Ташрифи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо вохӯрии фаъолони деҳоту шаҳракҳо анҷом пазируфт, барои Мартаба Усмонова басо хотирмон буд. Аз ин дидори муборак хурсандиаш ҳадду канор надошт.
Вақте Сарвари давлат ҳини суханронӣ аз боби арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои хонаводагӣ ҳарф мезаданд, ин лаҳзаҳо хотираҳои замони кӯдакӣ ӯро домангир шуданд. Гурӯҳи занони ҳунарманди маҳалла, ки дар хонаи бибиаш аз субҳ то шом давридӯзӣ мекарданд, пеши назараш омад.
Шояд даврӣ ном бурдани ин ҳунари дастӣ аз ин ҷо гирифта шуда бошад. Зеро он замон бонувон давра нишаста, кашидадӯзӣ менамуданд, қиссаҳои аҷоибу ғароиб нақл мекарданд, суруду таронаҳо мехонданд.
- Ёд дорам, ки бибиам саҳаргоҳон бо шаъшаапошии нурҳои офтоб дар таги се деги калон оташ гиронда, дар оби дохили онҳо рангҳои гуногунро мерехт. Риштаҳои ресидаи абрешимиро дар дегҳои ҷӯшомада андохта, чанде бо навдаи тут ресмонҳоро тоб дода, пасон онҳоро дар торҳои рӯи ҳавлӣ меовехт. То шом риштаҳои ранггирифта хушк мешуданд. Занҳои маҳалла дар кори ҳунармандӣ аз он риштаҳои рангкардаи бибиам истифода мебурданд, - мегӯяд бонуи ҳунар.
Пас аз анҷоми ин вохӯрӣ Мартаба Усмонова қаблан ба хотири гиромидошти ҳунарҳои мардумӣ ва либоси миллӣ корро аз матоъпораҳои дар буғчаҳо, ки як замоне ҷамъ оварда буд, ба кор сар кард. Он латтаҳои гуногунрангро секунҷашакл бурида, мисли туморчаҳо омода намуд ва ба ҳам пайваст. Аз даҳ метр матои яклухти омодашуда ба худ куртаи қаламрезгӣ (қуроқӣ) дӯхт. Чанде баъд ҳангоми ширкат варзидан дар маҷлису ҷамъомадҳои ноҳиявӣ бо куртаи атласи гиребондораш дили даҳҳо бонувонро тасхир намуд. Бонувон аз Мартаба Усмонова нишонии фурӯшандаи атласи шона – шона ва чевари куртадӯзро пурсон шуданд.
- Аз таъкидҳои пайдарпайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарвозаи бозори ҳунар, ки замоне баста буд, аз нав боз гардид. Боварии комил дорам, ки ҳар сухани Сарвари давлат дар мавриди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар қалби ҳар фард ҳисси миллиро дар нигаҳдошти ҳунарҳои ниёгон бедор намудааст. Бонувони маҳал бо шавқу рағбати беандоза ба ҳунармандӣ пардохтаанд. Онҳо саъй доранд, то ҳар чи бештар нозукиҳои ҳунар омӯзанд ва бо ҳамин роҳ буҷети хонаводаро ғанӣ гардонанд, - гуфт Мартабабону ва суханонашро идома бахшид.
- Санавбар солҳост чун чевари номӣ дар Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ном баровардааст, барои кушодани корхонаи хурди дӯзандагӣ ба наздам омад. Гуфт, ки ҳунараш харидор дорад, вале ҷойи сайқали ҳунару ҷалби мизоҷонро надорад. Бо маслиҳати бахши кор бо занон ва оила, шуъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳия биноеро тармиму таъмир намуда, ба истифода додем. Алҳол Санавбар, агар ба пуррагӣ набошад ҳам, бо 3 – 4 духтарони маҳаллӣ ниёзи корафтодагонро бароварда истодааст. Куртаи арӯсонро медӯзанд, ҷомаю нимостин барои занону кӯдакон ва мардони маҳал омода месозанд. Дар оянда нақша дорад, ки бонувони ҳунарманди маҳалларо ба кори доимӣ ҷалб намуда, ба духтарони ҷавон ҳунари куртадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзию зардӯзиро омӯзонад.
Пешаи асосии Мартаба Усмонова табибист. Соли 1987 омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанберо хатм намуда, муддате дар зодгоҳаш чун духтури минтақавӣ ба фаъолият пардохт. Соли 1999 ба қисми ҳарбии «Н» ба кор даъват шуд ва 8 сол мудирии дорухонаро ба уҳда дошт.
Солҳои 2003 - 2012 дар Фонди Шветсария оид ба масъалаҳои мина ба бозомӯзӣ пардохт. Ба ҳайси табиб - ҳимоячӣ онро хатм намуда, дар ноҳияҳои Сангвор, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Рӯшон, Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, Фархор, Панҷ, Ҷайҳун ва Қубодиён ба хизматчиёне, ки аз мина заминҳоро тоза мекарданд, мебоист ёрии аввалини таъҷилию тиббӣ мерасонд. Хушбахтона, дар давраи фаъолияти ӯ ягон маротиба ҳодисаи нохуше рух надод.
Алҳол Мартаба Усмонова ба мардуми маҳаллаашон машварати тиббӣ мерасонад. Вале аслан ӯ пурра ба ҳунармандӣ шуғл меварзад ва бонувонро ба ин пеша тарғиб менамояд.
Роҳбарии бахши Шурои занони Ҷамоати деҳоти Зайнабобод ба уҳдаи ӯст. Сари ҳар вақт бо бонувони 14 рустои ҷамоат вохӯриҳо мегузаронад, дар баҳсҳои оилавӣ ширкат варзида, бо василаи маслиҳату машварат хонаводаҳоро ба ҳам меорад. Ободии ҷомеаро дар ободию тифоқии оилаҳо медонад.
- Вақте дар бораи рушди маҳал сухан мегӯем, мебоист ба солимии хонаводаи маҳалҳо аҳамият диҳем. Зеро оромию ободии маҳал ва соҳибмаърифатии аҳолии он аз сарҷамъии оилаҳо сарчашма мегирад. Оилаҳои намунавӣ зеби маҳаллаанд. Аъзои хонаводаҳои намунавӣ нахуст шуда ба корҳои ободонии маҳал мепайванданд. Бахусус, ҷавонон аз онҳо ибрат гирифта, аз хонаҳо ба нияти ободкории маҳалу кӯчаҳо мебароянд. Яке каланд дар даст алафҳои кӯчаҳоро тоза мекунад, дигаре ниҳолу гулу бутта мешинонад.
Фарҳанги ободонии маҳал аз қадим хоси миллати тоҷик буд ва пос доштани он рисолати ҳар яки мост. Ба мисоли он ки субҳи содиқ аввалин коре, ки бонуи тоҷик анҷом медод, ин об пошидану тоза кардани назди дарвоза буд. Дар ҷараёни вохӯриҳо бо бонувон дар мавриди ободкорию тоза нигоҳ доштани маҳал, ҳатман аз ҳамин мисоли дар назар хеле одӣ суҳбатро оғоз менамоям. Ин анъана набояд аз байн равад. Хуллас, маҳаллаи Зайнабобод рӯз аз рӯз ба гулистон табдил меёбад, - мегӯяд бону Мартаба Усмонова.
Қ. НЕЪМАТУЛЛО,
ноҳияи Рӯдакӣ