. Устухонҳои ҷанговар имкон дод муайян карда шавад, ки қадаш аз 2 метр баланд будааст. Асбобу афзори ҷангӣ ва рӯзгори гирду пешаш мақому мартабаашро муқаррар мекард. Болои сараш зарфи мунаққаш, дар паҳлуҳо олоти рӯзгор, парандохи биринҷӣ, дар як кафаш сикка ишора ба боварии зиндагии он дунёии марди размовар буд. Рӯйи кафи дигар силоҳи ҷангӣ дошт ва дар тарафи рост як акинак (ханҷари маҳаллӣ) ва аз чап ду акинаку силоҳи шофмонанд гузошта буданд. Ин гуна бозёфтҳо кӯргиреҳҳои чилбанди таърихро кушоданд, ки ба анъана ва маросими он овон дар иртибот буд.
Дар чанд соли охир ковишҳои Н. М. Виноградова таърихи минтақаро ташреҳи тоза дод. Водие, ки аз як тараф аз рӯди Ёхсу ва аз дигар тараф бо теппаҳои Хоҷа Сартез ҳифз мешавад, макони зисти одамони неолитӣ буда, дар ҳазораи III ба зироаткорӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ шуғл доштанд. Асбоби рӯзгор: коса, табақ, ҷом, паймона ва зарфҳои поядори бо назокат ва нафиси дар чархи кулолӣ сохта шуда, бинандаро мафтун месозанд.
Бозёфти ғайримуқаррарӣ гӯри «Шаҳбонуи Ғелот» ба шумор мерафт. Зани 35–40-сола дар ҳолати батнӣ (тифл дар батни модар) хобида буд. Мӯйи ӯро муҳраҳо аз лоҷвард ва тилло оро медоданд. Дар дасти чапаш оинаи биринҷӣ ва пораи гулхати сангин ва болои сараш гӯшворҳои биринҷӣ, ки бо тилло андуда буданд, бостоншиносонро ба дунёи дигари таърихи минтақа роҳнамун сохт.
Дар поёни панҷаи пои росташ ҳайкалчаи аз ангедрид, ки роҳибро мунъакис мекард, дарёфт шуд. Ҳайкалча бо завқи баланд, бо мӯйҳои шоназада, дастони пеши бар ва хилъати дароз тасвир ёфтааст. Чашмонаш бодомӣ будаанд. Дар ҳайкал анъана ва тарзи сохти бобулӣ эҳсос мешавад, вале ба ақидаи олимон, онро ҳунармандони маҳаллӣ бо сабки бобулӣ сохтаанд. Ҳамин гуна ҳайкалчаҳо бо шонаҳои паҳн, таҳти чеҳра, чашмони бодомӣ, лабони ба табассум моил хоси маданияти Байнаннаҳрайн мебошад. Вале чӣ гуна ба Ғелот воридшавии ҳайкалча муаммо менамуд. Пажӯҳиш нишон дод, ки ин гуна сабк паҳншуда буда, дар анъанаҳои элом, Байнаннаҳрайн ва тамаддуни Каранна вомехӯрад ва осори он ба ҷануби Тоҷикистон дар аҳди биринҷ расидааст. Метавон натиҷа гирифт, ки минтақа дар робитаи фаъоли тиҷоратӣ бо кишварҳои дигар будааст. Аз рӯи бозёфтҳои солҳои охир метавон аз таърихи 4,5–5- ҳазорсолаи Ғелот фарзия пешниҳод намуд.
Мавзеи таърихию табиии Нозкӯл дар ҳоли ҳозир умри дубора ёфт. Ва ба шарофати марди хушному хушқадам Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сайргоҳи мардуми минтақа табдил шуд, ки он ҳадияи сазоворест бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Бонувони Тоҷикистон»